Гузоришҳо,  Мақолаҳо

Дар Нур-Султон мубориза бо иттилооти бардуруғ ва дасткориро омӯзонданд

Тайи 3 рӯз дар шаҳри Нур — Султони Қазоқистон #MisInfoQuest бо ширкати устодону шогирдони ихтисосҳои журналистии донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, журналистон ва коршиносони варзидаи ин минтақа баргузор шуд. Дар ин маҳфил Olga Yurkova яке аз ҳаммуассисони Stopfake дар Украина дар бораи тақдири ин хадамот, таҷрибаҳо ва хизматҳои шоёни фактчекер Olena Churanova нақл кард. Ҳамчунин мубоҳисаи фактчекерҳои минтақа хеле гарму самимӣ сурат гирифт ва баҳсҳои домандорро миёни шунавандагон ба бор овард.

Мубориза бо иттилооти бардуруғ, ҷалъӣ ва ҳама гуна дасткориҳо мавзуъҳои асосии баҳсу мунозираҳо дар ҷарёни #MisInfoQuest буданд. Павел Банников ҳангоми баргузории мастер-класс вожа ва истилоҳҳои асосиии далелсанҷӣ ё худ фактчекингро шарҳу эзоҳ дода, фарқияти миёни «фейк», «шоҷеот» ва «шухӣ» — ро баён дошт ва дар ин замина дарси амалиро низ анҷом дод.

Natalia Lee дар бораи расонаҳои нав ва формати онҳо, Altynai Mambetova бобати таҳлили додаҳо, Борис Жуковский аз хусуси ташаккули тафаккури интиқодӣ, Gulim Amirkhanova дар бораи саводи расонаӣ ва чигуна дар ин бобат қисса карданро нақл карданд. Дарси амалии Дмитрий Завьялов дар бораи сторителлинг ва имкониятҳои қиссагӯии визуалӣ низ хеле ҷолиб буд.

Ҳанӯз аз нахустин рӯз иштирокдорони #MisInfoQuest ба 9 даста тақсим шуда, маводҳои чандрасонаии худро, ки ба мубориза бар зиди иттилооти бардуруғ, ҷалъӣ ва дасткориҳо бахшида шудаанд, омода намуданд, ки онҳо рӯзи ниҳоии маҳфил баррасӣ шуданд ва ба 3 дастаи ғолиб тӯҳфаҳо тақдим гардиданд.

Аксҳои ёдгорӣ аз сафари Нур-Султон

На платформе MonsterInsights