Мақолаҳо,  Меҳрнома

1 мифе, ки Дилбар Самадова барҳам зад

Бо ин бонуи хушгилу хушдил, ки дар ҳеҷ лаҳзае ханда аз лабонаш канда нест ва дар доираи ҳамкасбонам чун омӯзгори мушфиқ ва ғамхори нотакрори журналистони оянда эътироф шудааст, барвақт ошноӣ дорам. Бешӯхӣ, ки як қарн мешавад…, шиносии инҷониб бо Дилбарбону Самадова ҳанӯз нимаи солҳои навадуми асри гузашта ба вуқуъ пайваста буд.

Он айём дар баъзе аз маҳфилҳои журналистон дучор мешудем ва ба самимияту эҳтироми «салому алейк» расида будем. Хеле суҳбаторо буд ва ҳамеша дар мавзӯъҳои доғи рӯз баҳсу мунозираро гарм медошт. Намедонам, аз чӣ бошад, ба назарам чунин менамуд, ки ӯ соҳиби кадом истеъдоди фавқулоддае аст. Аниқтараш, кадом нирӯи ниҳоние дорад, ки доимо одамонро ба сӯҳбаташ ҷазб мекунад. Ба ҳамин хислати ӯ ҳамеша ҳавас мекардам ва баъдтар ошкорам шуд, ки ӯ арзиши дигаронро хуб мешиносад ва самимияти воқеан табиӣ нишон медиҳад. Муносибаташ доимо ҳақиқӣ, самимӣ, амиқу дилнишин аст. Аз ин ҷост, ки ин хислаташ ӯро маҳбуби ҳамагон кардааст.

Боре, аниқтараш баҳори соли 2000 банда бо эшон бо чанд тан аз ҳамкасбон сафаре доштем ба шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва сипас ба Ӯш. Дар ин ҷо маҳфили журналистони кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд ва дар суҳбати ҳампешагон масъалаҳои рушди минбаъдаи журналистика, татбиқи дастовардҳои нави фаннӣ дар соҳа, ҳамкориҳои ҷомеаи журналистии ин кишварҳо ва ғайра мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтанд.

Ростӣ, дар он айём, ки ҳанӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба тозагӣ аз ихтилофҳои дохилӣ раҳо гашта, роҳро барои ояндаи нек ҳамвор мекард, ҳамоно эҳсос мешуд, ки бар асари ин кашмакашҳо мо дар баъзе аз масъалаҳо дар қиёс бо дигар ҳамсоягон хеле ақиб мондаем.

Ҳангоми хӯроки шом, баъди суҳбати тӯлонии ману Дилбарбону бо як ҷавоки қазоқ, ки Ерлан Қарин ном дошт, ин андешаҳо тасдиқи бештар ёфтанд. Ерлан, ҷавони қоматбаланде буд ва  ҳамагй 24 сол дошт. Олими сиёсатшинос ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ буд. Мо дар шигифт будем, ки чӣ гуна ба ин ҷавон дар ватанаш Қазоқистон сарварии яке аз ниҳодҳои муътабар ва ҳам хеле ҷиддӣ — Институти таҳқиқоти сиёсиро вогузор кардаанд. Аммо ҳар қадаре, ки сӯҳбати мо бо ӯ доман мегирифт, ба донишмандӣ, кордонӣ ва суханварии Ерлан қоил мешудем. Ӯ бешак, коршиноси мумтозе буд ва суҳбаташ асар дошт…

-Қазоқҳо чӣ миллати хушбахтанд, ки ба мисли Ерлан фарзандон доранд. Бешак, ҳар миллате бо чунин ҷавонҳои доно ва донишмандаш ояндаи нек хоҳад дошт, — ин буд бардошти Дилбарбону аз суҳбат бо Ерлан, ки банда низ ин гуфтаҳоро тасдиқ кардам.

Хабар доштам, ки Дилбарбону ба кӯшише дар таҳқиқоти илмии соҳаи журналистика даст зада буд, вале аз ҷараёни минбаъдаи кори эшон огаҳ набудам. Пурсон шудам. Дилбарбону бо таассуф гуфт, ки ранҷи зиндагӣ намегузорад, кори илмиро идома диҳад …

Суҳбати мо сари ҳамин мавзӯъ идома гирифт. Дар факултаи филологияи донишгоҳи Хуҷанд шуъбаи журналистика чанд сол инҷониб амал мекард ва ниёз ба устодони олими соҳа дошт. Дилбарбону гуфт, ки бо ҷону дил мехоҳад, ки дар тарбияи журналистони ҷавон ҷиддитар машғул бошад, аммо илоҷе нест ва бо пули муаллимӣ зиндагиро ба сомон даровардан мушкил аст…

Ӯ намояндаи насли ҷавонони замони ҷанги шаҳрвандӣ буд ва дар чашмонаш ашки ҳасрату надомати ин насли бар асари кашмакашҳои беҳудаи дохилӣ орзугумкарда ҳалқа мезад…

Вале таъкиди қотеонаи Дилбарбонуро дар ҳамон суҳбат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам: Худо хоҳад, насиб бошад, рӯзе мерасад, ки ман бо кори илмиам ҷиддӣ машғул мешавам!…

Бо гузашти айём Дилбарбону собит кард, ки ба қавли хеш устувор аст. Соли 2015 эшон бо муваффақият рисолаи номзадиро дифоъ кард ва дар кишвар олимони риштаи журналистика боз як нафар зиёд гардид. Ин ҳодиса воқеан рамзист. Ҷасорати ҳимояи рисолаи номзадии Дилбарбону барои дигар ҳамкорон дар шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бахусус ҷавонон намунаи ибрат гардид. Паёпай чанд шогирд ва ҳамкорони Дилбарбону ба таҳқиқоти илмӣ даст зада, ҳамзамон рисолаи илмии хешро дифоъ карданд. Ахиран захираи кадрҳои илмии шуъба ҳам аз лиҳози миқдор ва ҳам аз лиҳози сифат ба куллӣ тағйир ёфт. Дар ин чанд соли охир як теъдод мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ ва китобҳое ба нашр расиданд, ки ба паҳлуҳои мухталифи соҳаи журналистика бахшида шудаанд.

Воқеан, ин ҳама таҳаввулот замоне рух дод, ки Дилбарбону мудирияти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаро ба уҳда дорад. Маҳз дар ҳамин давра Дилбарбону як мифи ҷиддиро, ки миёни аҳли илм ва журналистони вилояти Суғд роиҷ буд, шикаст. Замоне чун сухан аз ҳамин шӯъба мерафт, бисёриҳо ба ин ақида буданд, ки дар ин ҷо потенсиали илмии сирф соҳаи журналистика вуҷуд надорад ва ҳамзамон дастпарварони он ба истиснои як ё ду нафар ба ҳеҷ кор намеоянд.

Вале Дилбарбону Самадова собит кард, ки ин миф поя надорад ва бо заҳмату талошҳои паёпай, дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ҳамкорону ҳампешагонаш ин мифро барҳам зад. Ҳоло дар мавриди пешбурди корҳои илмии соҳаи журналистика ва тарбияи кадрҳои муваффаки журналистӣ номи ин шӯъбаро дар радифи машҳуртарин марказҳои илмии кишвар ба забон мегиранд.

Ман дар ин замина суханро ба дарозо намекашам ва фақат мехоҳам ин ҷо чанд байти Анвариро корида бошам, ки ба мавзӯи мо дахл дорад:

Хоҳӣ, ки беҳин кори ҷаҳон кори ту бошад,

3-ин ҳар ду яке кор кун, аз ҳар чӣ кунӣ бас.

Ё фоида деҳ з-он чӣ бидонӣ дигареро,

Ё фоида гир он чӣ надонӣ зи дигар кас.

Бешак, Дилбар Самадова корнамоӣ кард, ки намунаи ибрат ва созандагӣ аст. Корнамоиаш ин аст, ки мифро шикаста шӯъбаро ба як маркази беҳтарини пажуҳиши илми журналистика ва тарбияи кадрҳои ҷавони журналистӣ мубаддал гардонд ва сафи пайравони худро зиёд кард.

Ман аз номи раёсати созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд дӯсти азизам, Дилбарбонуро бо ҷашни фархундаашон табрик мегӯям.

Ҳамзамон, тамоми кормандони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаро низ таҳният мегӯям, ки чунин сарвар доранд.

Ин ҷашн ба тамоми журналистон низ муборак бод, ки журналистикаи тоҷик чунин Дилбар дорад!

 

Илҳом Ҷамолиён, раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд

На платформе MonsterInsights