Анвар Қосимов
Мақолаҳо

Фарёди дилҳо ё муроҷиат ба дӯсте, ки имрӯз бохтем.

Сад оҳу дареғ ровии ин маҳфили мо рафт,
Ногуфта ҳазорон сухани меҳру вафо рафт...
Шумо рафтед, ҷое рафтед, ки бозгашт надорад… Рафтед… моро ҷигархун кардеду рафтед…
Ҳоло забон лол аст, ҳарфе намеёбем, ки ба ҷигарбандони азизатон гӯем, то андаке бошад ҳам, дардашонро сабуктар кунад. Аммо куҷост он ҳарфе, оё дар замин чунин суханон вуҷуд дошта бошанд… Ёди падари бузургворашон гиромӣ ва ҷовидон бод!
 
Имрӯз ҳамаи онҳое, ки шуморо мешиносанд, азо гирифтанд. Дилашон реш асту пора — пора. Ин талафот ҳеҷ кадоми моро ором ва бетафовут намегузорад. Мо ҳеҷ гоҳ Шуморо фаромӯш нахоҳем кард ва қавл медиҳем, ки ҳамеша такягоҳи фарзандонатон ва наздикону пайвандонатон хоҳем буд.
 
Барои аз даст додани Шумо хеле афсӯс мехурем. Ин замон барои мо хеле сангину ғамангез аст. Аммо хотираҳои хуби мо аз шумо он чизҳое ҳастанд, ки таҳаммули ин талафоти бузургро бароямон андаке сабук мекунанд. Шумо умри на чандон тӯлонию дароз, вале хеле рангину дурахшон доштед, ки дар он соҳиби муваффақияту комёбиҳои зиёд ва ҳам обрую эътибори баланд гардидед.
 
Ҷойи пинҳон нест, шумо сахтгап будед. Ҳеҷ гоҳ он чизеро, ки касе интизор буду мехост, намегуфтед. Баракс, аз он чизе ҳарф мезадед, ки ба он бовар доштед ва онро ҳақиқат медонистед. Талх мегуфтед, вале ҳеҷ гоҳ аз ҳақ гуфтан рӯ наметофтед. … ҳамеша хайрхоҳ будед. Танҳо солҳои охир андаке “дипломат” шудед… баъзан моро рӯи хотир мекардед…
 
Мо бо Шумо, дӯсти азиз дар торикӣ роҳ рафтанро афзал медонистем. Шумо раҳнамо будед… Дар рӯшноӣ одам худаш ҳам роҳро меёбад…
 
Мо бо Шумо, дӯсти азиз, ҳамнону ҳамнамак будем. Солҳо… даҳсолаҳо… Ба нону намак розӣ бошед… аз мо розӣ бошед…
 
Акнун ҷойи Шумо холист, ҷойи дӯсти меҳрубону тавоною ҷасуру боистеъдоди мо холист… Аммо хотироти Шумо ҳамеша бо мо зинда аст…
 
То дидор дар Қиёмат… Алвидоъ, алвидоъ, алвидоъ…
 
Дӯстони Шумо.
 
Р.S. Қосимов Анвар Усмонович (30.01.1959 — 25.01.2022)
На платформе MonsterInsights