Илм,  Мақолаҳо

Хадамоти матбуотӣ ва нақши он дар ҳалли проблемаҳои дастрасӣ ба иттилооти расмӣ

Амалияи фаъолияти васоити ахбори умум ва беш аз ҳама расонаҳои хабарии мустақил аз он далолат медиҳанд, ки  аксари журналистон ҳангоми ба даст овардани маълумот ё худ иттилоот ҳанӯз ҳам мушкилӣ доранд. Журналист мутобиқи рисолати худ вазифадор  аст, ки  маълумотро  ҷустучӯ карда, ба даст оварад ва барои ба таваҷҷуҳи  ҷомеа расонидан, дар ин ё он расонаи хабарӣ  пахш намояд.  Мавзуи дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла ба иттилооти расмӣ як рукни муҳими  озодии баён ба шумор меравад. Бино ба ишораи профессор Иброҳим Усмонов «яке аз хислатхои муайянкардаи  давлати демократӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ ин мавҷуд будани  озодии сухан ва мувофиқат кардани он ба меъёрҳои байналмиллалӣ мебошад. Ин талабот дар ду самт  намудор мешавад, нахуст мавҷуд будани rонун ё rонунҳое, ки озодии суханро таъмин мекунанд, дуюм тадбиқи амалии ин аснод. Ҷиҳати дуюм хусусияти ҷомеаи хукукбунёдро бозгӯ мекунад, яъне ҳеч чиз волотар аз риояи конун нест.» 

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ВАУ масъалаи дастрасӣ ба иттилоот  дар  Конститутсия (Cарқонун), инчунин 10 Қонуни ҶТ  асос мегирад. Қонунгузории Ҷ.Т. меъёрҳои асосии озодии баён, аз ҷумла хуқуқи ақидаи мустақил, хуқуқи ҷустуҷӯ, пайдо кардан ва паҳн намудани ахбор ва ақида тавассути расонаҳои хабарии гуногун, хуқуқи паҳн кардани маълумоти хаттӣ, шифоҳӣ, сабтӣ, хукуқи дастрасӣ ба манбаъҳои расмӣ, хуқуқи ташкили ВАУ новобаста аз шакли моликият ва  ғайраро пешбинӣ мекунад. Хамзамон хамагуна сензура, аз ҷумла аз ҷониби давлат  мутобиқ ба конун манъ аст. Дар айни замон  дар мавриди дастрасӣ ва пахши маълумот маҳдудиятхои қонуние низ мавҷуданд, ки онҳо бо мақсади ҳимояи хуқуқ ва эътибори дигарон, амнияти Миллӣ, тамомияти арзӣ ва баъзе омилҳои дигар пешбинӣ шудаанд.

Аз ҷумла озодии сухан дар Сарқонуни ҶТ  дар моддаи 30 кафолат дода мешавад: «Ба хар кас озодии сухан, нашр, хуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. … Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид  манъ аст. Номгӯи маълумотҳоро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад» 

Аммо бо вуҷуди ин то ба ҳол қаламкашон ва бештар журналистони расонаҳои хабарии мустақили кишвар ба мушкилоти сарпечидаи дастрасӣ ба иттилоот рӯ ба рӯ мешаванд. Бино ба маълумоти Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бахши мониторинги ин ниҳод  дар соли 2013  39  ҳодисаи нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ба дастрасӣ ба иттилоотро ба қайд гирифтааст. 

Ин ниҳод тасдиқ кардааст, ки ба мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот ҳам хабарнигорони расонаҳои хабарии давлатӣ ва ҳам шахсӣ мувоҷеҳ шудаанд ва ин мушкилотро ҳам манбаъҳои расмии давлатӣ ва ҳам манбаъҳои ғайриҳукуматӣ, чӣ тиҷоратӣ ва чӣ ҷамъиятӣ  пеш овардаанд. Бешак дар чунин вазъият  журналист наметавонад, ки  вазифаи касбии худро ба пуррагӣ иҷро намояд. Лиҳозо мо дар ин гузориши хеш масъалаи  ҷиддии ВАУ – дастрасӣ ба манбаҳои иттилотиро, дар заминаи мушаххас кардани нақши хадамоти матбуотӣ бобати таъмини дастрасӣ ба иттилооти расмӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор додаем. Лозим ба ёдоварист, ки «дастрасӣ ба иттилооти расмӣ» ва «хадамоти матбуотӣ» вожаҳои асосӣ дар пажӯҳиши мо маҳсуб мешаванд.

Табиист, ки журналистон  тамоми таҳаввулотро дар мамлакат ва ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷаҳорчубаи ислоҳот ба назар мегиранд, зеро ВАУ як навъ барометр аст, ки сатҳи бозу озод будани  ҷомеаро ченак мекунад.  Ҳанӯз президенти чоруми ИМА Ҷеймс Мэдисон боре хеле нишонрас таъкид карда буд: «Ҳукумати мардумие, ки  иттилооти дастраси умум ва имкони пайдо кардани онро надорад, рӯ ба оғози фарс, ё фоҷиа овардааст, шояд ба ҳарду  мувоҷеҳ гардад.»  Баъди 46 соли ин гуфтаҳо дар соли 1848 президенти дигари ин кишвар Авраам Линколн изҳор дошт: «Ба одамон имкон диҳед, ки аз тамоми руйдодҳои кишвар бохабар бошанд ва мамлакат дар амну субот қарор мегирад». 

Хадаф аз ин гуфтахо чист?  Агар  ба мантики ин суханони поягузорони демократияи амрикоӣ назар дӯзем, бароямон ду вазифаи нихоят мухими ВАУ  мушаххас мегардад. Аввал ин, ки ВАУ вазифаи назорати шаҳрвандиро бар фаъолияти  мақомоти давлатӣ ба роҳ меандозад. Дуввум,  ВАУ барои интихоби  ҳукумат  иттилои заруриро дар мавриди руҳия ва вазъи ҷамъият пешкаш мекунад.   Аз ин ҷост, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот яке аз умдатарин ҳуқуқ дар бештари кишварҳои демократӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин дастрас шудани иттилооти расмӣ аз як тараф  ба таъмини манфиатҳои хусусии шахсият, ки ба имкониятҳои амалӣ кардани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ рабт мегирад, равона шуда бошад, аз сӯи дигар  иштироки онро дар корҳои ҷамъиятию давлатӣ фароҳам месозад.

      Дастрасии шахсонӣ ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилооти расмӣ имконияти мусоид фароҳам меоварад, то ки аз болои фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин вазъи иқтисодиёт, муҳити зист ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  назорати ҷамъиятӣ ба таври бояду шояд сурат гирад.

Инкишофи равандҳои демократӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон пешорӯи ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ вазифаҳои нав пеш мегузорад, ки ба роҳ андохтани ҳамкориҳои судманду самарабахш бо расонаҳои хабарӣ аз ин ҷумла аст.  Дар ҳамин ҳол ба хотири тавсеаи ингуна ҳамкориҳо зарурати ҳалли як қатор масъалаҳо, таъсиси механизмҳои коршояму системаи мукаммал пеш омадааст. Зеро пахши иттилоот аз фаъолияти мақомоти давлатӣ акнун ҳаққи авлавият гирифтааст ва дар ин кор бояд худи мақомоти давлатӣ манфиатдор  бошад. Ҳақ бар ҷониби сиёсатмадори амрикоӣ Ҷон Сирз аст, ки бо  ишора ба мансабдорони ҳукуматӣ мегӯяд: « Матбуот иттилоотро ё аз Шумо мегирад, ё аз душманнони ашаддии шумо. Рӯй гардонидан аз матбуот бароятон бурд намедиҳад» .

Ба андешаи мо рушди тамаддуни ҷаҳонӣ  собит намуда, ки фаъолияти ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ бояд боз ва шаффоф бошад ва дар ин замина боз будан рукни муҳими рушди бомаром ҳисобида мешавад.

Вилли Браун яке аз собиқ конгрессменҳои Амрико боре ишора кардааст,  дар сиёсат   дӯрӯғе, ки тайи 24 соат такзиб намешавад, ба ҳақиқат мубаддал мегардад. Аммо, бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои иттилоттӣ ва истифодаи густурдаи захираҳои иттилоотӣ дар режими он-лайн ин гуфтаҳо аҳамияти худро аз даст додаанд. Акнун дурӯғ дар як он ба тамоми ҷаҳон метавонад интишор шавад. Бинобар ин барои  мақомоти давлатӣ ташаккули фазои иттилоотии мусоид ва бо ин васила  таҳким бахшидани имиҷи мусбии кишвар аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аммо, оё ин корро метавон бидуни ташкили шабакаҳои муназзами гирдоварӣ ва интишори иттилоот ва ҳамкорӣ бо ВАУ роҳандозӣ кард? Вазъияти кунунӣ далолат медиҳад, ки ба ин масъала бояд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардад ва фаъолияти иттилоотӣ меъёри кори субъектҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бошанд.

Дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 тасдиқ шудааст, ҳадаф, вазифа ва объектҳои  сиёсати давлатии иттилоотӣ чунин мушаххас шудаанд:

« Миқдор, сифат ва дастрасии захираҳои иттилоотӣ бештар аз ҳама сатҳи инкишофи мамлакат, мақоми  онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян карда, бебаҳс нишондиҳандаи калидии ин мақом дар даҳсолаҳои аввали  қарни ХХI хоҳад шуд.»

Аз ин лиҳоз ба мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои дигар, ки ба имиҷи мусбии худ манфиатдор ҳастанд, зарур аст бахшхои махсусро, ки барои  татбиқи сиёсати иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАУ муваззаф ҳастанд, дошта бошанд. Ин амри вақт аст ва дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ пешбинӣ шудааст, ки «ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи ташаккул ва рушди фазои иттилоотӣ, аз ҷумла барои иҷрои ин кор таъсис додани сохторҳои ташкилӣ дар ҳамами шохаҳои ҳокимият» фарогири  танзими давлатӣ бошад. Дар бахши ниҳоии ин санад ҳамчунин таъкид мешавад, ки   татбиқи сиёсати давлатии иттилоотӣ имкони бештарро барои иттилоотонидани муттасили аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ оид ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ аз тариқи ВАУ, марказҳои матбуотӣ, марказҳои робитаи ҷамъиятӣ ва ба монанди инҳо фароҳам меоварад.

Бояд икрор шуд, ки ахиран мақомоти давлатии Тоҷикистон муносибати худро ба ВАУ, аз ҷумла расонаҳои хабарии мустақил тағйир дода, иродаи қавиро ҷиҳати ҳамкорӣ бо онҳо намоиш медиҳад. Мушоҳидаҳо аз он далолат медиҳанд, ки таъсис додан ва фаъол кардани ниҳодҳои махсуси кор бо ВАУ, аз ҷумла хадамоти матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ ба беҳтар шудани вазъи дастрасӣ ба иттилооти расмӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ  то андозае таъсир  гузоштааст.

Дар ин замина ба тасвиб расидани  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  №АП-1677 аз 5 марти соли  2005 «Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ» -ро метавон як намунаи хуби ташкили ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти давлатӣ ва васоити ахбори умум ва дар пасманзари он фаъолияти назарраси ниҳодҳои махусуси мақомоти давлатии масъули ҳамкориҳо бо расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла  хадамоти матбуотӣ номид. Дуруст, ки чунин нишастҳо аз нимаи дуюми соли 2011 акнун ҳар 6 моҳ боре баргузор мешаванд.

Таҳлили ҳисоботҳои расида, аз ҷумла дар сатҳи вилояти Суғд собит карданд, ки ҳоло нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 18 шаҳру ноҳия, то 70 воҳиди сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ  баргузор мешаванд ва ин маъракаҳои иттилоотӣ аз ҷониби расонаҳои хабарӣ инъикос мегарданд. Аксари нишастҳои анъанавии матбуотӣ  бо ширкати шахсони аввал барпо мешаванд.

Аз рӯи мушоҳида ва пурсишҳо иштироки бевоситаи шахсони аввал, хусусан раисони шаҳру ноҳияҳо дар нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби хабарнигорон хуш истиқбол гардидаанд. Аз ҷумла, доир намудани нишасти матбуотии Раиси вилоят мӯҳтарам Қоҳир Расулзода барои доираи васеъи журналистони ватаниву хориҷӣ ва сӯҳбати ошкорои ӯ дар таърихи 20 апрели соли 2009 бо намояндагони расонаҳои хабарӣ рӯзноманигоронро қаноатманд намуд. Чунончӣ, намояндаи вақти Агентии миллии иттилоотӣ-таҳлилии «Ховар»  дар вилояти Суғд Санавбар Мақсудова дар сӯҳбат ба муаллифи ин навиштаҳо изҳор дошт, ки нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд воқеан ҷолибу хотирмон буд ва ӯ дар ёд надорад, ки то ҳол роҳбарони аввалмақоми Суғд бо хабарнигорон чунин сӯҳбати рӯйрост ва ошкоро дошта бошанд. «Албатта, чунин тарзи корбарӣ шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ниҳодҳои дигари ҳукуматиро, аз тариқи инъикос дар расонаҳои хабарӣ таъмин менамояд», — таъкид дошт С.Мақсудова.

Боиси зикр аст, ки  дар ташкил ва баргузории чунин нишастҳои матбуотӣ нақши марказ ё хадамоти матбуотӣ, ё худ шахсони масъули ин ё он ниҳодҳои давлатӣ оид ба робита бо расонаҳои хабарӣ хеле муассир аст.

Дар мавриди таъсис ва такмили системаи муназзами ниҳодҳои махсуси кор бо ВАУ дар мақомоти давлатии кишвар дар баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда бошад ҳам, ин раванд ҳанӯз ҳам давом дорад ва зинаҳои поёнии ниҳодҳои ҳукуматирро ҳоло фарогир шудааст. Аммо, мо ҳанӯз наметавонем, таъйид бисозем, ки ин мавзӯъ ба вижа мушаххасоти фаъолияти хадамоти матбуотӣ мавриди таҳқиқот ва пажӯҳиши домангир дар миёни коршиносони тоҷик  қарор гирифта бошад. Боиси таассуф аст, ки ин мавзӯъ ба ҷузъ аз баъзе  ковишҳои нисбатан сатҳӣ то ҳол аз ҷониби муҳаққиқон бештару амиқтар фаро гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин ҳам дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор марказҳои матбуотии муваффақ фаъолият доранд. Дар ин замина рӯзноманигорон аз фаъолияти хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати иттилооти Вазорати умури хориҷиии ҶТ, маркази матбуотӣ Вазорати умури дохилаи кишвар, дар вилояти Суғд бошад, хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, чунин ниҳод дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, прокуратураи вилоят ва Раёсати Вазорати умури дохилаи ҶТ дар вилояти Суғд ва ғайра номбар мекунанд.

Ҳарчанд чунин ниҳодҳо як умумияте дар ташкили фаъолияти худ дошта бошанд ҳам, аммо вазифаҳои мухталифро дар заминаи пешбурди ҳамкориҳо бо расонаҳои  хабарӣ амалӣ менамоянд.

Вазифаҳои хадамоти матбуотӣ, муносибатҳои мутақобила бо ВАУ, усулҳои корбарии хадамоти матбуотӣ, технологияҳои муваффақи ҳамкориҳои хадамоти матбуотӣ бо расонаҳои хабарӣ, чорабиниҳои хадамоти матбуотӣ, абзори кории котиби матбуотӣ ва ғайра масъалаҳоеанд, ки дар назди ин ниҳодҳо ба таври гуногун мушаххас шудаанд. Вале бояд эътироф кард, ки  ҳоло на танҳо  дар аксари мақомоти марказии сохторҳои ҳукуматӣ, балки дар сатҳи вилоятҳо низ  хадамоти матбуотӣ таъсис шудаанд, ки мусоидат ба журналистон дар мавриди дастрасии онҳо ба иттилооти расмӣ аз вазифаҳои асосиии ин ниҳод маҳсуб мешавад. Вале ҳанӯз ҳам журналистони тоҷик ба истиснои ҳолатҳои алоҳида аз фаъолияти хадамоти матбуотии  ниҳодҳоии давлатӣ дар муқобили марказҳои итттилотии миссияҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон ва ё созмонҳои ғайриҳукуматии кишвар  изҳори норозигӣ менамоянд. Ин гуна арзу шикоятҳои хабарнигорон аз он аст, ки хадамоти матбуотии   ниҳодҳои ҳукуматӣ гоҳо худашон ба ҷойи он, ки дастрасиро ба иттилоооти расмӣ таъмин намоянд, бештар ба ҳофизони асрори идории хеш табдил мешаванд.

Бо дарназардошти ин омилҳо ва ҳамчунин татбиқи вазифаҳое, ки дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи ташаккул ва рушди фазои иттилоотӣ, аз ҷумла барои иҷрои ин кор таъсис додани сохторҳои ташкилиро  дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият пешбинӣ менамояд, зарур аст  бобати ташкили хадамоти матбуотӣ дар ниҳодҳои давлатӣ як тавсияномаи намунавӣ таҳия карда  шавад. Ҳамчунин зарур аст, ки  дар фаъолияти ин ниҳод  рукни  робита бо ҷомеа дар заминаи  пешбурди фаъолияти наздик ба журналистӣ аз як сӯй ва мониторинг ва таҳлили  афкори омма  аз сӯи дигар, ки бешубҳа иттилооти   дуҷонибаро таъмин менамояд, ба инобат гирифта шавад.

Хулоса, имрӯз васоити ахбори умумро танзимгари тарзи солими зиндагӣ дар ҷомеа ном мебаранд.  Барои он, ки  ҳамкориҳои ВАУ  ва манбаъхои расмӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ воқеан хам муфид ва бидуни эҷоди монеаҳои иттилоотӣ дар сатҳи сифатан нав қарор гирад, бояд шаффофияти корро таъмин намуд ва аз стереотипхҳо озод шуд. Амиқ бояд дарк кард, ки таъмини иттилооти ҷомеа кори умум аст ва дар ин замина ҳарду тараф масъулият доранд. Ҳам  мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар мисоли ниҳоди махсуси кор бо расонаҳои хабарӣ, яъне хадамоти матбуотӣ ва ҳам васоити ахбори умум. Зеро  дастрасӣ ба иттилоот – ин ҳуқуқи шаҳрванд аст, ки ВАУ онро ба ҳайси намояндаи аҳли ҷомеа ҷамъоварӣ менамояд. Ҳамин тариқ таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои иттилооти расмӣ барои рӯзноманигор аҳамияти фавқулодда ҷиддии иҷтимоӣ касб менамояд, чунки бо ин васила иттилоотонии тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ карда мешавад.  

[1] Иброҳим Усмонов «Таърихи Журналистикаи Тоҷик». Душанбе.-2008

[2] Ниг. Коститутсия  (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон

[3] www.nansmit.tj/category/6

[4] Салливан Маргарет  X. Ответственная пресс-служба. Взгляд изнутри. – М., 2004. –5 с

[5] ҳамон ҷо

[6] www.aforism.yaxy.ru/7350 

[7] ниг. Концепция государственной информационной политики Республики Таджикистан. Утверждён  Указом Президента Республики Таджикистан от 30 апреля 2008 года № 4510

Ҷамолов И.М.  Хадамоти матбуотӣ ва нақши он дар ҳалли проблемаҳои дастрасӣ ба иттилооти расмӣ / И.М.Ҷамолов // Нирӯи сухан: Маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои журналистика, адабиёт ва публитсистикаи тоҷик. – Хуҷанд, 2014. – с. 20-28

На платформе MonsterInsights