Тарҷума,  Худсозӣ

Чӣ гуна ва чаро аз дилбастагӣ бояд раҳо шуд?

Тамоми дилбастагиҳо моро ҷазб мекунанд ва намегузоранд, ки озод бошем. Бино бар ин зиндагӣ ҳамеша моро аз оне, ки дилбастагӣ дорем, вомераҳонад.

Аксарият мушоҳида кардаанд, вақте бисёр хоҳишмандӣ ва аз ин хусус зиёд андеша дорӣ, гӯё ҳама муқобили ту бошанд, мақсад ҳосил намегардад. Аммо вақте хоҳишат сар-сарист, бахусус ба натиҷааш чандон эътибор намедиҳӣ ва таваккал ба Худо мекунӣ, ҳамааш ба осонӣ ҳал мешавад. Ё дар муносибат ҳам, агар ба касе дил бастӣ, ҳамоно бетафовут мешавад.

Масалан, муносибат бо кӯдак. Шояд, раҳо кардани кӯдак коре бештар аз ҳама мушкил ва хатарнок ба назар расад. Зеро чун қоида, волидайн ба ҷигарбанди хеш дилбастигии зиёд доранд ва ҳатто ӯро як ҷузъи худ меҳисобанд. Тарсу ҳарос ва нобоварии шахсии худро ба ӯ таҳмил карда, мекӯшанд, то ӯро аз мусибат ва фалокатҳо эмин дошта бошанд. Чунин мешуморанд, ки гӯё хубтар медонанд ва ҳам медонанд, чӣ кор ва чӣ гуна беҳтар бояд кард; амалан ба ҷойи ӯ ба сар мебаранд. Ба ин васила рисолати хешро иҷро намекунанд ва ҳам зиндагии бегонаро ба сар мебаранд. Ҳамзамон ба амалӣ шудани як шахсияти комилан нав халал ворид мекунанд. Фаромуш набояд кард, ки фарзанд атоест ва ҳамеша аз волидайн бештар хирадманд хоҳад буд, зеро захираи хирадаш бештар аст. Ҳар насли минбаъда аз насли пешин хирадмандтар аст.

Агар мушкилоте дар кор дошта бошед, пас бояд ба кор часпид. Агар мурод ҳосил нашуд, пас маълум, ки шумо ба натиҷаи кор часпидаед.

Шумо бо тамоми қувва мехоҳед, ки касеро бо дилбастагӣ бо худ боздоред, не раҳонед, худаш моил мешавад. Ва агар ин каси шумо нест, пас маҳз аз они шумо хоҳад омад.

Агар ҳамаашро набошад ҳам, бисёр чизҳоро бояд раҳо кард. Шурӯъ аз наздикону пайвандон то ҳадафҳову хоҳишҳо ва ғайра. Ҳайратовар аст, ҳар дафъа раҳо карда, кашф мекунӣ, ки чизеро набохтаӣ. Аммо худро дарёфтаӣ!

Мусиқии дилнавозу сокитбахшро баланд кунед, дар чавкӣ роҳат нишинед, чашмҳоятонро пӯшед ва ором шавед. Тасаввур кунед, инсонеро, ки бароятон наздик ва азиз аст, ба киштӣ савор карда, ба дарёгардии тулонӣ мегуселонед. Лаҳзаи видоъ муҳим аст. Шумо дарди фироқу ҷудоиро эҳсос мекунед. Аммо маҳз дар дарк ва қабули ин дард, вақте мо эҳсос мекунем, ки воқеан ҳам аз дилбастагиамон раҳо мешавем, моҳияти наҷот ва ченаки самарабахшии ин амалия ифшо мегардад.

Ба раҳоии ҳамешагии инсон бикӯшед. Бигзор киштиии ӯ боз ҳам бузург, зебо, муҳташам, пур аз нур ва асбобу анҷоме, ки барои дарёгардии тӯлонӣ зарур аст, таҷҳиз бошад.

Таъқиб кунед, ки киштӣ соҳили шуморо тарк намояд, бо самимият аз таҳти дил барояш шиноварии нек, хуш ва босаъодатро хоста бошед.Тасаввур кунед ва аз ақиб барояш талъати хушбахтӣ, комёбӣ, сиҳатӣ ва хушиҳоро равона созед.   Бодбонҳояшро бо боди муҳаббат дам кунед. Муҳимаш, инсон дар ин киштӣ хушбахт бошад! Бинобар он дар ин киштӣ бигзор ҳама чиз, ҳама чизе, ки инсонро писандида аст, ё дӯст медорад, бошад, Бале, тасаввур кардан дардовар аст, инсони бароятон азиз ва наздик дар оламе хушбахт ва хушвақт аст, ки шумо онҷо нестед. Аммо ҳарчанд номумкин менамояд, шумо бояд саъй кунед, то раҳо шавад. Маҳз дар ҳамин саъйи раҳоӣ лаҳзаи ҷудоии дил аз бастагиҳояш сурат мегирад. Ҳамин ки мо дарди ҳиҷратро истиқбол мегирем, ҳамоно моро эҳсоси сабукии қудсӣ, озодии илоҳӣ ва хушвақтии ғайризаминӣ фаро мегирад. Эҳсоси талхи танҳоӣ бо ваҳдати илҳомбахши илоҳӣ иваз мешавад. Ваҳдати худ ба худ, бо худованд дар қалб, яъне бо тамоми олам. Ҷони мо мисли гулғунча шукуфон мешавад ва мисли мурғ бол мекушояд. Ин ҳолатест, беинтиҳо, ҳайратангез ва пурафсун.

Ёд дошта бошед: танобро набуред ва канда нагиред, онро бояд во кард. Ҳамзамон тасаввур кардан ғалат, ки киштӣ шино накардааст ва ҷониби бандари  Шумо қарор дорад. Инсонро дар чунин киштӣ, ки имкони ҷаҳонгардӣ надорад ва зуд пас мегардад, наметавон гусел кард. Раванди раҳоӣ бояд дар ҳадди олӣ самимӣ, бошарафона ва фарогир бошад, пасон натиҷа ҳосил мешавад. Мо киштиро бояд бо дарки он, ки метавонад дигар аслан барнагардад ва бо орзуи ҳаёти воқеан ҳам хушу ширин ба инсоне, ки бо ӯ падруд гуфтанӣ ҳастед, гусел кунем. Ҳатман акси хушбахтиро, ки он инсон дар киштӣ ба сар мебарад, ба даст хоҳед овард.

Таъқиб кунед, ки киштӣ шинокунон дур равад, то ба нуқтае мубаддал гардад ва дар уфуқ нопадид шавад. Пинҳон нашуда, то охир, то ба умқи дарди ҳиҷрон ба сар баред. Пасон шумо ба зудӣ ҳадяи озодии бепоён ва хуширо, ки ҳамеша бо шумо хоҳанд буд, дарёфт мекунед.

Вақте, ки раҳо мекунем, гуё марг гулугир шуда бошад, гунаи маргро ба сар мебарем. Аммо баъди марг, таваллуди дигар рух медиҳад.

Аз нафари аввал, ки муҳимтарин аст, шуруъ намоед, ба дарёгардии дур пайвандони дигар ва азизони дилатон — волидайн, фарзандон, дӯстон ва ба ҳамин монандро раҳо кунед.

Ва ҳар дафъаи гусел дарди танҳоӣ бо ваҳдати илҳомбахши илоҳӣ дар қалб ва бо тамоми олам иваз мешавад. Озодӣ, хушвақтӣ ва нури фарогиратон боз ҳам бештар тақвият меёбад. Эҳсос мекунед, нирӯи шумо дигар фай намешавад, балки печ мезанад ва атрофи шумо ҳалқа месозад — шумо ба офтоби нирӯбахш мубаддал мешавед.

На платформе MonsterInsights