Маърифати исломӣ,  Худсозӣ

Асрори хушбахтӣ дар 40 оёти Қуръон ниҳон аст.

Адиби турк Ирфон Челебӣ дар китоби худ “Аз илҳом то қалб” менависад, формулаи хушбахтӣ, ки солҳои тӯлонӣ онро ҷустуҷӯ мекунем, дар 40 ояти Қуръон ниҳон аст. Ҳамакнун ошно шавед:

Ҳавобаланд машав, такаббур макун. Хоксор бош: «Ва дар замин хиромон марав;ба дурустӣ ки ту заминро нахоҳӣ шикофт ва дар дарозӣ  (-и қомат) ба кӯҳҳо нарасӣ». (Исро, 17/37)

Худбин машав: « Эй (марди) ҷома бар худ печида! Бархезу битарсон ва Парвардигори худро ба бузургӣ ёд кун. Ва ҷомаҳоятро пок соз ва палидиҳоро дур кун; (Муддассир, 74/1-5).

Ноумед машав. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун, ки поёни шаби сияҳ сафед аст: «Онон, ки чун сахтие ба онҳо бирасад, гӯянд: «Ҳамоно мо аз они Худоем ва ҳамоно мо ба сӯи Вай бозхоҳем гардид»» (Бақара, 2/156).

Ёдат бошад,  ҳеҷ гоҳ аз  ҳама чиз ва ҳамаро пешдастӣ карда наметавонӣ: «Ва Қуръон гуфтори Шайтони рондашуда нест. Пас, куҷо меравед? Нест Қуръон, магар панд барои оламиён, барои ҳар ки аз шумо, ки бихоҳад росткирдор шавад.» (Таквир, 81/25-28).

Бо дархости болои ҳама  ҳукмфармо шудан, ҳаёти худро тоқатфарсо макун: «Оё гумон мекунад, ки ҳеҷ кас бар вай қодир нашавад? Мегӯяд: «Моли бисёр харҷ кардам»» (Балад, 90/5-6)

Ба васвасаи бузургманишӣ гирифтор машав. Дигаронро хор карда, дӯстонатро аз худ дур макун: «Ҷуз ин нест, ки мӯъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад». (Хуҷурот, 49/10).

Некӣ кун ва барои ин подош мапурс: «Эй мӯъминон, агар Худоро нусрат диҳед, (Худо) шуморо нусрат медиҳад ва қадамҳоятонро собит мекунад.» (Муҳаммад, 47/7).

Дониста бош, одам наметавонад худ аз худ хушбахт бошад. Саъй кун, то муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунӣ, хушбахт бошад: «Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ, дар ин кор барои гурӯҳе, ки тааммул мекунанд, нишонаҳое ҳаст». (Рум, 30/21).

Ба ҷойи он, ки аз марг тарс дошта бошӣ, боҷуръат ба чашми ҳақиқати марг назар дӯз: «Пас, он гоҳ, ки рӯҳ ба нои гулӯ расадва шумо дар он вақт мебинед ва Мо ба ӯ нисбат ба шумо наздиктарем, валекин наменигаред. Пас, агар ғайри ҷазододашудагон ҳастед, агар ростгӯй ҳастед, чаро рӯҳро боз нагардонед?» (Воқиа, 56/83-87).

Некиатро фаромӯш кун. Ёдовар шуда, онро бебурд макун: «Сухани мулоим гуфтан ва даргузаштан беҳтар аз он хайрот аст, ки аз паи он озурда кардан бошад. Ва Худо Бениёзи Бурдбор аст».(Бақара, 2/263).

Дар ҷавоби бадие, ки дар муқобили ту сурат гирифт, аҷала макун. Интизор бош, то хашмат поён шавад: «Ва бандагони [Худои] Раҳмон ононанд, ки бар замин ба оҳистагӣ мераванд ва чун нодонон бо онҳо сухан гӯянд, онҳо мегӯянд: «Салом (бар шумо бод)!» (Фурқон, 25/63).

Аз чизе, ки осоишатро мерабояд, дур шав. Андозаи рағбати хешро нигаҳ дор: «Оё синаатро барои ту накушодаем? Ва он бори туро аз ту дур кардем, ки пушти туро гарон карда буд;» (Иншироҳ, 94/1-3).

Агар одам намозро ҷиддӣ қабул надорад, ҳатто бо адои намоз ҷоҳил боқӣ мемонад: «Пас, вой бар он намозгузорон! Онон, ки аз намози худ ғафлат меварзанд;» (Моъун, 107/4-5).

Аз хотир набарор, ки ҳеҷ розе нест, ки то абад ифшо нагардад: «Оё надидӣ, ки Худо он чиро медонад, ки дар осмонҳо ва дар замин аст? Ҳеҷ бо якдигар роз гуфтани се шахс набошад, магар он ки Худо чаҳоруми онҳо аст, ва ҳеҷ роз гуфтани панҷ шахс набошад, магар он ки Худо шашуми онҳо аст; ва на камтар аз ин ва на зиёда аз ин, магар он ки Худо, ҳар куҷо бошанд, бо онҳо аст; сипас рӯзи қиёмат онҳоро ба он чи кардаанд, хабар диҳад. Ба дурустӣ ки Худо ба ҳар чиз Доно аст». (Муҷодала, 58/7).

Тамаъҷӯй машав, адолатманд бош: «Ва осмонро барафрошт ва тарозуро баргузор кард, то он ки дар тарозу аз ҳад таҷовуз накунед.Ва [вазнро] ба инсоф рост санҷед ва дар тарозу нуқсон макунед.» (Раҳмон, 55/7-9).

Ба такаббур дода шуда, бисёрталабӣ макун ва зиндагии хешро ба дӯзах табдил мадеҳ: «Бисёрталабӣ шуморо ғофил кард, то вақте ки ба гӯристонҳо расидед». (Такосур, 102/1-2).

Ҳатто дар мушкилтарин айём ноумед машав: «Агар пайғамбарро нусрат надиҳед (чӣ бок?) Ба дурустӣ ки Худо ӯро нусрат додааст: он гоҳ, ки кофирон ӯро дар ҳоли дуюми ду кас будан берун карданд; он гоҳ, ки ин ду кас дар ғор буданд. он гоҳ, ки ёри худро мегуфт: «Андӯҳ махӯр, ба дурустӣ ки Худо бо мост». Пас, Худо таскини Худро бар пайғамбар фурӯ фиристод ва ба ӯ бо лашкарҳое, ки шумо онро надидед, қувват дод ва сухани кофиронро фурӯтар сохт. Ва сухани Худо баланд аст ва Худо Ғолиби Дурусткор аст.» (Тавба, 9/40).

То худро бо онҳое, ки вазъашон аз ту беҳтар аст, муқоиса карда, ғамгин шудан, ба онҳое, ки дар шароити аз ту ҳам бадтар қарор доранд, назар дӯхта, тасалло гир: «Ва нобинову бино баробар нестанд ва на торикиҳову равшанӣ ва на сояву боди гарм. Ва зиндагону мурдагон баробар намешаванд. Ба ростӣ, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад; ва ту касеро, ки дар гӯр бошад, шунавонанда нестӣ». (Фотир, 35/19-22).

Аз лаззати ба ҳам дидани беҳтарин чизат бо дигарон ҳаловат бар:«[Гуфта шавад:] «Эй нафси оромгиранда! Ба сӯи Парвардигори хеш бозгард, [дар ҳоле ки] ту хушнуд шудаӣ ва аз ту низ хушнуд гашта» (Фаҷр, 89/27-28).

Бигзор дар ҳаёти ту шартҳое бошанд, ки рӯй гардондан аз онҳо ғайриимкон шавад. Ба хотири суди камбаҳо онҳоро қурбонӣ макун:«Ба дурустӣ ки ин шахс ба Худои Бузург имон намеовард ва (мардумонро) бар таом додани фақир рағбат намедод. Пас, ӯро имрӯз дар ин ҷо дӯсти наздике нест.» (Хоққа, 69/33-35).

Агар хоҳӣ, ки дӯстони боэътимод пайдо кунӣ, аввал худат мӯътамад бош: «Ва (низ) аз они касоне аст, ки баъди муҳоҷирон омаданд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ»». (Ҳашр, 59/10).

Худхоҳ мабош, дигаронро бо комёбиашон табрик карда тавон: «Ва чун онҳоро бибинӣ, ҷисмҳояшон туро ба тааҷҷуб орад; ва агар [сухан] бигӯянд, бар суханҳояшон гӯш ниҳӣ, гӯё онҳо чӯбҳои ба девор бозниҳода ҳастанд, ҳар овози тундро (ҳалоке) бар худ мепиндоранд. Онҳо душманонанд, пас, аз онҳо ҳазар кун. Худо онҳоро ҳалок кунад! Чӣ гуна [аз ҳақ] гардонида мешаванд?». (Мунофиқун, 63/4)

Ёд дорҳар навишта ё амали ту ҳамеша бо туст: «Нун. Савганд ба қалам ва ба он чӣ менависанд,ки ту, ба фазли Парвардигорат, девона нестӣ». (Қалам, 68/1-2)

Аз дурӯғ бар канор шав: «Эй мӯъминон, чаро мегӯед он чи намекунед?» (Саф, 61/2)

Бо он озодие, ки зиндагии муосир дар муносибати байни мардон ва занон ба ихтиёр гузоштааст, саргарм машав: «(Зани Азиз) гуфт: «Ин он кас аст, ки маро дар (ишқи) вай маломат карда будед. Ба дурустӣ ки ман аз вай талаб кардам, то ӯро аз ҳифзи нафси худаш ғофил кунам. Пас, худро нигоҳ дошт. Агар он чи ба ӯ мефармоям, накунад, албатта, зиндон карда шавад ва аз хоршудагон бошад».(Юсуф) гуфт: «Эй Парвардигори ман, назди ман зиндон дӯсттар аз он чи аст, ки маро ба сӯи он мехонанд. Ва агар Ту фиреби ин занонро аз ман надорӣ, албатта, ба онҳо майл кунам ва аз нодонон бошам»» (Юсуф, 12/32-33) .

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун, ки дӯсти ҳақиқӣ чӣ қадру қиммат  дорад: «Достони онон, ки ба ғайри Худо дӯст он гирифтаанд, ҳамчун достони анкабут аст, ки хонае фаро гирифт. Ва агар медонистанд, сусттарини хонаҳо, ҳамоно, хонаи анкабут аст.» (Анкабут, 29/41).

Бидуни шарт некӣ кардан хоҳишат бошад. Муҳим он, ки  бештар барои накӯкорӣ харҷ шавад, на ин ки бештар гирифта шавад:«Ҳаргиз некӯкориро наёбед, магар он ки аз он чи дӯст медоред, харҷ кунед ва Худо ба ҳар чиз, ки харҷ кунед, Доност» (Оли Имрон, 3/92).

Ҳаёти хешро бо таассуб заҳрогин макун: «Бигӯ: «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст; ва ман ғайбро [низ] намедонам; ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаамчизеро пайравӣ намекунам, ба ҷуз он чи, ки ба сӯи ман ваҳй карда шудааст». Бигӯ: «Оё нобино ва бино баробар мешаванд? Оё тааммул намекунед?»»» (Анъом,6/50).

Бигзор, ҳар чизе, ки бо дониши худ онро шарҳ дода наметавонӣ, даҳшати зиндагии ту набошад: «Ва Ӯ Он [Худой] аст, ки ба шаб қабзи рӯҳи шумо мекунад; ва он ч и-ро, ки ба рӯз касб кардаед, медонад, боз дар рӯз шуморо бармеанг е-зад, то меоди муайян ба анҷом расонида шавад. Сипас бозгашти шумо ба сӯи Ӯст; ва шуморо ба он чи мекардед, хабар медиҳад.» (Анъом, 6/60).

Асири тарсҳои худ мабош: «Бигӯ: «Ба Парвардигори субҳ паноҳ мегирамаз шарри ҳар чи офаридааст ва аз шарри шаби торик, чун дохил шавад ва аз шарри занони ҷодугари дар гиреҳҳо дамзананда ва аз шарри ҳасуд, чун ҳасад кунад»» (Фалақ, 113/1-5).

Ҳеҷ гоҳ назди худ шарт магузор, ки ту бояд хубтару хубтарашро ба даст оварӣ: «Оё дар замин сайр накардаанд, то онҳоро дилҳое бошад, ки бо он фаҳм кунанд, ё гӯшҳое, ки бо он бишунаванд. Ҳар оина ҳол он аст, ки чашмҳо нобино намешаванд, валекин он дилҳое, ки дар синаҳоанд, нобино мешаванд».(Хаҷҷ, 22/46).

Ҳаргиз аз раҳму шафқат даст макаш: «Ва Худоро аз он чи ситамкорон мекунанд, бехабар мапиндор; ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рӯзе мавқуф мед орад, ки дар он чашмҳо хира шаванд.» (Иброҳим, 14/42).

Дар ҳаққи волидайнат бад магӯ, ҳатто «Уф!» нагӯӣ: «Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре] — ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ.» (Исро, 17/23).

Бо худтаърифкунӣ машғул машав: «Агар кори некро ошкоро кунед, ё онро пинҳон кунед, ё аз зулме афв кунед, пас, ба дурустӣ ки Худо Афвкунандаи Тавоност.» (Нисо, 4/149).

Ба он, ки дар зиндагӣ ҳама чиз доимӣ нест, итоат кун: «Ва чун ба одамӣ ранҷе бирасад, бар паҳлӯ хуфта, ё нишаста, ё истода ба ҷониби Мо дуо мекунад; пас, он гоҳ, ки ранҷи ӯро аз вай бардорем, меравад, гӯё, ки Моро ба дафъ кардани ранҷе, ки ба ӯ расида буд, нахондааст. Ҳамчунин, барои аз ҳад гузарандагон он чи мекарданд, ороста шуд.» (Юнус, 10/12).

Фаромӯш макун, ки ба ҷавли худ вафо накардан бешарафист: «… касоне, ки ту бо онон аҳд бастаӣ, сипас дар ҳар мартаба аҳди худро мешикананд; ва онҳо парҳез намекунанд» (Анфол, 8/56).

Рағбати хешро худои худ магир: «Оё он касро дидӣ, ки хоҳиши нафси худро худои худ гирифтааст? Оё ту бар вай нигаҳбон мешавӣ?» (Фурқон, 25/43)

Ақидаи хешро зинда нигаҳ дор: «Ва сухан аз хоҳиши нафс намегӯяд». (Наҷм, 53/3).

Ҳангоми тасмимгирӣ ба садои виҷдонат гӯш: «Ба дурустӣ, Худо ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед ва (мефармо яд, ки) чун миёни мардумон ҳоким шавед, ба ростӣ ҳукм кунед. Ҳар оина некӯ чизе аст, ки Худо бо он ба шумо панд медиҳад. Ба дурустӣ ки Худо Шун авои Биност» (Нисо, 4/58).

Моломоли эҳсоси сипосмандӣ ба Худованди хеш бош, ки ту ва ин ҷаҳонро офаридааст ва Худойро ситоиш кун: «Ситоиш Худойро, [ки] Парвардигори оламиён» (Фотиҳа, 1/1).

Манбаъ: sabah.com.tr

На платформе MonsterInsights