Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YOUTUBE аз рӯи миқдори муштариён, ки бори нахуст тартиб дода мешавад, моро водор кард, ки дар мавриди рушди ҳавзаи суғдии муҳити тоҷикии YouTube бо такя ба ин таҳқиқот баъзе хулосаҳои худро барорем.
Ҷустуҷӯ ва дарёфти шабакаҳо ва муайян кардани пурбинандатарини онҳо дар муҳити тоҷикии YouTube ҳарчанд кори содда намояд ҳам, чандон саҳлу осон нест. Иллати аввал ин, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз хадамоти махсуси офлайнӣ ё онлайнӣ, ки омори ингуна шабакаҳоро ҷамъоварӣ карда, рейтинги онҳоро муайян созад, амал намекунад. Аммо ҳамзамон сервисҳои хориҷие ба мисли Socialblade , ки чунин корҳоро арзёбӣ мекунанд, низ маълумоти ноқис ва нокифоя медиҳанд ва ба ин кор муаллифон ва ё моликони шабакаҳо айбдоранд. Зеро ҳангоми бақайдгирӣ онҳо огоҳона ё ноогоҳона маълумотро дар бораи кишвар ва мавзуъи шабака нодуруст дарҷ кардаанд, ё умуман ингуна иттилоот сабт нашудааст. Бинобар ин ин мо ҳамон сомонаҳаро баррасӣ кардем, ки муаллифон ва моликони онҳо амалан дар қаламрави вилояти Суғд кору зиндагӣ мекунанд.
Нахуст бояд зикр кард, ки тамошобини тоҷик ҳамакнун дигар аз якнавоии шабакаҳои телевизионии кишвар гурехта, каму беш бо YouTube унс гирифтааст ва бо вуыуди гаронии нархи дастрасӣ ба Интернет хостаҳои худро дар ин ҷо амалӣ менамояд. Сониян, дар ин даҳгона 4 шабакаи мусиқӣ , 3 шабакаи мазҳакавӣ, 2 шабакаи вебблогнависон ва 1 шабакаи иттилотӣ ворид шуданд. Айни замон метавон гуфт, ки дар ҳавазаи суғдии муҳити тоҷикии YouTube айни замон шбакаҳое, клипу консер ва ҳаҷвияю скетчшоу пешкаш мекунанд, афзалият дорад.
Аммо дар баробари ин дар радаи аввал ҷой гирифтани шабакаи Dfilm tj, ки ба видеоблогнависи тоҷик Диловар Сафаров тааллуқ дорад, инчуни дар ин даҳгона ҷойгир шудани шабакаи AHRORI Channel, ки муаллифи он Маҳмудхон Аҳрорӣ аст, аз он далолат медиҳад, ки ҳамакнун миёни муштариён шабакаҳо дар формат ва жанрҳои talk vlog, мусоҳибаҳои ютубӣ, таҷрибаҳои иҷтимоӣ, вебсилсилафилмҳои кӯтоҳ низ маъруфият пайдо мекунанд. Ахиран дар ҳавзаи суғдии муҳити тоҷикии YouTube чанд шабакаи нав таъсис шуданд, ки шумораи қобили таваҷҷуҳи муштариёнро ба худ ҷалб кардаанд. Гулмехи фаъолияти шабакаҳои “Нигоҳи нав” (дар ин бора мо қаблан навишта будем), “Dilnaz Karim” (шабакаи овозхони маъруф Дилноза Каримова), “UFO” (марбут ба ҳаҷвнигор Далер Комилов ва аксбардор Ҷӯрабой Шавкатович) маҳз мусоҳиба ва шабакаи “Панднома”-ро бошад (муаллиф Одинамуҳаммад Одинаев) talk vlog, ё суҳбати як нафар ташкил медиҳад.
Зеро видеоблогнависи тоҷик Диловар Сафаров дар таҷрибаи хеш як чизро собит кард: ҳарчанд шоу, пранк, мусоҳибаҳои пурмоҷаро, ё мазҳакаю танз ҳанӯз ҳам аз маъруфтарин жанрҳои видеои ютубӣ ба ҳисоб раванд ҳам, вале бо истифода аз жанри talk vlog ва мусоҳиба низ метавон мухотабони зиёдро ба шабака ҷалб намуда, дар сархати беҳтаринҳо ҷой гирифт.