Илм,  Расонаомӯзӣ

Саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва экосистемаи расонаӣ

Проблемаҳои омодагии иттилоотии инсон ба ҳаёт  дар ҷомеаи иттилоотӣ чандест, ки дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтаанд ва ҳоло  аксари созмонҳои бонуфузи байналмиллаӣ аҳамияти саводи расонаӣ – иттилоотиро, ҳамчун маҷмӯи малака ва маҳоратҳои мушаххас хоса таъкид менамоянд ва гуфта  мешавад, ки саводи расонаӣ – ба омили муҳимтарини ташаккули одами муо­сир табдил меёбад.

          Саводи расонаӣ аз нигоҳи донишномаи озоди Википедиа (https://bit.ly/3cntKmT , санаи муроҷиат – 20.02.2020) чун маҳорати ин­тиқодии одамон дар «таҳлил намудан, арзёбӣ ва сохтани хабар дар навъҳои гуногуни расонаҳо, жанрҳо ва қолабҳо» тавсиф шудааст. Аммо аз нигоҳи илмӣ навиштаҳои Википедиа қобили қабул нестанд ва ин навиштаро наметавон ба ҳайси ҳақиқа­ти кул қабул кард.

            Муроҷиат мекунем, ба манбаъҳое, ки бо саводи расонаӣ сару кор доранд ва онро тавсиф кардаанд. Ассотсиатсияи аврупоии дастгирии манфиатҳои истифодабарандагони расонаҳо (the European Association for Viewers Interests – EAVI), ки аз манофеи истъмолкунандагони расонаҳо дифоъ мекунад, пешбурди саводи расонаиро аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти худ эълом кардаст.  Ин созмон меафзояд, ки саводи расонаӣ беш аз пеш муҳимтар мегардад, зеро дониш дар ҳоли ҳозир, дар навбати аввал, тавассути фанновариҳои рақамӣ интиқол меёбад. Шахсоне, ки аз лиҳози шинохти воситаҳои ахбори омма босаво­данд, метавонанд дар тамоми сатҳҳои ҳаёти ҷомеа — аз шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳукумати электронӣ иштирок кунанд. Одамоне, ки ин маҳоратҳоро надоранд, дар канор хоҳанд буд ва осебпазир боқӣ мемонанд.  Бино ба таъкиди ин созмон:  “Саводи расонаӣ ин қобилияти дастрасӣ, мубодила, арзёбии интиқодӣ, эҷод ва иштирок дар васоити ахбори омма мебошад. Ин салоҳиятҳо аз малакаҳои асосии асри 21 ҳисобида мешаванд.”   (https://eavi.eu/glossary/media-literacy/, санаи муроҷиат – 19.11.2019)

          Лоиҳаи аврупоии MediaCoach мафҳуми саводи расонаиро, ки бо коршиносони расонаии Комиcсияи аврупоӣ мувофиқа шудааст, чунин пешниҳод менамояд: «Саводи расо­наӣ масъалаи ҳамгироӣ ва шаҳрвандӣ дар ҷомеаи иттилоотии муосир аст. Ин малакаи бунёдӣ на танҳо барои ҷавонон, балки барои калонсолону пирон, волидон, омӯзгорон ва мутахассисон дар соҳаи воситаҳои иттилоот аст. Мухтасар  — ин имконияти дастрасӣ, истифодабарӣ, арзёбӣ, эҷод ва иштирок дар воситаҳои ахбори умум аст. Ин салоҳиятҳо дар асри 21 маҳоратҳои калидӣ ва сароғозе барои шаҳрвандии комил ва фаъол ба ҳисоб мераванд” ( http://mediacoacheurope.eu/, санаи муроҷиат – 11.12.2019)

                Ба ин мавзӯъ созмонҳои амрикоӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд Аз ҷумла Media Literacy Now  (Саводи расонаӣ дар ҳамин ҳол) — яке аз созмонҳои пешбари ғай­риҳукуматии амрикоӣ саводи расонаиро ҳамчунин «маҳорати калидии асри 21» меномад. Ин созмон ҳамчунин гуногуннавъии саводи расо­наиро махсус таъйид мекунад. Бино ба таъкиди ин созмон:

             «Саводии расонаӣ

— мафҳуми саводнокиро тавсиа мебахшад, зеро иттилооти рўз дар шаклҳои гуногун меояд ва саводнокӣ дигар бо хондану на­виштан маҳдуд намешавад;

— ҳалли масъалаҳои тандурустиро пешниҳод мекунад, мисли ма­соиле чун тасвири бадан ва истеъмоли моддаҳои психоактивӣ;

— ба тамоми одамон имкони иштирок дар муҳити ҷаҳонии расо­наиро медиҳад».  (https://medialiteracynow.org/what-is-media-literacy/, санаи муроҷиат – 12. 01.  2021)

          Аммо ЮНЕСКО — як созмони пешбар ва хеле муътабари байналмилалӣ, ки  дар самти рушди саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар миқёси ҷаҳон аз соли 1982 машғул аст, дар ин самт корҳои арзишмандеро анҷом додааст. Созмони мазкур ва ҳамчунин Федератсияи байналмиллалии ассосиатсияҳои китобхонаҳо (ИФЛА)  тӯли солиёни дароз ташаббускори рушди ду навъи мустақил: “саводи расонаӣ”  (ЮНЕСКО) ва “Саводи илттилоотӣ” (ИФЛА)  буданд. Баъдан  ЮНЕСКО и ИФЛА пешниҳод карданд, ки ду мафҳум “саводи расонаӣ” (media literacy) и “саводи иттилоотӣ” (information literacy)  зери як «чатр»-и истилоҳи умумӣ — «саводи расонаӣ — иттилоотӣ» (СРИ) муттаҳид карда шаванд.

           Аз ҷумла, ЮНЕСКО дар Эъломияи Маскав аз соли 2012 таъкид намуд, ки «саводи расонаӣ» ва “саводи иттилоотӣ “ — ин маҷмӯи дониш, муносибат, малака ва маҳоратҳое, ки ба дастрасӣ ба иттилооту  дониш, таҳлил, ташхис, арзёбӣ, истифода, эҷод ва интишори самараноки онҳо  тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ахлоқӣ, инчунин талаботи ҳуқуқи  инсон имкон медиҳанд.  Одами саводи расонаӣ – иттилоотиаш баланд метавонад, воситаҳои гуногун, манбаъҳо ва шабакаҳои иттилоотиро ба манфиати шахсӣ, касбӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ истифода намояд” (Эъломияи Маскав оид ба саводи расонаӣ-иттилоотӣ (2012) (Захираи электр. Кумитаи барномаҳои ЮНЕСКО дар Русия «Иттилоот барои ҳама». URL: http://www.ifapcom.ru/files/News/Images/2012/mil/Moscow_Declaration_on_MIL_rus.pdf   (санаи муроҷиат — 14.04.2019).

            Дар ниҳояти кор ЮНЕСКО соли 2016 саводи расонаӣ — иттилоотиро ба таври зайл тавсиф кард. “СРИ — маҷмўи салоҳиятҳо барои ҷустуҷў, арзёбии интиқодӣ, интишо­ри босаводонаи иттилоот ва муҳтаво; донишҳо оид ба ҳамкории ва­соити оммаи ахбор бо ТИК барои пешбурди баробарӣ, озодии баён, муҳова­раҳои байналмилалии фарҳангӣ/динӣ ва ғайра аст.   (http://www.unesco.org/new/fileadmin/MULTIMEDIA/HQ/CI/CI/pdf/news/Fez%20Declaratio n.pdf   (санаи муроҷиат: 11.10.2019).

          Ба хотири он, ки ҳадаф ва вазифаҳои саводи расонаиро дарк намоем, бояд онро дар муқоиса бо рӯзнома нигорӣ дид, ки инфографикаи поён аз он шаҳодат медиҳад.

Аз ин лиҳоз саводи расонаӣ — иттилоотиро набояд бо журналистика омехта кард. Вақтҳои охир ин истилоҳ хеле фаровон истифода мешавад, ки  зери ин мафҳум «маҷмӯи муносибатҳо, донишҳо, қобилияту тавоноиҳо ва малакаю маҳоратҳо дар назар дошта шудаанд ва ин ба одамон имкон медиҳад, то муайян созанд, ки кай ва чӣ гуна иттилоот лозим аст, аз куҷо ва чӣ гуна онро дастрас кардан мумкин аст, чӣ гуна арзиши онро бояд муайян кард, чӣ тавр метавон иттилоотро ташхис кард, ба низом даровард ва дар мутобиқат ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ истифода намуд.”  (Илҳом Ҷамолиён  Худомӯзи саводи расонаӣ –Хуҷанд, “Нури маърифат”, 2021с., -120 саҳ.  саҳ. 26-27. )

            Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки саводи расонаӣ – иттилоотӣ (СРИ) экосистема ё худ низоми муҳити худро дорад, ки дар он саводи расонаӣ ва ҳам  саводи иттилоотӣ ба сифати воҳиди таркибии мустақил шомил ҳастанд ва  ҳар кадоме қобилияту маҳоратҳои алоҳидаро  фаро мегиранд.

Ҳамин тариқ ҳоло экосистемаи саводи расонаӣ — иттилоотӣ (СРИ)   қобилият ва маҳоратҳои алоҳидаро дар самтҳои муайян дар назар дорад. Аз ҷумла, ин низоми муҳитӣ аз чунин самтҳо иборат аст:

  • саводи расонаӣ
  • саводи иттилоотӣ
  • саводи озодии баён
  • саводи китобдорӣ
  • саводи хабарӣ
  • саводи роёнаӣ (компютерӣ)
  • саводи интернетӣ
  • саводи диҷитолӣ (рақамӣ)
  • саводи синамоӣ (киноӣ)
  • саводи телевизионӣ
  • саводнокӣ дар истифодаи бозиҳои электронӣ
  • саводнокӣ дар соҳаи реклама (таблиғот)

          Ҳоло омодагии одамон ба ҳаёт дар ҷомеаи иттилоотӣ дар шароити фарогирии ҳаҷми бузурги иттилооти гуногун ва аксар маврид зидулнақиз сурат мегирад. Ин амр тақозо мекунад, ки тафаккури интиқоди ташккул дода шавад. Касби салоҳиятҳои расонаӣ-иттилоотӣ қабл аз ҳама ба рушди тафаккури интиқодӣ равона шудаанд, ки дар асри навин дар қатори  муҳимтарин салоҳияҳои инсон номбар мешаванд.