Бобоҷон Икромов
Мақолаҳо,  Меҳрнома

Ако, Устод ва Дӯст. Дар ҳошияи солрӯзи Бобоҷон Икромов

Бо ӯ на ҳамшаҳру на ҳамдеҳа ва на ҳамгузарам. Мо на ҳамсинфу на ҳамсабақем ва хешу табор ҳам нестем. Дар бачагӣ ҳангоми пойизи хазонрез, ки барги дарахтон ранги заъфарон гирифта, боғотро қолини махмалӣ мекашанд, ҳамроҳ на баргчинӣ ва на гӯсфандчаронӣ кардаем. Аз  ин боғот чормағз ҳам ҷамъоварӣ накардаем ва ҳангоми “қуббабозӣ” ё “чорпай” на ӯ чормағзҳои маро аз худ намудааст ва на ман аз ӯро. Аз бодбаракбозию  чиллакбозӣ, ки дӯстдоштарин шуғли бачагию наврасии насли мо буд, низ ҳеҷ хотироти муштарак надорем. Дар сеяки аввали умрам боре бо ӯ ҳамсафар нашудаам ва ҳамнамак ҳам набудем…

Аммо манзалати ӯ бароям ҳамеша аз ҳамшаҳру ҳамгузару ҳамсинфу ҳамсабақу ҳамтабақу  ҳатто  хешу табор болотар аст… ва болотар хоҳад монд…

То ба ҳол ҳамсафарҳои зиёдро дидаам, ки ангуштшуморашон сидқ мекунанд… Бо лак-лак ҳамнамак шудаам, аммо намакшинос тухми анқост… Садоқатро аз Падари Бузургворам ва аз ӯ ёд гирифтам, поси намакро низ аз онҳо омӯхтаам… Ман аз ӯ бисёр чизҳоро дар зиндагӣ ёд гирифтаву омӯхтаам … Устодам аст, аммо бештар аз ҳама Ако ва Дӯсти ман аст…

Ин ӯ, яъне Бобоҷон Икромов буд,  ки маро ба журналистикаи телевизионӣ овард. Дар он замон, аслан имкон вуҷуд надошт, ки як донишҷӯи соли охири бахши журналистика дар телевизиони кишвар кор ёбад. Аммо, вақти таъсис шудани шӯъбае бо номи “Хабари рӯз” ва ҷалби кормандони ҷавон ба он, пеши роҳбарияти вақти садо ва симои кишвар ӯ тазмин дод, ки маро устод Воҳид Асрорӣ тавсия додаанд ва аз ман рӯзноманигор мебарояд…  

Ӯ як умр маро раҳнамоӣ кардааст, аввалин хабару гузоришҳоямро таҳрир кардааст…  ҳамеша муттако буд, дар ҳама ҳолат кӯмакашро дареғ намедошт, роҳ нишон медод, ислоҳ мекард ва қувват мебахшид.  Ӯ буд, ки ман аз ҳар ҳарфаш, муносибаташ бо ҳамкорон, одамони касбу кори гуногун; ҷустуҷӯ, даствовард ва усулҳои эҷодиаш сабақ мегирифтам…

Бисёриҳо мегӯянд, ки Ако, Устод ва  Дӯсти ман Бобоҷон Икромов нозпарвари замонаш буд. Бале, даҳсолаи 80-уми қарни гузаштаро давраи тиллоии ТВ тоҷик меноманд. Ин солҳо  даврони ӯ буд, даврони мисли ӯ ҷавонон буд. Ҷавононе, ки дар он солҳо дар телевизион тозакориҳои зиёде оварданд. Тозакориҳое буданд, ки мухотабон он ҳамаро ба хушӣ истиқбол гирифтанд.  Ин ҳоло мухотабашон мегӯем, аммо он замон ба таври оддию содда онҳоро тамошобини телевизион ном мегирифтанд. 

Дар ин давра дар барномаҳои хабарии телевизион жанрҳои лавҳаю гузориш, ки хеле ҳирваӣ омода мешуданд, ҷойгоҳи аслии худро пайдо карда ҷойи ҳисоботҳои камрангу камнамакро танг карданд. Барномаҳои зинда бо баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва ҷалби коршиносони варзида, ки то ҳол ба телевизион роҳ намеёфтанд, хеле маъруфияти зиёд пайдо карданд. Даврае буд, ҷавонони зиёд сари кор омаданд,  қолабшиканиҳо авҷ гирифтанд ва барномаҳои телевизионӣ  сару садо пайдо карданд… Ҳатто дар ҳамин давра дар телевизион жанри нав — марсияи телевизионӣ низ пайдо шуд. Баъди вафоти роҳбари вақти кишвар – Ҷаббор Расулов дар соли 1982 муаллифи авввалин марсияи сиёсии телевизионӣ Бобоҷон Икромов буд… Сипас ин таҷриба баъди вафоти сарони вақти кишвари вақт Л. И. Брежнев, К.У. Черненко ва Ю.В. Андропов низ кор дод…

Бобоҷон Икромов, Саёҳат Неъматова, Раҳмат Эшонов, Раҳмони Остон, Неъматулло Мирсаидов Абдулло Олимов ва чанде дигарон, ки он замон то 30 сол доштанд, мудирияти сарредаксияҳои телевизион ва бахшҳои калидии онро ба ӯҳда гирифтанд. Ин даврае буд, ки хуршеди даҳҳо рӯзноманигорони ҷавон дар фазои созгори телевизиони кишвар тулӯъ кард. Дар телевизион муҳити кории хубе дар пояи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ба миён омада буд, ки ба рушди сабқати солими эҷодӣ мусоидат намуд… Журналист ва блогнависи маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо низ иқрор кардааст, ки барномаҳои телевизионии он замон ва ба хусус барномаҳои телевизионии Бобоҷон Икромов дар зеҳниятсозии ӯву интихоби касбаш  таъсиргузор будаанд…

Он айём аз Бобоҷон Икромов ба ҳайси як кадри ҷавон ва умедбахш интизориҳои зиёд  доштанд. Дар як муддати кутоҳ, ӯ аввал мудирияти сарредаксияи мусиқӣ, сипас сарредаксияи таблиғоту ташвиқотро ба ӯҳда гирифт. Вақте, ки директори телевизион таъин карданд, ҳамагӣ 29 сол дошт…

Ҳамзамон бояд иқрор шуд, ки  дар сарнавишти ин гуруҳи калони ҷавонони сари кор омада тақдирҷунбоне буд  — Ғоиб Назарович Қаландаров, раиси кумитаи телевизион ва радиои кишвар! Ғоиб Назарович, шахсияти барҷастаи замони худ, роҳбари сахтгиру серталаб, вале адолатпарвару меҳрубон буд. Дар айёми роҳбариаш дар телевизион ва радиои кишвар корҳои арзишманди зиёдеро амалӣ кардааст, ки яке аз онҳо бо номи бозсозӣ дар соҳа ёд мешавад. Бозсозии ӯ  бо такя ба ҷавонон ва боварии комил ба онҳо натиҷаҳои дилхоҳ дод ва он даҳсоларо ҳоло бо номи давраи тиллоии телевизион ёд мекунанд… 

Шахсан шоҳид ҳастам, Бобоҷон Икромов ҳам дар вазифагирӣ ва ҳам дар вазифасупорӣ аз рӯи оини ҷавонмардӣ кор мекунад… Ин амалҳояш низ бароям сабақ буданд ва бо гузашти айём ҳар вақте, ки бароям низ  вазифа медоданду мегирифтанд, аз рӯи ҳамин оини акои Бобоҷон амал мекардам…

Чунин иттифоқ афтод, ки ман як муддат аз рӯзноманигорӣ дур шуда,  баъди сафари Афғонистон ба зодгоҳам баргаштам ва дар кори комсомолӣ машғул будам. Баъдан ҳамин корро дар Хуҷанд идома медодам…

Соли 1990 масъалаи таъсиси телевизиони вилояти Суғд (он вақт Ленинобод), дуюмин телевизиони кишвар  матраҳ буд. Боз ҳам тавсияи акои Бобоҷон, ки он айём муовини Раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон буданд,  кора кард ва роҳбарияти вилоят маро аввалин сармуҳаррири ҳамин телевизион таъин намуданд. Ин замони хеле ҳассос буд ва муборизаи гуруҳҳои сиёсии кишвар барои дастёбӣ ва таъсиргузорӣ дар ин дастгоҳи  таблиғотӣ чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Хуҷанд ҷӯш мезад…

Дар ин лаҳзаҳои вазнин мо паҳлӯи ҳамдигар будем….

Дар зиндагии Бобоҷон Икромов як саҳифаи дурахшони дигар вуҷуд дорад, ки ҳамеша ҳам барои ӯ ва ҳам барои наздикону пайвандонаш мояи ифтихор хоҳад буд. Соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба вазифаи Раиси  кумитаи Телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин карданд. Масъулияти баланд, вале вазифаи дар миёси замон хеле хатарнок ба уҳдааш вогузор шуд. Дар ҳоле, ки талабгорони вазифа аз тарси ҷон лаб ба хомӯшӣ зада, аз вазифагирӣ меҳаросиданд,  ӯ масъулиятро ба дӯш гирифт ва дар паҳлӯи Сарвари тозаинтихоби давлат қомат рост кард. “… яке аз 3 нафаре буд, ки аввалин шуда, аз ҳайати ҳукумати нав ба Душанбе ворид гардид, журналистони парокандаро савори танк аз хонаҳояшон ҷамъ овард, то садои ҳукумати навро ба мардум расонад, чанд бор суиқасд ба ҷонаш намуданд, 48 тир аз болои сараш парронданд, аммо чизе садди роҳи ҷасорати ӯ нашуд”, — навиштааст Раҷаби Мирзо.  

Шукрона, ки имрӯз давлат тинҷ шудаасту вазифагирҳо низ лак-лак…

Баъди он, ки ин вазифаро тарк кард, ба тамом ба Хуҷанд баргашт ва беш аз 25 соли охир ҳамеша дар шодиву ғами ҳамдигар шарикем. Як муддат ҳамроҳ дар ширкати телевизионии  “Мир” ва сохтори зертобеи он  кор кардем. Баъд якҷоя ва бо дастгирии дӯстону бародарони хубамон Оҷонсии иттилоотию таҳлилии “Вароруд” – ро таъсис додем, ки бештар аз 15 сол дар фазои иттилоотии кишвар ҳам оҷонсӣ ва ҳам нашрияҳои он босамар фаъолият  доштанд. Ин як давраи хуби худсозию худсӯзиҳо буд, ки шояд тафсилоти ёддошту хотироти накӯро  аз ҳамкориҳою ҳамёриҳои  устоду  шогирд  дар ин давра замоне баён кунем… Худо хоҳад…

Ман дар бораи осори адабӣ ва публисистӣ, мукофотҳои гуногуни касбию байналмиллалиаш чизе намегӯям, ба ҷузъ он, ки Ӯ як шахси фаромиллӣ аст ва дар ҳамса ҷо як рисолат дорад – васлгарӣ. Шояд ана ҳамин хислаташ ӯро маҳбуби ҳамагон кардааст…

…манзалати ӯ бароям ҳамеша аз ҳамшаҳру ҳамгузару ҳамсинфу ҳамсабақу ҳамтабақу  ҳатто  хешу табор болотар аст… ва болотар хоҳад монд…  Ӯ Акои ман аст, ӯ Устоди ман аст, ӯ Дӯсти ман аст…

Конфутсий гуфтааст, ки “сахттарин қисмати омӯзиш ин омӯзиши арҷгузорӣ ба устод аст”. Ва боз мегӯянд, ки устоду мураббӣ будан ва раҳнамоӣ кардан аз вижагиҳои анбиёст. Ҳақ асту рост.

Имрӯз, рӯзноманигор,  адиб ва публитсисти беназир,  Акои ман, Устод ва Дӯсти ман Бобоҷон Икромов ба синни мубораки  63 — синни Пайғамбарамон қадам монданд.

Ин рӯзи саидро барояшон, ба аҳли хонавода, дӯстон, пайвандон ва шогирдонашон самимона шодбош мегуям. Танашон сиҳат ва хотирашон ҳамеша ҷамъ бошад. Худо кунад, ки умрашон дароз ва ҳамеша дар ҳалқаи азизону пайвандон зиндагии пур аз шодию нишот дошта бошанд! Зодрӯз муборак!

Бо эҳтиром, додар, шогирд ва дӯстатон  Илҳом Ҷамолиён

 

P.S. Бисёриҳо мегӯянд, ки Ӯ қадам бардоштаву ман аз паяш по мондаам… Дуруст. Ва ҳам нозироне мегӯянд, ки  ҳарчанд хеле кӯшидаам, аммо як чизро аз ӯ ёд нагирифтаам – таҳаммулпазирӣ ва дипломатияро… Шояд… шояд андаке ёд гирифтаам, вале хеле новақт…

На платформе MonsterInsights