Гузоришҳо,  Мақолаҳо

Таназзули нашрияҳои мустақили чопии Суғд

Мувофиқи маълумоти Маркази иттилоот ва таҳлили МИҲД вилояти Суғд дар соли 2010 дар ин қаламрав 34 нашрия номнавис шудаанд. Аз ин теъдод, 7 рӯзномаи мустақил, боқӣ рӯзномаҳои давлатию идоравӣ ва ҳизбӣ, инчунин 2 маҷалла ба табъ мерасанд. Дар ин замина ҳамчунин 1 оҷонсии иттилоотӣ, 14 шабакаи телевизионӣ ва 3 радио, (аз ҷумла 13 шабакаи телевизонӣ ва 2 радиои ғайридавлатӣ) дар қаламрави вилоят фаъолият доранд.

Албатта, дар ин маврид ба ивази истилоҳи «нашрияи мустақил» бештар аз истилоҳи  «нашрияи ғайриҳукуматӣ» истифода намоем, ба мақсад мувофиқ аст. Зеро мустақилияти нашрияҳо амрест, ки ба он метавон нисбӣ баҳо дод ва омилҳои зиёди объективӣ, аз ҷумла, молӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҳамчунин омилҳои субъективӣ, ба мисли муносибати муассис ва ҳайати эҷодии нашрияҳо метавонанд мустақилияти воқеии нашрияҳоро, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад,  то ҳадде маҳдуд менамояд.

Масалан,  дар вилоят  ду нашрия — «Саломат бошед» ва «Корвони умед» мувофиқи санадҳои таъсисотиашон нашрияҳои шахсӣ маҳсуб мешаванд. Ҳоло ин нашрияҳо дар мисоли мақомоти дахлдори давлатӣ спонсорҳои худро доранд ва аз ҳисоби онҳо ба табъ мерасанд ва онҳоро наметавон нашрияҳои мустақил ном бурд.  Аммо ин нашрияҳо ғайриҳукуматӣ буда, фармоиши иҷтимоиии мақомоти маҳалллии ҳокимияти давлатиро  ба иҷро мерасонанд. Аз 5 нашрияи ғайриҳукуматии боқӣ ахиран ҳафтаномаҳои ҷамъиятию сиёсии «Суғд» ва иттилоотию фароғатии «Ҳамсояҳо» ахиран аз чоп бозмонданд. Андаке қабл ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии «Тонг» бино ба иллатҳои мухталиф аз чоп  бозмонд.

Айни замон ҳамагӣ ду нашрия — ҳафтаномаҳои «Варорӯд  ва «Третый взгляд» дар фазои иттилоотии вилояти Суғд ба хотири ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа талош меварзанд. Шояд, суоле ба миён ояд, ки ин ду нашрия ҳудудан чанд фоизи аҳолии беш аз 2 миллиону 200 ҳазор нафараи вилоятро фаро мегиранд. Муттаассифона, хеле ноҷиз аст ва имрӯз дар қаламрави вилоят афкори ҷомеаро аз ҷумлаи матбуоти ғайриҳукуматӣ, асосан нашрияҳои марказӣ ба вуҷуд меоранд. Дар ин маврид нақши расонаҳои хабарии маҳаллӣ хеле коста шудааст.

Дар оғози солҳои 2000-ум дар фазои иттилоттии вилояти Суғд аввал  Оҷонсии иттилоотӣ-таҳлилии «Вароруд», минбаъд ҳафтаномаи ҳамноми он ва инчунин ҳафтаномаи «Суғд» арзи вуҷуд карданд.  Азбаски банда низ ба ин ибтикорот то андозае дахл доштам, мехостам бо такя ба гуфтаҳои чанде аз коршиносони дохилию хориҷӣ, баъзе нуктаҳоро аз вазъи матбуоти мустақили ҳамон давр ёдовар шавам, ки бояд падидаи дар боло зикршударо бозгӯйӣ намояд.

Аввал ин, ки дар вилоят пайдоиши чунин расонаи барои минтақа нави хабарӣ, ба мисли ОИТ «Вароруд» ва нашряиҳои «Суғд» ва «Варорӯд»-ро интизорӣ мекашиданд ва  табиист, ки ба он ниёз доштанд.

Ростӣ, ки ОИТ «Варорӯд» барои матбуоти маҳаллӣ заминаи қавии иттилоотиро ба вуҷуд овард, ки маводи ин хабаргузорӣ  на фақат дар васоити ахбори оммаи вилоят, балки мавриди истифодаи нашрияҳои марказӣ қарор дошт. Дар муддати кутоҳ ин оҷонсӣ фаъолияти густурдаи иттилоотиро ба роҳ монда,  дар радифи хабаргузориҳои пешрави кишвар ҷойгоҳи худро пайдо кард.

Дар ин хабаргузорӣ ва нашрияҳои навтаъсисшуда  журналистони соҳибном ва соҳибназар ҷамъ омада, ин расонаҳои хабарӣ  ҳамагӣ дар маҳалҳо мухбирони худро доштанд. Дар ин бобат бахусус ОИТ «Вароруд» пешсаф буд ва  ки чунин имкониятро на ҳар расонаи хабарӣ дошт. Аз ин лиҳоз фарогирии ҷуғрофии нашрияҳо хеле  тавсеа гирифт ва бар замми ин нашрияҳо муҳтавои аз лиҳози касбӣ омодашуда ва аз лиҳози мазмуну мундариҷа баландро ба муштариёни худ манзур мекарданд. Ҳафтаномаҳои «Вароруд» ва «Суғд» мисли нашрияҳои вақти марказӣ дар ҳаҷми 16 саҳифа нашр мешуданд. Минбаъд нашрияи «Тонг» (ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ) низ дар ин радиф ҷой гирифт. Ин ҳафтаномаҳо тираж ва рекламаи хеле хуб, пояи мустаҳками моддӣ-техникӣ доштанд, дастгирии ҳам созмонҳои байналмиллалӣ ва ҳам мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро сазовор буданд. Бояд гуфт, ки ҳамрадиф бо нашрияҳои чопӣ дар қаламрави вилоят воситаҳои ахбори умуми электронӣ низ рушди миқдорӣ доштанд. Бояд эътироф кард, ки дар баробари таҳкими нуфуз ва обрӯи ин расонаҳои ғайридавлатии вилоят ҳамкории онҳо бо мақомоти маҳаллии давлатӣ то андозае инкишоф гирифт. Ҳарчанд бояд иқрор шуд, ки гоҳо марзи ин ҳамкориҳо убур мегардид ва кӯшишҳои таҳти  назорат қарор додани ин расонаҳои хабарӣ низ ба мушоҳида мерасиданд. Чунин вазъият ноаён ба мундариҷаи ҳамкориҳои созандаи дуҷониба андаке лакнат ворид мекард.

Акнун бо гузашти бештар аз даҳ сол дар оғози солҳои 2010-ум мо чӣ дорем. Кори оҷонсии «Варорӯд» ҳамакнун, бинобар мушкилоти молӣ таи беш аз 7-8 моҳ аст, ки фалаҷ шудааст, ҳарчанд ҳоло барои эхёи ин хабаргузорӣ ва бозкории сомонаи интернетии он кӯшишхо ба харҷ дода мешаванд. Айни замон 3 нашрия- ҳафтаномаҳои «Суғд», «Ҳамсояҳо» ва «Тонг» аз чоп монданд.  Боқӣ ду нашрия рӯи чоп аст, аммо ин ҳафтаномаҳо ҳамакнун ба хонанда ниёз доранд. Таназзули нашрияҳои мустақили вилоят воқеан ҳам дарднок аст. Зеро ин нашрияҳо кадрҳо, шабакаи хабаргузорон, тирож, саҳифаҳои худро аз даст доданд. Муборизаи охирин барои обрӯй ва нуфуз идома дорад, ки он ҳам ба пиндори банда дер намепояд.

Албатта ҳамагон суоле пеш оварданианд, ки сабабҳои таназзули нашрияҳои мустақили вилоят чӣ буд? Ба андешаи ман яке аз сабабҳои асосии таназзул ба муассисони ин расонаҳои хабарӣ иртибот мегирад. Маҳз ихтилофҳои дохилии байни муассисон, ихтилофҳои муассисон ва гурӯҳҳои эҷодӣ ба рӯйдоди ингуна вазъият боис шуданд.

Муассисони ҳафтаномаҳои «Суғд» ва «Тонг» дар заминаи ихтилофҳои гуногун аз ҳайатҳои қаблии хеш даст кашиданд, вале нашрияи пешинаро барқарор карда натавонистанд.

Муассисони гурӯҳи нашрияҳои «Варорӯд» ба ҳайатҳои эҷодии хеш мустақилияти бештар доданд, вале вазъият ба ҷойи он, ки беҳтар шавад, бадтар гардид. Дар натиҷа дар фазои иттилотии вилоят баъзе таҳаввулотҳои сатҳӣ, вале камманфиат ба вуқӯъ пайвастанд. Нашрияи пешини «Суғд» аз даст рафт, аммо ҳайати нави нашрия ҷойгоҳи пешини онро пур карда натавонист, ҳарчанд нашри электронии ҳафтаномаро азм гирифтааст.

Муассиси «Тонг» баъди кашмакашҳои тӯлонӣ нашрияро пурра соҳиб шуд, вале он дигар ба табъ намерасад. Нашрияи нави азнавтаъсисшудаи «Тонг-2» бошад, бино ба баъзе ахбор ба тозагӣ аз ҷониби муассисони дигар ба қайд расидааст, то ҳол аз худ дараки хуш надодааст. Ҳарчанд фаъолияти ОИТ «Вароруд» хеле заиф гардида, ҷойгоҳро барои конкурентҳои худ мусоид кардааст,  вале ҳеҷ кадоме аз расонаҳои хабарӣ барои пешкаш кардани иттилооти тозатарини маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Нашрияи «Варорӯд» пурра тоҷикӣ шуд, вале ҷойи «Суғд»-ро гирифта натавонист ва ҳам нуфузу манзалати худро ба сифати нашрияи русизабон ба ҳадди қобили таваҷҷуҳ аз даст дод. «Третый взгляд»-ро ба ҷойи «Вароруд»-и чанде пеш таъсис доданд, вале ин нашрия ҳанӯз «Вароруд»-и русизабони пешина  нашудааст ва барои пайдо кардани ҷойи сазовори худ дар фазои иттилоотии вилоят ҳамоно талош меварзад.

Аз сӯи дигар, муттаассифона, ҷомеа ба рисолати журналистикаи касбӣ, ки ҳоло давраҳои ниҳоят сангинро пушти сар мекунад,  баҳои сазовор намедиҳад. Аз ин лиҳоз кадрҳои журналистии хуб ин касбро тарк менамоянд. Вале чанд тани башумури дигар, ки имрӯз бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда кори худро дар нашрияҳо, аз ҷумла рӯзномаҳои мустақил  идома медиҳанд, бешак фидоиии касби хеш ҳастанд, ки офаринашон бод. Кадрҳои ҷавон ҳанӯз омода нестанд ва ҳам дастмузди нокифояи журналистӣ онҳоро водор мекунад, ки чандкора шаванд. Ба қавле «Салими садкора, ҳама кораш нимкора…»

Дар ҳоле, ки нашрияҳои маъмулии чопӣ дар вазъи ногувор қарор мегиранд, хонандаи имрӯз ба интернет, ба шабакаҳои иҷтимойӣ, торномаҳои журналистони маъруфи тоҷик ва муаллифони мустақил, ки ҳамакнун шумораи ин гуна торномаҳо бештар мешаванд, рӯ овардааст. Рақобат дар бозори иттилоот рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва вазъи расонаҳои хабарии чопии маъмулии маҳаллӣ ногувор боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз коршиносони маҳаллӣ бар ин ақидаанд, то вақте ҳам муассисон ва ҳам ҳайати эҷодии нашриҳои маҳаллии ғайридавлатӣ дарк намекунанд, ки ВАУ – ин бизнес аст ва дар замина амбитсияҳои носолим, муносибатҳои дӯстона, хешутаборию ҳаммаҳаллагӣ ва ғайриоинномавӣ  пушти сар намешаванд, дастоварди сазовори ин бизнес ғайриимкон хоҳад буд.

Бояд дарк кард, дар бизнес механизми мушаххас бояд фаъол бошад, то маҳсулоти иттилоотии ба талабот мувофиқро истеҳсол намояд, онро фурӯшад ва фоида ба даст орад. Аз ин беш нест. Албатта, масъалаҳои дигари ташкилию  эҷодӣ вуҷуд доранд, ки роҳбарияти ҳар кадоме аз ин нашрияҳо онро бояд ҳаллу фасл намояд.

Дар поёни ин баррасии хеле кӯчак аз вазъи матбуоти ғайридавлатии вилоят ҳаминро гуфтаниам, ки нақши расонаҳои хабарии чопии мустақили вилоят дар ташаккули афкори ҷомеа дар ин панҷ соли охир хеле коҳиш ёфтааст. Ин холигоҳро акнун нашрияҳои ғайридавлатии марказӣ ва расонаҳои хабарии электронии вилоят бештар пурра мекунанд.

Бахусус, рақобати байни нашрияҳои мустақили марказӣ барои ҳарчӣ бештар пайдо кардани хонандагони худ дар вилояти Суғд ба авҷи аъло расидааст ва дар ин кор то ҳадди имкон ҳар кадоме аз шеваю усулҳои хоси худ истифода мебаранд.

Агар ҷомеа ва аз ҷумла ниҳодҳои давлатӣ  барои дастгирии матбуоти маҳаллӣ, аз ҷумла матбуоти ғайриҳукуматии қаламрави вилоят дасти кӯмак   дароз нанамояд, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки дастёбии ҳамагон ба маълумоти беғараз ва объективӣ то андозае коста мешавад, ки дар чунин вазъият касе ғолиб нахоҳад буд.


Гузориши мазкур 5 майи соли 2010 дар ҳамоиши рӯзноманигорони вилоят бахшида ба Рӯзи байналмиллалии Озодии сухан дар шаҳри Хуҷанд ироя шудааст.

На платформе MonsterInsights