Мақолаҳо,  Эссе

Ҳамдаму ҳамнафаси мардум, ё тасвири расонаии Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода

Ҳоҷӣ  Ҳусейн Мусозода наздик ба ин бист соли охир  ба яке чеҳраҳои муваффақ ва барҷастаи расонаии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва сари чанд вақт мақола ва дидгоҳу назари эшон дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва ҳам дар барномаҳои мухталифи ширкатҳои телевизион ва радио интишор мешаванд. Бад ин минвол Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода доимо дар маркази таваҷҷуҳи рузноманигорон қарор доранд ва эшонро на фақат расонаҳои хабарии минтақавӣ дар вилояти Суғд, балки нашрияҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ низ ҳамеша иқтибос меоранд. Чунин ҳолат ҷойи тааҷҷуб надорад.  Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, ки ҳамзамон дар симмати муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор доранд, бо илму дониш ва хидмати хеш ба Ислом аз ҷумлаи бонуфузтарин рӯҳониёни кишвар  эътироф шудаанд. Бинобар ин, нуктаи назар ва дидгоҳи эшон  ба масоили мухталифи динию дунявӣ барои расонаҳои хабарӣ  муҳим аст. Ҳангоми суҳбат бо хабарнигорони мухталиф иддае ҳамеша аз он  ёдовар мешаванд, ки Ҳоҷӣ Ҳусейн ҳамчун олим доимо аз дину оин ва  суннатҳои мардуми диёр дифоъ мекунанд.

Чун сухан аз хидмат ба Ислом меравад, масъалаи омӯхтани илмҳои диниву дунявӣ ва тадрису омӯзондани онҳо ба дигарон яке аз намунаҳои беҳтарини  чунин хидматгузорӣ аст. Аз ин ҷост, ки Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода дар тамоми ҳамкориҳои худ  бо ВАО маҳз ҳамин нуктаро ба инобат гирифтаанд ва омузишу  расонидани маърифати Исломӣ ба муштариёни расонаҳои хабариро  дар меҳвари асосии  фаъолияти хеш   қарор додаанд. Эшон борҳо аз барномаҳои маърифати исломии шабакаҳои телевизионии ТВ Суғд, “СМ-1”, “Ҷаҳоноро”, “Азия” ва ғайра  таъкид кардаанд, ки илм нур асту ҷаҳлу ҷаҳолат торикию зулмот ва инсоне, ки аз илм баҳравар аст, мисли хуршеди тобон буда, роҳро барои дигарон мунаввару музайян месозад. “Тамоми гумроҳӣ ва сарпечзаданҳои инсон аз нодонист,”- батакрор тайид менамоянд Устод ва чанд мисраи шоирони забардастро далел меоранд:

Cабру илму ҳилм  тарёки диланд, 
Ҳасаду бухлу кибр заҳри қотиланд.  (Ҳофизи Шерозӣ),  ё

Ислом на фақат савту салот аст, 
Илм асту низом асту ҳаёт аст.  (Иқбол),  ё

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм, 
Ҷумла оламро гулистон аст илм. (Абдураҳмони Ҷомӣ).

Устод мегуянд, ки Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ дар ҳадисҳои худ фазилати илмомӯзиро тарғиб карда, дар васфи олимони дин суханҳои накӯе фармудаанд ва аз ривояти Муслим меоранд: “Ҳар касе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷӯяд, Худованд роҳи ӯро ба сӯи биҳишт осон мекунад”.

Насиҳатҳои рамазонии Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, ки ҳамасола дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз тариқи шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ интишор мешаванд, низ ба тасвири расонаии эшон таъсири амиқ гузошта, маҳбубияти ин чеҳраро дар миёни муштариён зиёд кардааст. Ин панду андарз ва насиҳатномаҳо, ки ҳамеша мазмуну мундариҷаи баланд доштанду доранд, дар пайравии Қуръон руҳу равонро осоиш бахшида, қалби бинандагонро тасхир мекунанд. Боре  Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода аз ин минбар гуфтанд, ки инсон бояд амири нафси худ бошад, ки маънии ҳаёти мост ва дар ин замина аз шеъри устод Рӯдакӣ ёдовар шуданд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, 
Бар кӯру кар ар нукта магирӣ, мардӣ. 
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ва ин суханони устод дар он барномаи телевизионӣ ҳанӯз ҳам дар гӯши ман садо медиҳанд: “Нафсатро дар тамоми корҳо муҳосаба кун, аз ҷумла: намози ҷамоат, закот, пайванд бо хешовандон, оштӣ бо касе, ки байни ту ва ӯ кудурате вуҷуд дорад, ташвиқи доимӣ дар байни мусулмонон барои оромӣ ва дӯстӣ, тарбияти зердастон, таваҷҷуҳ ба умури мусалмонон, қабул кардани насиҳат аз дигарон, парҳез аз ғайбату фитнаангезӣ ва нооромӣ дар байни мусулмонон, ки бадтарин гуноҳон аст, парҳез аз исрофкорӣ, дурӣ аз риё, кӯшиш барои ислоҳи хеш ва дигарон, тиловати Қуръон ва тадаббур дар маъонии он, хушӯъ ҳангоми шунидани Қуръон, барои бародарат онро биписанд, ки барои хеш меписандӣ.”

Воқеан бояд иқрор шуд, ки тасвири расонаии Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ҳамзамон беҳтарин хислатҳои эшонро бозгӯӣ менамоянд ва ҳолдонҳои зиёд бар ин ақидаанд, ки ҷеҳраи ҳақиқии Устод ва ҷеҳраи расонаии эшон ҳеҷ тафовуте надоранд ва эшон ҳамеша хоксору самимӣ, некбину некандеш, сирдону сирпўш, одаму одамшинос ҳастанду нафъи мардумхоҳиашон хеле болост. Илова бар ин  эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ доранд ва ин хислати эшон дар лаҳзаҳои ҳассоси ҳаётӣ  ҳарчӣ бештар    зуҳур мекунанд. Дар доираи журналистони кишвар мегуянд, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода новобаста аз он андешаҳояш ба касе маъҷул аст ё не, ҳамеша фикри мустақил дорад ва аз андешаҳои худ ҳамеша дифоъ мекунад. Ростӣ, як ҳодисае ба хотирам зад, ки ба пайдоиши равияи “Салафия” ва аз сӯи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи мамнӯъ эълон гардидани Фаъолияти ин ҷараён дар кишвар вобаста аст.  Зуҳури иин ҷараён ва иҷдомҳои ҷонибдорони ин гуруҳ  дар ҷомеаи кишвар сару садоҳои зиёдро ба миён овард. Аксаран дар робита ба ин мавзӯъ лаб фурӯ бастанро авло медонистанд. Ҳатто баъди он, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни «Салафия»-ро мамнӯъ эълон кард, дар шарҳи ин масъала ва равшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ на ҳамаи рҳониёни номии кишвар аҷала мекарданд. Аммо дар ҳамин маврид дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” мусоҳибаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода ба табъ расид, ки паҳлуҳои гуногуни мавзуъро ошкор кардааст. Устод бо таассуф зикр мекунанд, ки  дар ҷомеаи мо гурӯҳҳое ба мисли пайравони салафӣ пайдо шуда, оромиву осудагии мардумро халал ворид месозанд. Эшон  мегуянд, ки имрӯз мафҳуми салафи солеҳро аз салафи дигар, ки феълан миёни мардум маъмул шудааст, фарқ бояд кард.

“Салафиёни имрӯза куллан аз салафи солеҳ тафовут доранд. Салафиёни кунунӣ даъво доранд, ки фақат ба Қуръон ва ҳадис такя мекунанд, мазҳабро аксаран эътироф надоранд. Аз ин рӯ, манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон худ аз худ пайдо нашудааст. Яке аз сабабҳояш ихтилофоту тафриқаандозии пайравони салафия дар масоҷид ва дар ибодоти мардум аст. Сониян, дар хонаводаҳо миёни  волидайн ва фарзандони онҳое, ки салафияро қабул кардаанд, як ҷудоие ба миён омад. Беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар ва пайвандон ба мушоҳида расид. Хосатан маҳзун кардани волидайн бо чандин иддао, ки дуои фотеҳа, тиловати Қуръонро ба арвоҳи гузаштагон бахшидан дуруст нест, қобили қабул намебошад”, таъкид медоранд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода.

Ба гуфтаи Устод, салафиҳо ҳамчунин даъво бар он доранд, ки намозҳои то имрӯз адокардаи мардум мувофиқи ҳадис нестанд ва бо даъвои хеш он далелу ҳуҷҷатҳоеро, ки дар мазҳаб ҳаст, қабул надоранд. Ин амали онҳо табиист, ки миёни ҷомеа норизоӣ меоварад.

Устод аз ин лиҳоз Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мамнӯъ эълон кардани фаъолияти ҷараёни «Салафия»-ро ҷонибдорӣ карда, онро  ба манфиати ҷомеа арзёбӣ мекунад.

Аммо дар ҳамин ҳол нашри силсилаи мақолаҳо бахшида ба мавзӯи об дар матбуоти даврии мамлакат образи расонаии Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозодаро боз ҳам тақвият бахшиданд ва боз як паҳлӯи фаъолияти эшонро бозгӯӣ карданд.

Аз нигоҳи Устод, ки обро аз ҷабаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор додаанд, пирони рӯзгордида дар дуои худ аз Худованди мутаол талаб мекунанд, ки «Худоё, баракати оби равонро деҳ» ва ин беҳикмат нест. Чунки оби равон сабаби рушди кишоварзиву фаровонии ҳосил мегардад:

 Ронд Ҳақ ин обро дар ҷӯи ту,
 Офарин бар дасту бар бозуи ту.

“Худованди ҷалла шаънуҳу обро ба ҷӯйи ту равон кард ва офарин бод ба ту, ки амал кардӣ. Мавлоно ба нафаре офарин мехонад, ки аз оби равон шод гардида, амали сазовор намуд.  Дар асри XXI, ки асри рушду тараққиёт ва равнақи технологияҳои иттилоотӣ аст, моро зарур аст, ки ҳар қатраи обро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем. Танҳо бо гуфтан корҳо сомон намеёбанд. Хаспораву партовро аз ҷӯйбор дур кардан, дар хона ҷумаки обро маҳкам кардану обро сарфа намудан, дар шустушӯву ҷомашӯӣ ба исрофи об роҳ надодан, ҷорӣ намудани обмонии қатравӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳам амали савоб ва ҳам як рукни ибодат аст,”- хулоса мекунанд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода.

Олимони соҳаи журналистика ва иртиботот мегӯянд, дар иртибототи оммавӣ, ки ҳамеша бо истифода аз расонаҳои хабарӣ сурат мегирад, раванди ташаккули тасвири расонаӣ ё образи расонаӣ  хеле печида амалӣ мешавад. Гоҳо чеҳраҳо барои худ ниқоби дилхоҳи худро мекашанд ва образи минбаъдаи расонаии онҳо таҳти таъсири ин ниқоб ташаккул меёбад. Аммо кам мавридҳое ба чашм мерасанд, ки одамон бидуни истифода аз ниқоб тасвири расонаии худро ташаккул диҳанд. Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода аз ин ҷумла аст ва бидуни ниқобкашӣ, бидуни ҳамагуна манфиатҷуӣ муносибати худро бо расонаҳои хабарӣ ба хотири  хидматгузориии холисона ба мардум созанда ба роҳ мондааст. Ин ҳама бори дигар аз он далолат медиҳад, ки образи воқеии Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода ва тасвири расонаии эшон тавофут надоранд. Дар ҳарду ҳолат ҳам  ҳадафи эшон хидмат ба мардум ва ҳамдаму ҳамнафаси мардум будан аст.  

Илҳом Ҷамолиён, соли 2016

На платформе MonsterInsights