✅Афзоиши истеҳсол ва истеъмоли иттилоот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон яке аз вежагиҳои айёми мост. Ҳоло тамоми ҳаёти мо бо ин ё он тарз бо қабул, ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли иттилоот алоқаманд аст. Қариб дар ҳама гуна фаъолияти инсон: дар ҷараёни мутолиаи китоб ё сафҳаи интернетӣ, тамошои телевизор, ҳатто сӯҳбатҳои хоса мо доимо иттилоотро қабул ва коркард мекунем.
✅Афзоиши миқдори иттилооте, ки одам истифода мебарад ва талаботи афзоянда ба он, ҳамзамон пайдоиши иттилооти ҷаълӣ ё фейкӣ дар интернет моро гирифтори «ҳубобҳои иттилоотӣ» гардонида, маҷбур мекунад, ки дар бораи «изи рақамӣ»-и худ ва дар ин замина бобати «беҳдошти рақамӣ» андеша кунем ва чораҳои мушаххасро амалӣ намоем.
✅Оё ин масъалаҳо дар мавриди таъмини бехатарӣ дар Интернет то чӣ андоза муҳим аст. Ин мавзӯъ дар дарси мо таҳти унвони «Иттилоот ва бехатарӣ дар Интернет» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи хирадмандии рақамӣ», ки дар қолаби комиксҳо омода шудааст, баррасӣ мешавад.