Далелсанҷӣ,  Мақолаҳо

ДАРСИ 1. Навори омӯзишии қадами далелсанҷӣ

Абзори https://pr-cy.ru/ — барои таҳлили сомона пешбинӣ шудааст. Ин плптформа имкон медиҳад, ки шумо, рейтинг ва мониторинги сомонаи худ ё сомонаи рақиби худатонро муйян намуда, фаҳмед ки он дар чӣ ҳолат қарор дорад, чӣ қадар одамон ба он ворид мешавад, сомона чӣ хатоҳо дорад, хонанда ё бинандагони шумо аз куҷо ворид мешавад? Инчунин бо таҳлил намудани сомона шумо маълумотҳои дигари ба худатон заруриро пайдо карда метавонед.

Мавод: сомона
Вазифа: таҳлили сомона
Абзор: https://pr-cy.ru/

 

Қадами 1
Абзори «a.pr-cy.ru»- ро боз мекунем.

Қадами 2
Сомонае, ки мехоҳед онро санҷед боз мекунед. Барои мисол сомонаи https://alif.shop/ .

Қадами 3 ва 4
Пайванд (ссылка)-и заруриро нусхабардорӣ (копировать) мекунем ва онро дар ҷои муқарраршуда мегузорем. Сипас, тугмаи «проверить»-ро пахш менамоем.

Қадами 5
Бо истифода аз сархатҳои дар паҳлӯи чап буда ё бо поён намудани тугмаи давраи мушакатон маълумотҳои зарурии сомонаро мутоила менамоем ва қадамҳои зауриро ба инобат гирфта ҳолати сомонаи худдро беҳтар месозем.

Дар зер бо навори дарси мо шинос шуда метавонед, ки қадмҳои боло дар он нишон дода шудааст:

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Имкон» ва гурӯҳи эҷодии mediasavod.tj, инчунин ilhomjamalian.com барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

#mediasavodtj #rasonashinosi #comictj #internewstj #rasonasozon #USAID #MediaCAMP #MediaTJ   #Internews #саводирасонаӣ #тафаккуриинтиқодӣ #фактчекинг #далелсанҷӣ #медиаграмотность   #цифроваяграмотность

На платформе MonsterInsights