Мақолаҳо,  Эссе

Ба ёди устодонам, ки маро дарс омӯзондаанд

Рӯзҳо мегузаранду моро бузургу солдида мекунанд, баъзе аз ёддоштҳо зудуда мешаванд, арзишҳои зиндагиамон бар асари замон ва муҳит, ё вобаста ба манфиатҳоямон  тағйир меёбанд, аммо хотираҳои равшану сурурбахши айёми тилоии  ҳаёти мактабӣ,  устодони нек, донишманду хирадманд  ва адолатпарварамон (онҳое, ки моро дарс гуфтаанд, чунин буданд!)  ҳамеша  бо мо боқист…

Синфи аввалро дар мактаби “куҳна” хондам…

Вақте, ки соли 1967 бори аввал бо ҳамроҳии падари бузургворам ба мактаби миёнаи  рақами 1 шаҳраки  Ғончӣ ташриф овардам, маро як зани хеле ҳалиму меҳрубон истиқбол гирифту модарвор ба оғӯш кашид ва бо навозиш  дар сафи ҳамсинфони минбаъдаам ҷой дод. Дидам, ки ҳамсинфонам  низ мисли мананд  ва  ин духтаракону писаракони ҳамсолам  ҳамон рӯзи офтобии аввали поиз ҳамсони ман рӯҳияи идона  доштанд ва чашмонашон аз ғояти хурсандӣ медурахшид. 

То ҳанӯз  чеҳраҳои ҳамсинфонам, ки ҳамон айём бо  аксарияташон ҳоло шиносоӣ надоштам, пеши чашмонам ҷилва мезананд… ҳамон чеҳраҳои шукуфон, лабҳои пуртабассум… чашмҳои мисли олуча,  дурахшон, аммо баъзан ҳайратзадаву шигифтомез; ҳар сӯ медаванд ин чашмҳо ва охирин нуқтаи тамаркуз – симои муаллима… гӯё аз ӯ имдод мехоҳанд, ки дар ин муҳити ҳанӯз ноошно онҳоро танҳо нагузоранд; либосҳо  тозаву озода, баъзеҳо  дастагули зебо доштанд…; ҳа, ёдам омад, барои он, ки хори  гулҳо  озор надиҳанд, банди дастагулро бо қоғази газетаҳои кӯҳна печонида буданд …;  “кифи мактабӣ”… шояд ин ягона чизе буд,  ки миёни  мо фарқ мегузошт. Аксарияти ҳамсинфонам, ки бародар ё хоҳари аз худ бузургтари  мактабхон   доштанд, “кифҳо”-и эшонро ба мерос гирифта,  ба мактаб омада буданд. Бештари “кифи меросӣ” халтаҳои латагии дӯхти хонагӣ буданд, ки ҳамагӣ як кисаву як рангдон доштанд… Баъзеҳо, ки теъдодашон низ кам набуд, “кифи мактабии замонавӣ” гирифта буданд. Чун банда калонтарин фарзанди хонадон будам, волидайн бароям “ранетс” харидорӣ карданд ва тибқи одати ҳамон замон  баъди ду сол онро мебоист  ба  додари аз худ хурдиам, ки акнун мактабрав мешуд, мерос медодам…. “ранетс”-и ман тасмаи пуштовезӣ, инчунин чанд кисса дошт. “Халатаи мактабиам” бӯи баланди чарм дошт ва ин бӯй ҳанӯз ҳам аз димоғам нарафтааст… бӯйи  чарми “халатаам” ва ҳам  бӯйи чармҳои устохонаи амаки  усто Шарофи  мӯзадӯз, ки пешашон гоҳо маҳсии очаам ва ё кафшамро барои  тармим мебурдам, ҳамоно дар димоғам гардиш мехӯраду дилам дар кӯчаҳои  овони бачагиам  раҳгум мезанад…  

Қисса кӯтоҳ, дар он замони бачагӣ  ин  нахустин шиносоии ман бо муаллими аввалинам Фотима  Нодирова  ва ҳамсинфони ояндаам буд. Муносибати гарми  устоди аввалин  бешак, бароям таасуроти бузурге гузошта буду  муносибати маро ба мактаб ва ба дониш ба куллӣ муайян кард. То он рӯз, ҳар замон, ки аз мактабхонӣ  андеша мекардам, вуҷудамро дар баробари шавқу ҳаяҷон,  ҳарос низ фаро мегирифт. Ва ҳар гоҳ, ки аз дур бинои мактабро  назора мекардам, ҳаёти дохили он бароям ноошно ва асрорангез  менамуд. Ҳамон вақт ба назарам чунин мерасид, ки  дохили бинои мактаб нопайдоканор  аст ва агар вориди он шавам, ҳатман гум хоҳам шуд….  Аз ин андешаҳои ғалат ва ҳавлнок дилам меларзид. Вале  аввалин  бархӯрди устоди нахустинам, табассуми гарму ширин ва навозишҳои Фотима Нодировна тамоми тарсу ҳарос ва андешаҳои қаблиамро, ки маро саргум зада буданд, дар як он ботил ва парешон карданд…

Зангӯла садо дод, садое буд марғуладор. Ин аввалин занги мактабӣ дар ҳаёти ман буд. Ман ва ҳамсинфонам  вориди синфхонаҳои худ шудем, бори аввал… ва нахустин бор пушти партаҳои сиёҳранги  кӯҳна нишастем…  дару девори  мактаб, тирезаҳои он, фаршу сақфи мактаб, умуман  бинои мактаб, ҳарчанд тармим шуда бошад ҳам, кӯҳна буд. Вале  муҳити мактаб, ки  сохтмони ин боргоҳи илму маърифат бо номи раиси қаблии колхоз  Ӯлмас Ҳусейнов иртиботи қавӣ дорад, дар нахустин рӯзи таҳсил хеле гарму гуворо буд ва маро мафтун карда буд. Ба назарам чунин мерасид, ки ман  вориди қасри бузурге шудаам, ки номаш Кохи дониш аст. Бо садои занги аввал роҳи ман ба дониш, илм ва маърифат  аз тариқи ҳамин мактаб оғоз шуд…

Идомаи таҳсил дар мактаби “нав”

Роҳбарияти ноҳия дар ифтитоҳи мактаб
Роҳбарияти ноҳия дар ифтитоҳи мактаб

Соли 1968 дар зодгоҳам мактаби нави замонавии сеошёна сохта шуд ва дарҳои худро барои мактаббачагон боз кард. Бароям насиб гардид, ки ман низ минбаъд таълимро дар ҳамин мактаб, “мактаби нав”, мактаби 16 идома диҳам.

Ҳамеша дар ин андешаам, ки беҳтарин муаллимон ва беҳтарин сарварони мактаб  дар мактаби мо буданд,  дар “мактаби нав”,  дар мактаби 16.  Ростӣ, борҳо худро мехостам, бовар бахшам, ки шояд ин андеша бепоя ва иштибоҳ бошад, не, натавонистам. Ҳанӯз ҳам ба ин боварам, ки беҳтарин муаллимон дар мактаби мо буданд…

Тайи солҳое, ки ман дар ин ҷо таҳсил кардам, ду нафар  сарварии ин таълимгоҳро ба зимма доштанд. Аввал – муаллим Муҳиддин Баротов ва баъд аз он кас, муаллимаи азизу гиромии мо, Раъно Шомуродова.

Муҳиддин Баротов
Муҳиддин Баротов

Бо Муҳиддин Баротов (ёдашон гиромӣ бод!) робитаи хешу таборӣ доштем. Ҳамеша вақте ки ба хонаашон мерафтам, ҳам ҳамсарашон  — холакалони азизам Мағфират  Солиева (равонашон шод бод!), ки муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буданд ва  ҳам устод Муҳиддин Баротов пушти мизи корӣ ё мутолиа мекарданд, ё бо тафтиши дафтарҳои шогирдон машғул буданд. Ҷузъиёти муҳимтарини хотироти ман аз  он айём ин аст, ки дар ин хонадон китобро дӯст медоштанд. Боигарии ин хонадон китоб буд!  Дар он айём, касеро,  ки бештар китоб дошт, одами бой мегуфтанд..

 Муҳиддин Баротов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  буданд ва сари синашонро  ордену медалҳои зиёд оро медод. Ҳарчанд хеле хоксор бошанд ҳам, салобат доштанд. Бинобар ин дар кӯдакӣ аз суҳбаташон  мегурехтам. Андаке аз салобаташон метарсидам. Вале,  орзу доштам, боре аз эшон пурсон шавам, ки оё дар бораи бобоям  Ҷамолбой Ҳасанов, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар майдони ҳарб ҳалок шудаанд, чӣ медонанд. Бо гузашти солҳо  устод дар бораи бобои падариам, ки дар ҷанг шаҳид шудаанд, хеле маълумотҳои аҷиб ва нодирро пешкаш карданд. Ин мавзӯъ боис шуд, ман ба суҳбати ин шахси фозил бештар унс гирам. Баъдан  доираи суҳбатҳои мо хеле тавсеа ёфтанд ва  ман кӯшиш мекардам, ки  ҳарчӣ бештар ба сӯҳбати эшон ноил шавам… 

Муҳиддин Баротов аввалин директори мактаби 16 буданд. Ҳанӯз ҳам аз ёдам нарафтааст. Эшон куртаи сафед ва кителу шими галифеи кабудранг дар бар доштанд ва дар пояшон мӯзаи “хроми” афсарӣ ҷило медод. Муйҳои сарро ба боло шона зада буданд. Абрӯвони ғафси сиёҳ доштанд, нигоҳашон тез ва қиёфаашон дар мактаб ҳамеша ҷиддӣ буд. Тайи се соли аввал директори мактаб буданд ва раванди таълиму тарбияро дар ин боргоҳи нави илму маърифат хеле шоиста ташкил карданд. Аслан, устод тамоми умри хешро ба таълиму тарбияи насли ҷавон сарф карданд. Махсусан мулоқоту вохӯриҳояш бо ҷавонон хеле ҷолиб ва пуртаъсир мегузашт. Ҳамеша дар чунин маҳфилҳо дар баробари ёдовар шудан аз лаҳзаҳои мухталифи ҳаёти  хеш, ҳамчунин аз корномаю заҳматҳои  бепоён ва руҳи шикастнопазири  аҷдодонамон ба хотири ҳифзи ҳуввияти миллӣ пайваста нақлҳои рангин мекарданд ва насиҳатгари хурду калон буданд.  Ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия карда, даъват менамуданд, ки  ба қадри обу гили Ватан ва оромию осоиштагии он бирасанд ва ҳамеша бар он кӯшанд, то номбардори Ватан бошанд.

            Муҳиддин  Баротов ҳамагӣ 4 моҳ қабл аз таҷлили ҷашни нимасраи мактаби дӯстдоштаи худ дунёи фониро тарк гуфтанд.  Умр вафо накард… Хурду калони диёр марги эшонро мусибати бузурги  хеш донистанд. Зиндагиномаи устод, воқеан ҳам, беҳтарин намоди рафтори шоиста аст.  Эшонро шарафи мардуми ноҳия меҳисобиданд ва аз ин рӯ дар рӯзи дафнашон  бо дили пурхун ва чашмони пурармон, бо ашки резон ва  бо ҳазор афсӯс дар сари қабр мегуфтанд: “ҳоло виҷдони Ғончиро ба хок месупорем…” 

            Соли 1971 Раъно Шомуродоваро (равонашон шод бод!) директори мактаб таъин намуданд, ки он айём  ҳамагӣ 25 сол доштанд.  Сарварӣ дар мактабе, ки дар он давр устодони бузург ва чеҳраҳои мондагори соҳаи маорифи ноҳияи Ғончӣ ба мисли Атоулло Убайдуллоев, Холйигит Ишметов, Обид Байзоев, Юсуфҷон Нормуҳаммадов, Исмоил Муҳаммадиев, Пӯлодхон Маҳмудов, Забӣ Умаров ва дигарон дар ин боргоҳи таълиму тарбия дарс мегуфтанд, чандон кори осон набуд. Аммо Раъно Шомуродова тавонистанд, ки дар зудтарин фурсат дар ноҳия яке аз беҳтарин сарварони мактаб эътироф шаванд. Ҳамдиёрон дар суҳбату маҳфилҳо агар сухан аз боби сарвари ҷавони мактаби №16 равад, барои худ суол мекарданду ҳамзамон бо ифтихор посухашро низ ба забон меоварданд:  “Духтари кӣ?…  – Духтари Шомуроди Расул, қандаша занад, асло кам нашавад…”.  Падари Раъно — Шомурод Расулов, аз чеҳраҳои бонуфуз ва шинохтаи замони худ буданд  ва муддате ноҳияро низ роҳбарӣ кардаанд.

Дар зиндагии минбаъдаи хеш Раъно Шомуродова дар вазифаҳои баланд ва масъули ниҳодҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият кардаанд.  Эшон  бо рафтор ва гуфтори хеш борҳо собит менамоянд, ки дарси сарварӣ ва одамгарии падар барояшон беҳтарин сабақи зиндагӣ буд.  Дар таърихи шаҳраки Ғончӣ “оқсақолҳои” номӣ зиёд буданд. Аммо ба мисли Раъно Шомуродова, ки мардумсолорӣ, халқпарварӣ ва хизматгори мардум будан, беҳтарин шиор ва амали зиндагиашон буд,  ангуштшуморанд…

            Боз ҳам, такрор шавад мегӯям: беҳтарин муаллимон  дар мактаби мо буданд.  Аммо дар байни онҳо ҷойгоҳи он устодоне, ки ҳудудан солҳои 1930-1935 таваллуд шудаанд, хеле хоса аст. Ин наслро насли кӯдакони замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мегуфтанд, ки  дар кӯраи зиндагӣ обу тоби зиёд  дидаанд.  Дар мактаби мо устодони гиромиқадр Неъматулло Саъдуллоев, Каримҷон Муҳаммадалиев, Исмоил Муҳаммадиев, Иброҳим Юсуфов, Пӯлодхон Маҳмудов, Забӣ Умаров, Обломурод Турсунов, Исмоил  Зокиров, Норбой Шокиров, Ҳамза Розиқов, Ӯрунбой Гадоев, Хайрулло Ҷабборов (ёди ҳамаи ин азизон, гиромӣ бод!) намояндаи ҳамин насл буданд, ки онҳоро аслан бояд насли худсохтагон ном бурд. Зеро онҳо баъди хатми Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз аввалинҳо шуда, ба мактабҳои олӣ дохил шуданд ва соҳибмаълумот гардиданд. Минбаъд ин насл ҳудуди қариб ним аср дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия нақши муассир дошт. 

Маҳмудов Пӯлодхон
Маҳмудов Пӯлодхон

Яке аз чеҳраҳои намоёни ин насл Пӯлодхон Маҳмудов (ёдашон гиромӣ бод!) ба ҳисоб мераванд. Шахсан эшон дар тақдири банда нақши ҳалкунанда бозидаанд ва ман ҳамеша худро аз шогирдони устод меҳисобам. Маҳз устод меҳру муҳаббати  адабиёт ва забони модариамон – тоҷикиро дар қалби ҷо кардаанд. Бесабаб нест, ки устод дар ҷодаи касбӣ ба беҳтарин муваффақиятҳо, аз ҷумла ба унвони баланди Муаллими Хизматнишондодаи Тоҷикистон  ноил шудаанд.

Завқи баланд, дониши амиқ, биниши борик, мавқеи устувор, сухани бурро,  садои  омирона, муҳаббати самимӣ, садоқати бепоён, дӯст ва рафиқи беминнат, устоди серталаб — ин ҳама беҳтарин сифатҳои инсониро устод доштанд. Аслан дар як вақт доштани ин ҳама хислат ба ҳар кас ноил намешавад, вале устод ин ҳама сифатро бечуну чаро доштанд. Ин хислатҳои некашон буд, ки устодро соҳибному соҳибэҳтиром ва соҳибмактаб кардаанд. Ҳарчанд баъзан сояашонро аз девор метарошиданд,  аммо Пӯлодхон Маҳмудовро дӯст надоштаву эҳтиром накарда ҳам наметавонистанд.  Суханашон асар дошт… муҳаббаташон асар дошт… садоқаташон асар дошт…  дониши эшон боз ҳам бештар асар дошт…

Умаров Забӣ
Умаров Забӣ

Шояд дар базлагӯӣ дар ноҳия нафареро ба мисли муаллими фани таърих, устоди гиромиамон Забӣ Умаров (равонашон шод бод!) пайдо кардан душвор бошад. Дар бораи устод қиссаҳои  зиёд мавҷуданд, ки то ҳанӯз вирди забонҳост. То ҳол дар маҳфилҳо онҳое, ки устодро мешиносанд, аз латифаҳои намакин ва қиссаҳои дилангези ин омӯзгори базлагӯю ширинкор ёдовар мешаванд.

Устод, воқеан ҳам, хушсухан буданд ва ҳунари баланди суханварӣ доштанд. Нутқашон ҷаззоб буд. Боре моро дар дарси таърих дар бораи шӯриши Спартак нақл мекарданд. Ончунон боҳарорат ва бо эҳсосоти баланд сухан мегуфтанд, ки ман тамоми қиссаи шӯриши Спартакро ҳамчу кино пеши назарам тасаввур кардам. Гӯё амаки Ёқуби киночӣ (равонашон шод бод!) дар девори молхонаи колхоз ин филмро намоиш медода бошанд: ана Спартак ва ҳамроҳонаш, ана душманони онҳо, ана майдони ҳарбу зарб, шамшерзании гладиаторҳо ва ногаҳон дар айни авҷи ҷангҳо аз куҷое, садо баланд мешавад – “хез рафта, гова ҷойгардон карда биё”… Боз ҳам аз куҷое дар байни гладиаторҳои хунолуд, як гови калони зарди зоти шведӣ бо арғамчинаш  пайдо шуд… 

            Танҳо садои ҳамсинфам Шавкат, писари муаллим Забӣ Умаров, маро ба худ овард. Ӯ бо ман ҳампарта буд ва дар тарафи чапам наздикии тиреза менишаст.  Аз ман хоҳиш кард, ки ӯро роҳ диҳам, то ба манзили хеш рафта, гови ҳавлиро ҷойгардон карда биёяд.  Баъди ин гуфтаҳо ба худ омадам: гови арғамчиндор дар кино персонаже будааст, ки ба асари сеҳри суханони Устод зоҳир гашта…  Равонашон шод бод, ки гуфтаҳои устод Забӣ Умаров то ҳанӯз зинда!

Муҳидулло Нуруллоев
Муҳидулло Нуруллоев

Аммо дар миёни устодоне, ки моро дарс гуфтаанд, ҷойгоҳи муаллими забони англисиамон Муҳидулло Нуруллоев алоҳида аст. Солҳое, ки мо таҳсил мекардем, ҳама ба устод таваҷҷуҳи хоса доштанд. Дар баробари он, ки эшон моро забони хориҷӣ меомӯзонданд, ҳамчунин авлавиятҳои зиёде доштанд, ки низ омӯзанда буданд. Барои касе пӯшида нест, ки мо ҳама дарсҳоеро ба мисоли интихоб ва пӯшидани либос, одоби муошират,  тарзи суханронӣ, худидоракунӣ ва дипломатия маҳз аз устод ёд гирифтаем, ҳарчанд ин фанҳоро дар мактаби миёна намеомӯзонанд. Амалияи зиндагии устод барои мо сабақ буд. Устод тамоми оини ҷавонмардиро дар худ доштанд ва ҳамеша намунаи ибрат барои ҳамагон буданд. Муҳидулло Нуруллоев дарозумртарин сарвари мактаб ҳастанд, ки ин муассисаи таълимиро дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон беш аз 19 сол роҳбарӣ карданд. Маҳз дар ҳамин давра, шогирдони мактаб ба муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд… Аммо як чиз мусаллам аст, боре ҳам надидаем, ки дар  либос ё пойафзоли устод гарди роҳ шишта бошад. Чашми бад дур бод, гарди зиндагӣ ба қаду қомат ва чеҳраи устод низ ҳеҷ асаре нагузоштааст. Ҳамоне ҳастанд, ки қаблан мешинохтем. Ҳарчанд синни мубораки устод аз 70 убур карда бошад ҳам,  дар вуҷудашон кас ҳеҷ осори пириро намебинад. Ҳамеша бар ин андеша будам, ки чӣ тавр метавон чунин зиндадилу ҷавон монд?  Ба фикрам, ҳар касе, ки сарсупурдаи касби хеш ва халқаш бошад, чунин ҷавон хоҳад монд. Ҳарчанд, муаллимиро наметавон касб номид. Муаллимӣ – намод, аниқтараш ин як тарзи махсуси зиндагист, пурмаъно, ки дарки он на ба ҳама муяссар мешавад…

            Бешак, дар тӯли солҳои мактабӣ мо аз устодони зиёд сабақ гирифтаем, ки ин дарсҳои зиндагӣ моро дар тамоми ҳолатҳо дастгиру раҳнамоӣ мекарданд. Дарсҳои устодони гиромиқадрамон ба мисли Маргарита Сергеевна Лаптева, Хайрулло Ҷабборов, Байзо Обидов, Норбой Шокиров, Юсуф Усмонов (равони ин устодони гиромӣ, шод бод!), Абдураҳмон Иброҳимов, Шарифа Ёқубова, Лариса Ивановна Лопатина-Сафарова ва дигарон ҳамагӣ шавқовару хотирмон буданд.

            Албатта, дар ин рӯз месазад, ҳар кадоме аз устодонро, ки моро дарс гуфтаанд, ёдоварӣ кунем. Вале, ҳайфо, ки чунин имкон надорем. Танҳо ин нуктаро хоса зикр карданиам, ки дар ҳама давру замон омӯзгорро машъалафрӯзи ҷомеа меноманд ва ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараферо ба уҳда дорад. Муҳимтарин рисолати омӯзгор – таълиму тарбияи насли наврас аст. Имрӯз пеши ҳамаи онҳое, ки моро таълим дода, тарбия кардаанд, сари таъзим фуруд меорем ва ёдашонро гиромӣ медорем!

 

Илҳом Ҷамолиён