-
Илҳом Ҷамолиён: “Бояд кулли одамон дорои саводи расонаӣ бошанд!”
Ҷаҳон имрӯз дурӯғ-кадаеро мемонад, ки дар вуҷуди он маълумоти носаҳеҳу бардурӯғ ҷӯш мезанад ва оташи он ба амнияти иттилоотии кишварҳо таҳдид мекунад. Мутахассисон бар ин назаранд, ки барои эмин мондан аз алангаи он бояд дорои саводи расонаӣ буд. Вобаста ба ин мавзӯъ бо Илҳом Ҷамолиён, расонашиноси маъруф суҳбати ихтисосӣ анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаши шумо мегардад. Бигӯед, ки саводи расонаӣ чист ва он ба инсонҳо барои чӣ лозим аст — Саводи расонаӣ маҷмӯи донишҳост. Ин донишҳо барои ташхиси ҳама гуна маълумот ба инсон лозим аст. Солҳои охир ҳатто дар китобҳо маълумотҳои дурӯғ, ғалат ва носаҳеҳ пур шуда истодааст. Одам…
САВОДИ РАСОНАӢ: ТАЪЛИМИ ОН ТАҚОЗОИ ДАВР АСТ
Ба ҷараёнҳои гуногуни террористиву экстремистӣ гаравиш пайдо кардани ҷавонону донишҷӯён, ба назари коршиносон, пайомади таъсири манфии расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир инсоният иттилоъро ҳар рӯз аз фазои маҷозӣ дарёфт намуда, онро дар бештарини ҳолат бидуни санҷидани дурустии он қабул менамояд. Ин…
Саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва экосистемаи расонаӣ
Проблемаҳои омодагии иттилоотии инсон ба ҳаёт дар ҷомеаи иттилоотӣ чандест, ки дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтаанд ва ҳоло аксари созмонҳои бонуфузи байналмиллаӣ аҳамияти саводи расонаӣ – иттилоотиро, ҳамчун маҷмӯи малака ва маҳоратҳои мушаххас хоса таъкид менамоянд ва гуфта мешавад, ки саводи расонаӣ –…
Иттилоот ва бехатарӣ дар Интернет
✅Афзоиши истеҳсол ва истеъмоли иттилоот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон яке аз вежагиҳои айёми мост. Ҳоло тамоми ҳаёти мо бо ин ё он тарз бо қабул, ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли иттилоот алоқаманд аст. Қариб дар ҳама гуна фаъолияти инсон: дар ҷараёни мутолиаи китоб ё сафҳаи…
»Худомӯзи саводи расонаӣ» таҳти ин унвон китоби электронии устоди донишгоҳ интишор ёфт
«Худомӯзи саводи расонаӣ» таҳти ин унвон китоби электронии устоди донишгоҳ интишор ёфт»Худомӯзи саводи расонаӣ» — ин китоби омӯзишӣ аз ҷониби Илҳом Ҷамолиён, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омода ва шакли электронии он дар…
Зани мардсифат, ё чанд гуфтание дар ҳошияи солрӯзи Муҳаббат Умаровна
Бо муаллимаи азизу гиромӣ, Мирсаидова Муҳаббат Умаровна моҳи апрели соли 1990 вохӯрда будам. Он айём дар кумитаи комсомолии вилоят дар вазифаи мудири шӯъба кор мекардам. Сарвари вақти комсомоли вилоят Набиҷон Юлдошев (бунёдгузор ва роҳбари муваффақи чопхонаи машҳури “Хуросон” дар шаҳри Хуҷанд) маро ба ҳузураш даъват…
Ако, Устод ва Дӯст. Дар ҳошияи солрӯзи Бобоҷон Икромов
Бо ӯ на ҳамшаҳру на ҳамдеҳа ва на ҳамгузарам. Мо на ҳамсинфу на ҳамсабақем ва хешу табор ҳам нестем. Дар бачагӣ ҳангоми пойизи хазонрез, ки барги дарахтон ранги заъфарон гирифта, боғотро қолини махмалӣ мекашанд, ҳамроҳ на баргчинӣ ва на гӯсфандчаронӣ кардаем. Аз ин боғот чормағз ҳам ҷамъоварӣ накардаем ва ҳангоми “қуббабозӣ” ё “чорпай”…
Вежагиҳо ва тазодҳои YouTube-канали шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон
Аз 14 шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон 11-тои он ва аз 15 шабакаи телевизиони мустақили кишвар 13-тои он YouTube-канали худро таъсис додаанд. Аммо дар пасманзари ин нишондиҳандаҳои хуби миқдорӣ чӣ гуна мушкилоти сифатӣ ниҳон аст ва оё мубриза барои ба даст овардани дили муштариёни шабакаҳои телевизионӣ…
Mусоҳибаҳои музофотӣ дар Youtube –шоуи тоҷикӣ, ё чанд гуфтание аз “Ногуфтаҳо” ва “Нигоҳи нав”
Дар музофоти Тоҷикистон, аниқтараш дар шимоли ин кишвар- дар вилояти Суғд низ барномаҳои ютуб-шоу дар қолаби мусоҳиба нуфуз пайдо мекунанд. Яке аз онҳо барномаи “Нигоҳи нав” -и видеоблогнависи тоҷик Салимҷон Саидов аст, ки канали ҳамноми он дар оғози соли ҷорӣ ҳамагӣ чандсад нафар бинанда дошт. Аммо дар…
Вежагиҳои фаъолияти котиби матбуотӣ дар мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ
Дар фаъолиятҳои робита бо ҷомеа яке аз чеҳраҳои муассир, ки дар ниҳодҳои мухталиф чӣ созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ, чӣ ширкатҳои хусусӣ ва чӣ ниҳодҳои давлатӣ иртиботи оммавиро ба роҳ мемонад, котиби матбуотӣ аст. Котиби матбуотӣ, ки ҳамчун пеша ҳоло хеле маъруфият пайдо кардааст, ба мисли марказҳои…
Қоҳир Расулзода дар манзар ва пасманзари сиёсат
Ӯ аз виқору худпарастӣ даст кашид, ҳамчунин нисбати ҳамагуна оппонентҳои эҳтимолӣ чӣ дар сиёсат ва чӣ дар бизнес оштиннопазирӣ нишон намедод, кушиш мекард, ки фақат ғамхори гурӯҳе аз писандидагон набошад, муносибатҳои қолабӣ ва дастнорасиро ба одамон бад медид ва бадгӯиро намеписандид… Ман сарбози Ватан ҳастам…
Фарёди дилҳо ё муроҷиат ба дӯсте, ки имрӯз бохтем.
Сад оҳу дареғ ровии ин маҳфили мо рафт, Ногуфта ҳазорон сухани меҳру вафо рафт... Шумо рафтед, ҷое рафтед, ки бозгашт надорад… Рафтед… моро ҷигархун кардеду рафтед… Ҳоло забон лол аст, ҳарфе намеёбем, ки ба ҷигарбандони азизатон гӯем, то андаке бошад ҳам, дардашонро сабуктар кунад. Аммо…
ДАРСИ 1. Навори омӯзишии қадами далелсанҷӣ
Абзори https://pr-cy.ru/ — барои таҳлили сомона пешбинӣ шудааст. Ин плптформа имкон медиҳад, ки шумо, рейтинг ва мониторинги сомонаи худ ё сомонаи рақиби худатонро муйян намуда, фаҳмед ки он дар чӣ ҳолат қарор дорад, чӣ қадар одамон ба он ворид мешавад, сомона чӣ хатоҳо дорад, хонанда…
Таъсири як видео. Чӣ гуна кӯдакони тоҷикистонӣ YOUTUBE — ро ба такон оварданд.
Ёдатон ҳаст, ду сол муқаддам, дар арафаи Иди Ғалаба, дар Интернет таронаи машҳури «Смуглянка» дар иҷрои дастпарварони кӯдакистони №6 «Гулшан» аз ноҳияи Ҷаббор Расулов чарх мезад. Клипи мазкур, ки онро ширкати телевизионии Ғӯлакандоз таҳия карда буд, яке аз пурбинандатарин видеоҳои муҳити тоҷикии youtube ба ҳисоб…