
«Иртиботгари мумтоз», «дасти рост», ё “сояи раис”?…
Ба хотираи аввалин котиби матбуотӣ дар вилояти Суғд, адиб ва журналисти маъруфи тоҷик , устод Дадоҷон Раҷабӣ.
Маркази матбуоти Комиҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) 27 апрели соли 1992 ташкил шудааст, ки аввалин ниҳоди робита бо ҷомеа дар ин вилоят ба шумор меравад. Дар қарори Раиси Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Ленинобод аз 27 апрели соли 1992, №71 «Дар бораи таъсис намудани вазифаи роҳбари маркази матбуоти кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилоят» аз ҷумла омадааст, ки бо мақсади беҳтар намудани корҳои ба маълумоти аҳолӣ расонидани тадбирҳои ба тараққиёти минбаъдаи хоҷагии халқ ва беҳтар гардонидани ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолии вилоят равонашуда, вазифаи роҳбари маркази матбуоти кумиҷроияи вилоят таъсис дода шавад. Он замон ин вазифа аз ҳисоби ихтисори як нафар муттахассиси пешбари идораи меҳнат ва шуғли аҳолии кумиҷроияи вилоят ташкил гардида[1], ба ин мақом нависанда ва журналисти номии тоҷик Дадоҷон Раҷабӣ таъин шуда буд. Дадоҷон Раҷабӣ аз аввалинҳо буд, ки мебоист дар миёни ҳукумати маҳаллӣ ва ВАО пули ҳамкориҳои самарабхшро эҷод намояд.
Котиби матбуотӣ, ки ҳамчун пеша ҳоло хеле маъруфият пайдо кардааст, дар мақомоти ҳокимияти давлатии Иттиҳоди шӯравии собиқ дар ғуруби ин кишвари паҳновар аввал дар мақомоти марказӣ ва сониян дар мақомоти маҳаллии идории ҳизбӣ зуҳур кард. Ба ин вазифа қабл аз ҳама рузноманигорон даъват мешуданд, ки ин раванд дар Тоҷикистон ва аз ҷумла дар вилояти Суғд низ ба мушоҳида расидааст. Дар оғоз ба мақомоти ҳукуматӣ ба кор омадани журналистон ва дар як саф ҷой гирифтани онҳо бо мансабдорон, пайдо шудани зоғи сафедро дар селаи зоғони ало ба ёд меовард, аммо ба тадриҷ ин тафриқа аз байн зудуда шуд.
Дар давоми зиёда аз 20 соли охир котиби матбуотӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз миёнрави оддии байни ҳокимият ва расонаҳои хабарӣ то мансабдори воломақом дар сохтори давлатӣ рушд кард. Акнун дар фаъолиятҳои робита бо ҷомеа роҳбари хадамоти матбуот, ё худ котиби матбуотӣ яке аз чеҳраҳои муассир ба ҳисоб меравад, ки таъмини равобити умум, бахусус иртиботи сиёсиро ба уҳда дорад. Ҳоло ин вазифа дар сохтори ҳокимият аз муҳимтаринҳо арзёбӣ шавад ҳам, ба назар чунин мерасад, ки рисолати миёнравии котиби матбуотӣ барои ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ба андешаи муаллиф, ки дар вазифаи котиби матбуотӣ таҷрибаи амалии фаъолият дорад, дар куҷое набошад, рисолати котиби матбуотӣ аз он иборат, ки ӯ як навъ вакили дифоъ аз манфиати ташкилот, муассиса ё мақомоти давлатӣ дар назди ВАО мебошад, ва ҳамзамон дар корхона ё ташкилот аз манфиатҳои ВАО дифоъ мекунад. Солҳои охир дар дастгоҳи ниҳодҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мансаби котиби матбуотӣ ё вазифаи масъули ҳамкорӣ бо ВАО ворид карда шудааст.
Одатан котиби матбуотии шахси аввал дар тобеияти хеш гуруҳи коршиносони чи дохилӣ ва чи ҷалбшударо фаро гирифта, матни суханрониҳоро омода ва робитаро бо расонаҳои хабарӣ таъмин менамояд. “Котиби матбуотӣ дар ин маврид сарварро дар тамоми сафарҳояш ҳамроҳӣ мекунад ва аз номи ӯ метавонад барои журналистон шарҳу тафсир намояд. Хадамоти котиби матбуотӣ дар чунин ҳолат воҳиди сохториест, ки танҳо ба шахси аввал тобеият дорад. Аммо гоҳо котиби матбуотӣ метавонад, роҳбарии тамоми хадамоти матбуотии мақомоти ҳокимияти давлатиро ба уҳда гирифта, фаъолияти онро дар тамоми самтҳо муайян кунад[2].”
Дар заминаи баррасии ин мавзӯъ олими амрикоӣ Маргарет Х. Селливан, ки ҳамзамон таҷрибаи бойи фаъолият дар хадамоти матбуотиро дорад, ба масъалаи озодӣ ва қаробати ҳамкориҳои котиби матбуотӣ ва шахси мансабдор дахолат карда, таъкид менамояд: “Ба хотири пурсамарии кор намоянда оид ба ҳамкорӣ бо ВАО, ё худ котиби матбуотӣ бо шахси мансабдор, касе набошад, хоҳ сарвазир, президент, вазир ё роҳбари идора бояд дар заминаи эҳтироми тарафайн муносибати наздик дошта бошад. Ин намояндаи расмӣ бояд бо мавқеи шахси мансабдор оид ба масъалаҳои мухталиф огоҳ ва ба ӯ дастрасии мустақим дошта бошад[3]”.
Таъкид мегардад, ки намояндаи расмӣ имкони ба шахси мансабдор расонидани иттилои таъхирнопазирро дар вақти ҷаласаҳо бидуни ҳузур ва ширкати котиби шахсӣ ё ёварон бояд дошта бошад. Чунин ваколати котиби матбуотӣ ба ҳукумат имкон медиҳад, нисбати масъалаҳое, ки ба ВАО иртибот дорад, вокуниши таъҷилӣ намоиш диҳад. Намоянда оид ба робита бо ВАО ҳамчунин дар тасмимгирӣ бояд ширкат варзад. Зеро онҳое, ки сиёсатро муайян мекунанд, бояд дарк намоянд, ки пешниҳодҳои онҳо ба муносибат бо ҷомеа чӣ навъ таъсир мерасонад
Аз ин лиҳоз ҳангоми пешбурди фаъолияти робита бо ҷомеа роҳбарияти мақомот (ташкилот, корхона) бояд ба чанд масъалаи калидӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд, ки бешак ба самаранокии фаъолияти хадамоти матбуот таъсири амиқ мерасонад:
- Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот (шӯъбаи робита бо ҷомеа ё PR) бояд ба роҳбарияти мақомот (ташкилот, корхона) иртиботи мустақим ва доир ба фаъолияти ҷории мақомот (ташкилот, корхона), ҷанбаҳои қавӣ ва заифи он маълумоти муфассалро дар ихтиёри хеш дошта бошад;
- Фаъолияти котиби матбуотӣ вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои корхона дар давраҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддат бояд тарҳрезӣ шавад;
- Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот (шӯъбаи PR) аз дигар бахшу шӯбаҳои мақомот (ташкилот, корхона) тамоми маълумотро, ки барои татбиқи вазифаҳои пешгузоштаи роҳбарият барояш заруранд, бояд таъҷилӣ дастрас карда тавонад;
- Иштироки котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот (шӯъбаи PR) дар кори тарҳрезии чорабиниҳои роҳбарияти мақомот (ташкилот, корхона), ки дар атрофи он ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мешавад, бояд таъмин гардад;
- Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот ба боварии комили роҳбари мақомот (ташкилот, корхона) бояд ноил гардад, устоди касби худ бошад ва дар миёни журналистон эътибор дошта бошад.
- Рукни берунаи фаъолият. Хадамоти матбуот ва сарвари он иттилооти хизматии дохилии коргоҳ ё мақомотро таҳлил карда, онҳоро баъди коркард барои истифодаи ВАО пешниҳод мекунанд. Дар ин маврид котиби матбуотӣ ба ҳайси «мутарҷим» фаъолият мебарад ва эҷоди фазои дӯстонаи муносибати роҳбари мақомот ва ВАО вазифаи асосии ӯст ва вазифадор аст, то бидуни ворид шудани ихтилоф ба ин равобит онро ҳифз намояд. Котиби матбуотӣ ба сифати спичрайтер ё матннигор матни суханронӣ ва баёнияҳои роҳбари мақомотро омода карда, дар ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотии роҳбари мақомот муваззиф аст.
- Рукни муҳофизатии фаъолият. Хадамоти матбуот ва кормандони он бояд аз иттилооти хизматӣ ва сирри давлатӣ ҳифз намоянд. Ба котиби матбуотӣ зарур аст, ки дар ин бобат муносибатро бо журналистон чунон ба роҳ монад, то дуюмиҳо ҳеҷ гоҳ эҳсоси пӯшидагии аз ҳад зиёди мақомотро барои ВАО эҳсос накунанд ва дар баробари нисбати иттилооти хизматӣ бояд сиёсати роздорӣ татбиқ гардад.
- Рукни дохилии фаъолият. Хадамоти матбуот бояд тамоми иттилоотро, ки дар ВАО роҷеъ ба фаъолияти мақомот ва роҳбарияти он ба нашр расидаанд, ҷамъоварӣ карда, онро ба риштаи таҳлил кашад ва барои чорабинӣ аз рӯи тартиби муайянкардаи ташкилот ё муассиса онро ба масъулин пешкаш намояд.
Ба сурати умум вақте сухан аз вазифаи котиби матбуотӣ меравад, набояд фаромуш кард, ки фарди даъвогар ба ин вазифа бояд дорои эҳсоси баланди масъулият ва сатҳи хуби касбӣ, инчунин қобилияти тасмигирии мустақилона дошта бошад. Таҷрибаи солҳои охир, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ водор мекунад, ки ба вазифаи котиби матбуотӣ бояд муттахассиси собиқадор ва касбӣ бо маълумоти олии самтҳои мухталифи соҳаи гуманитарӣ пешбарӣ шавад. Ҳарчанд ҷонибдорони даъво дар бораи он, ки ба ин вазифа танҳо журналистон бояд фаъолият намоянд, низ хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Вале ба андешаи муаллифи ин сатрҳо дар ин бобат нуқтаи назари котиби матбуотии Иттифоқи журналистони Федератсияи Русия, муаллифи китоби “Хадамоти матбуот ва ошкорбаёнӣ” Пётр Полонитский боиси дастгирист: “Агар одам рузноманигори хуб бошад, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки ӯ метавонад котиби матбуотии хуб шавад, зеро дар ин замина вай бояд маҳоратҳои иртибототии тавсеаёфта дошта бошад ва психологияи мухотабони ҳадафманди гуногунро дуруст дарк намояд”. Яъне имруз котиби матбуотӣ бояд иртиботгари мумтоз бошад, ки робитаи ташкилот ё муассиса ва роҳбари онро бо расонаҳои хабарӣ ва аҳолӣ устувор ва самарабахш ташкил намояд.
- Котиби матбуотӣ бояд ҳамеша паёми матбуотии (пресс-релиз) хуб омода кунад, вале ин маънои онро надорад, ки ба ҷойи рузноманигор бояд мақола нависад. Ҳар кадоме бояд кори худро анҷом диҳад.
- Котиби матбуотии муваффақ на рузноманигор аст ва на олим, вале дар як ҳошияе қарор дорад, ки аз таҳқиқот ва матбуот бояд комилан огоҳ бошад. Ӯ ба роҳбари хеш дастрасии мустақим, гоҳо ҳатто барои як дақиқа ба хотири ҳалли масъалаи таъхирнопазир бояд дошта бошад.
- Котиби матбуотӣ вазифадор аст, ки рузноманигорон, инчунин коршиносони илмии худро оид ба проблемаҳои мушаххас шиносад. Зеро онҳо дар мавридҳои зарурӣ метавонанд , ки барои матбуот бо забони фаҳмои мухотабон масъалаҳои мухталифро шарҳу эзоҳ диҳанд.
- Котиби матбуотӣ наметавонад, ки дурӯғ гӯяд, дар акси ҳол минбаъд касе ба ҳарфҳояш эътимод нахоҳад кард. Ӯ аз ибрози нуқтаи назари шахсӣ бояд худдорӣ намояд. Чунки ин нуқтаи назар на ҳамеша метавонад дуруст бошад ва дар натиҷа чунин ҳолат ба нуфузи хизматӣ латма мезанад. Одатан хабарнигорон дар ҷустори иштибоҳҳо ҳастанд ва дар мавриди зарурӣ ба ин далел метавонанд шаку шубҳаи худро иброз карда, котиби матбуотиро ба дуруғгӯӣ мутаҳам созанд.
- Котиби матбуотӣ бояд ба қавли худ устувор бошад ва тамоми ваъдаҳояшро иҷро намояд. Ӯ обруву нуфузи ташкилот ва корхонаи худро бояд дар назди қаламкашон густариш дода, таҳким бахшад. Бо хабарнигорон ҳамеша дар робита бошад, ки ин амал пояи эътимодро шахсан нисбати ӯ мустаҳкам мекунад.
Вақте, ки 23 сол муқаддам устод Дадоҷон Раҷабӣ ба маснади котиби матбуотӣ нишастанд ва ингуна фаъолиятро дар вилояти Суғд бори аввал таҷриба карданд, шояд ба ин андеша набуданд, ки пешаи мазкур дар ин муддати кутоҳ хеле рушд мекунад, тавсеа меёбад ва минбаъд нисбат ба котибони матбуотӣ талаботи хосаи касбӣ пайдо мешавад. Шояд аслан тасаввур ҳам намекарданд, ки дар зудтарин фурсат технологияҳои нав ба нави корбарии хадамоти матбуот ва котиби матбуотӣ роиҷ мешавад ва робита бо ҷомеа, ки хадамоти матбуот аз ниҳодҳои муҳими пешбарандаи чунин фаъолият ба ҳисоб меравад, дар илми муосир ҷойгоҳи худро пайдо мекунад ва дар Тоҷикистон низ дар ин самт пажуҳишҳо анҷом мепазиранд. Аммо ин ҳама ҳоло муҳим нест. Муҳим он аст, устод Дадоҷон Раҷабӣ ба сифати аввалин котиби матбуотӣ дар рушду такомул ва инкишофи сифатии хадамоти матбуот ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд ва ба ин васила ҷойгоҳи муносиби худро дар таърихи ин соҳаи ин муҳими ҳаёти иҷтимоӣ пайдо кардаанд.
_________________________________________
1. Архиви вилояти Суғд. Ф20. р.18. п1163. саҳ. 182
2. Ильченко, С.Н. Современная пресс-служба: Учеб. пособие / С.Н. Ильченко, А.Д.
Кривоносов. – СПб.: С.-Петерб. гос. ун-т, 2005. – 105 с.
3. Салливан, Маргарет X. Ответственная пресс-служба. Взгляд изнутри. – М.,
2004. – 145 с.
4.Полоницкий П.А. ПРЕСССЛУЖБЫ И ГЛАСНОСТЬ (Серия «Библиотечка юриста СМИ») — М.: Юридический Мир, 2006. — 90 с.
Илҳом Ҷамолиён
маҷаллаи “Паёми Суғд”, Хуҷанд, 2015 – №5. – саҳ. 76 — 81.
Устод
Дадоҷон Раҷабӣ

Бароятон мақбул хоҳад буд

Зуҳури хадамоти матбуотӣ дар Тоҷикистон
13.10.2019
Пресс-служба и проблемы формирования и управления информационной политикой
12.10.2019