Мақолаҳо,  Эссе

Ҳомии журналистон, истиқлолияти фикрӣ ва озодманишӣ

Бо шиносоӣ аз қиссаҳои зиндагии шахсиятҳои барҷаста ва номдор ҳамеша ба ин хулоса хоҳед расид, ки онҳо ҳам мисли тамоми инсонҳои маъмулӣ будаанд ва гӯиё ҳаёти эшон аз дигарон фарқи қазоӣ надорад. Зиндагиномаи устод Воҳид Асрорӣ низ дар назари аввал хеле содда, маъмулӣ ва хос ба намояндагони насли он айём намудор мешавад. Аммо ҳарчӣ жарфтар ба зиндагиномаи ин инсони шариф дида медӯзӣ, ончунон таваҷҷуҳ ба шеваи зиндагӣ ва кору пайкори неки ӯ бештар хоҳад шуд. Тинати пок, устуворӣ дар қавлу амал, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба адабу фарҳанги миллӣ, пуштибонӣ аз журналистика ва ёрмандӣ ба шогирдон, меҳнати пайваста барои сайқали маҳорат, ҷадал ҷиҳати амалисозии ниёзҳои Тоҷикистон ва ғурури хоси тоҷикӣ аз хислатҳое номбар мешаванд, ки марбут ба Устод буданд.

Вақте, ки ман донишҷӯ шудам, дар бораи устод ҳамин қадар иттилоъ доштам, ки эшон муаллифи китоби дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои ибтидоӣ буданд ва ҳам ному насаби тоҷиконаашон маро ба ваҷҳ меовард. Дар он айём ба назарам чунин мерасид, ки агар ному насабат -ов ва -ев надошта бошад, ин худ як қаҳрамонӣ аст.

Аммо бори нахуст, вақте бо Устод дар синфхонаи донишгоҳӣ рӯ ба рӯ шудам, аз ҳайбат ва салобати эшон дасту по хурдам ва ёдам ҳаст, ки ҳини суолу ҷавоб забонам мегирифт. Дар пасманзари хотираҳоям симои Устод ҳамчунин рӯшан ба мисли рушании оби зулоли чашмаи мусаффо ҷилвагар мешавад. Устод марде буд, болобаланд, чеҳрааш гандумгун, ситорааш хеле гарм. Мӯйҳои мошу биринҷаш ба пушт шона зада, то сари китфаш хам мехӯрданд ва поёни муйҳо ҳамеша ҷингила. Чашмони мешии калони ҷаззоб дошт. Нигоҳаш ҳамеша ҷиддӣ буд, вале кас дар ин нигоҳ доимо як меҳр ва муҳаббати ниҳониро нисбат ба инсон эҳсос мекард. Якто – якто қадам мемонд. Шахсан боре ҳам хандаи қоҳқоҳии ӯро надидаам. Як дафъа шоҳиди ҳодисае шудам. Се тан аз устодони маъруфи факултаи мо ва  ҳамсояфакулта ҳангоми танаффуси дарсӣ дар долон саргарми суҳбати худ буданд. Баъди анҷоми кадом як қиссаи ҷолиб хандаи гулдуросӣ баланд шуд. Ҳама медонистанд, ки ин хандаи кист, ин хандаи устоде аз ҳамсояфакултаи мо буд. Таваҷҷуҳ кардам, ки устоди дигарамон нимтабассум мекунад ва шояд «тақозои вазифа» буд, ки мехост ваҷоҳаташро ҷиддӣ нишон диҳад. Аммо аз шиддати хандаи дарунӣ  шикамаш меларзид. Дар лабони устод Асрорӣ низ табассум ҳувайдо буд, вале аниқ, ки чашмонашон бештар моили ханда буданд… 

Дар сари қабри устод Асрорӣ

Бо гузашти айём барои худ кашф кардам, ки устод бо тамоми ҳайбат ва ҷиддияти хос барои шогирдони донишҷӯи худ аз наздиктарин ва ғамхортарини касон будаанд, ки аз маврид қиссаҳои зиёдеро аз дастпарварони факулта шунидаам. Банда эшонро  баъди анҷоми курси аввал ва ҳангоми шомил шудан ба гуруҳи махсуси журналистӣ боз ҳам хубтару амиқтар шинохтаам. 

Чуноне арз шуд, баъди анҷоми курси аввал довталабон барои шомил шудан ба гуруҳи махсуси журналистӣ, ки онро кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои шӯравӣ таҳти роҳбарии проффессор Воҳид Асрорӣ сарпарастӣ мекард, бояд аз санҷиши махсуси тахассусӣ мегузаштанд. Бешак қабул ба ин гурӯҳ шарту талаботи худро дошт ва дар асоси озмун сурат мегирифт. Хоҳишмандонро лозим буд, аз идораи рӯзномаи ҳамкорӣ доштаашон маълумотнома ва намунаи навиштаҳои ба табъ расондаи худро ба ҳайати ҳакамон манзур намоянд. Ман ва фикр мекунам, ки аксари ҳамсабақонам дар он айём ҳанӯз дуруст дарк намекарданд, ки ин гуруҳи махсуси журналистӣ  дар ҳайати як факулта ва ё худи донишгоҳ чӣ мақомеаст ва ҷойгоҳаш аз куҷо то ба куҷост. Аммо барои ҳама як ҳақиқат ошкор буд:  дар Тоҷикистон танҳо дар ҳамин гурӯҳ журналистон тарбия мешаванд. Мо аз қиссаҳои талоши устод Воҳид Асрорӣ бобати таъсиси ин гуруҳ бохабар будем. Баъди баста шудани шуъбаи журналистика дар ҳайати факултаи филологияи тоҷик танҳо ӯ буд, ки даргоҳи мақомоти мухталифи қудрати замонро охурча карда, тавонист, ки аққалан  таъсиси гуруҳи махсуси журналистиро дар ҳамин факулта дифоъ намояд. Воқеан ҳам, бо мушкилоти зиёд ин гуруҳ таъсис гардида буд. Дар ин чанд соли фаъолият маҳз дар ҳамин гуруҳ теъдоди зиёде аз рӯи тахассуси журналистӣ таҳсил карда, минбаъд дар пешаи хеш соҳибному соҳибэҳтиром гаштанд. Аммо ин нукта низ аҷиб аст: дар дипломи хатми ҳеҷ нафаре аз хатмкунандагони ин гуруҳ ҳатто ба ихтисоси журналистии онҳо ишорае нашудааст. Ихтисоси ҳамаи онҳоро филолог — муаллими забон ва адабиёти тоҷик навиштаанд. Бубинед, ки қудрати замон дар он айём аз журналистон чӣ ҳаросе дошт ва агар устод Воҳид Асрорӣ намешуданд, ҳеҷ гузаште ҳатто барои таъсиси гуруҳи журналистӣ ҳам намекард… 

Хулласи калом, соле, ки банда барои шомил шудан ба гуруҳи махсуси журналистӣ довталаб будам, ҳамтоёни зиёдам вориди озмун гардиданд. Мегуфтанд, ки ҳамон сол бояд ба гуруҳи журналистӣ ҳамагӣ 20 нафар ва танҳо мардон қабул карда шаванд. Аммо теъдоди довталабон ба карат зиёд буд. Дар рӯзи озмун онҳо дар долонҳои факулта андешмандона қадам мезаданд. Аксарият дар бағал албум, ки дар он мақолаҳои дар рӯзномаю маҷалла чоп кардаашонро бурида часпондаанд ва ё ҷузвдонҳои пур аз саҳифаҳои рӯномаю маҷаллаҳоро доштанд. Банда низ мисли дигарон ба ин озмун омодагӣ мегирифтам. Як албумеро бо  30 то 35 хабару мақолаҳои хеш, ки асосан дар нашрияи маҳаллии ноҳиявӣ чоп шуда буданд, бо ҳавсалаи зиёд оро дода, омода кардам, ки ҳамон шабу рӯз доимо дар кифам буд. Дар байни довталабони шарикдарсам онҳое низ буданд, ки аллакай номвару маъруф гардида, мақолаҳояшон дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ интишор мешуданд. Мунаввар Муллочаев (равонаш шод бод!), ки мақолаҳояш дар нашрияҳои марказӣ хеле зиёд ба табъ расида буданд, рейтинги бештар дошт. Аммо аксарият дар фазои матбуотии маҳалли зисти хеш қаламфарсоӣ карда, умед доштанд, ки устодон ҳатман истеъдоди онҳоро баҳои хуб хоҳанд дод.  Аҷибаш ин буд, ки як гуруҳи духтарони шарикдарсамон бо сарварии Гавҳар Усмонова (равонаш шод бод!) ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуданд, ки бонувон аз озмун берун шаванд ва талош доштанд, дар озмун ширкат варзанд.

Вақте, ки маро барои санҷиш даъват карданд, дар дохили аудитория, ки дар он ҷо 3 тан аз устодонамон шогирдонро имтиҳон мекарданд, баҳси гарм миёни Гавҳарбону ва устод Асрорӣ идома дошт.

-Устоди азиз, ман ба ин факултет барои он дохил шудам, ки журналист шавам. Мақолаҳои чопшуда дорам. Дар радиои вилояти Ленинобод қариб 2 сол собиқаи корам ҳаст. Илтимос, устод, маро ба ҳамин гуруҳ гиред,- илтиҷомез ва ба лаҳни хоси худ Гавҳарбону ба устод муроҷиат дошт. 

— Ҳой, манба нигоҳ кун, духтарам! Журналистика барои зан касби хеле вазнин аст. Масалан, пагоҳ шавҳар мекунӣ, ҳомиладор мешавӣ, соҳиби фарзанд мешавӣ. О, ту чи хел журналист мешавӣ, чӣ хел ба сафарҳои хизматии бешумор меравӣ, шавҳарат мемонад, намемонад… Биё, духтарам, филолог шав барои худат фоидааш зиёдтар, — устод бо эҳсос ва ишораву бо задаҳои барояшон хоси суханронӣ барои Гавҳарбону далел меоварданд. Ман дар ҳамон тахмин задам, ки шояд тасмими напазируфтани духтарон ба шӯъбаи журналистӣ дар заминаи ҳамин далелҳои устод ба миён омада бошад… Идомаи ин баҳс ва бахусус анҷоми он хеле ғайриинтизорӣ буд. Маҳз баъди ҳамин тасмим эътимодам бештар шуд:  дар ҳамаи масъалаҳо оид ба таълиму тарбияи журналистон дар донишгоҳ нуқтаи охирро маҳз Устод мегузоштаанд.

Ҳамон лаҳза дар идомаи суҳбат як нафар аз устодони имтиҳонгиранда ба баҳс ворид шуд ва ба ҳамдарсамон рӯ оварда гуфт: «Духтарам, филологи нағз журналисти нағз мешавад…». 

Аммо давоми суханони ӯро устод Асрорӣ буриданд:

-Хато мекунед, домулло, хато мекунед. Журналист журналист аст, филолог — филолог. Ҳарчанд ин ду касб умумияти зиёд дорад, лекин фарқияташон ҳам аз он зиёдтар аст. Барои ҳамин филологи нағз ҳануз гумон аст, ки журналисти нағз шавад,- устод қотеъона ишора карданд, ки дигар ҳоҷат ба баҳс нест. Сипас ба тарафи Гавҳарбону рӯ оварда, пурсиданд, ки чанд нафар аз духтарон ба озмун омода шудаанд. Баъди ҷавоби шарикдарсамон устод супориш доданд, ки бигзор духтарон низ дар озмун ширкат намоянд.  Ҳамон сол 24 нафар, аз ҷумла 4 нафар духтарон шомили гуруҳи махсуси журналистӣ шудем…

Ростӣ, солҳои таҳсили мо ҳамоно баҳси филологу журналист идома дошт ва устодони номвари факулта дар ин баҳс ба ду ҷониби мухолиф тақсим шуда буданд. Минбаъд ду тан аз шогирдони вафодори Устод Воҳид Асрорӣ, докторони илмҳои филологӣ профессор Иброҳим Усмонов ва Муртазо Зайниддинов зимни пажӯҳиши фаъолияти устод дар соҳаи журналистика моҳияти он баҳсҳоро хеле возеҳ инъикос кардаанд

"Дар он замон ба ақидаи «Шарт аст, ки журналист тайёр намоем, оё аз филолог журналист намебарояд?» Воҳид Асрорӣ як тезиси дурусти илмӣ доштанд, ки онро ҳамеша таъкид менамуданд. Мегуфтанд, ки журналисти касбӣ агар дар ҳастиаш ҳунари нависандагӣ бошад метавонад аз физик, математик, химик ва ғайра ҳам пайдо шавад, чунки онҳо низ менависанд, эҷод менамоянд, вале журналистика ин як соҳаи бузург аст, чаро ки вай ғайр аз навиштан фикр намуданаш лозим аст ва ба навиштани дигарҳо кумак расонида, дастгоҳро ба кор дароварданаш зарур аст. Барои ҳамин худи касбро омӯхтан лозим аст... Фарқи донишҷӯйи филолог дар он аст, ки ӯ китобхониро тавонад кофӣ, вале барои журналист танҳо китобро хонда тавонистан кам аст. Журналист бояд дар заминаи чизи хондааш фикри нав гуфта тавонад. Барои фикри навро гуфта тавонистан вай шахсияти болотар аз филолог ва муаллим буданаш зарур аст. Яъне журналист сиёсатро дуруст дониста, ба имрӯз пайваст намудан ва ҳамчунин, дар эҷодиёташ чизеро дастгирӣ кардан ва чизи дигарро дастгирӣ накарданро донистанаш зарур аст. Инро дар раванди фанҳои зиёди журналистика омӯзонидан лозим аст"
Иброҳим Усмонов
Профессор

Устод Асрорӣ моро таълим додаанд, аммо бевосита аз фанни журналистика бароям дарс нагуфтаанд. Аммо маҳз Устод боис шуданд, ки мо ба журналистика ворид шавем, вежагиҳои  ин касбро дарк кунем ва масъулияти журналистро бишносем.  Чунин ба назар мерасад, ки бо гузашти солҳо ба умқи гуфтаҳои Устод дар  рӯзи баргузории озмун акнун мерасам. Воқеан ҳам марз миёни адиб, суханшинос ва журналист вуҷуд дорад ва ин марз бармалост. Ҳар кадоме аз онҳо рисолати худро доранд, вале масъулияти журналист бештар аст, чун одатан бо воқеияти имрӯз сару кор дорад. Ҳоло дар заминаи рушди технологияҳои иттилоотӣ боз ҳам бештар собит мешавад, ки Устод дар таъкиди хеш 100 дар 100 ҳақ будаанд.

Дар доираи олимон ва муҳаққиқон эътироф шудааст, ки маҳз устод  Воҳид Асрорӣ дар Тоҷикистон системаи таълими журналистикаро ба вуҷуд оварданд. Яке аз ҳамсабақони банда, рӯзноманигори маъруф, ғолиби озмуни байналмилалии «OCABF-2014» (Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ) Толибшоҳи Давлат низ мегӯяд, ки саҳми устод Воҳид Асрорӣ  дар журналистикаи тоҷик ҳамсони Лоҳутӣ ва Алӣ Хуш аст.

"Дар саргаҳи матбуоти тоҷик афроде чун устод Лоҳутӣ ба пойтахти кишвари тозабунёди тоҷикон дар ҳайати давлати шӯроҳо, шаҳри Душанбе пойи пиёда, аз қафои ароба, бо роҳи Тирмиз аз миёни найзору регзорон ҳуруфҳоро баҳри матбаа дар бағал гирифта оварда бошад, баъдан рӯзноманигорон чун Алӣ Хуш ва бисёр дигарон он солҳо баҳри рушду инкишофи матбуот саҳми босазо гузоштаанд. Анъанаи неки эшонро баъдан бонуи ғаюри мардсират Бӯринисо Бердиева солҳои шастуму ҳафтодуми қарни пешин идома дода, рӯзномаи «Маориф ва маданият»-ро ба яке аз нашрияҳои пурхонандатарин он солҳо табдил дода буд. Лек дар ташкили мактаби омӯзиши ҳунари рӯзноманигорӣ, тарбия ва ба камол расондани рӯзноманигорони тоҷик саҳми профессор, шодравон Воҳид Асрорӣ хеле калон ва назаррас аст. Маҳз бо саъю кӯшиш ва талошҳои ин марди шариф солҳои шастум дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ), дар факултаи филологияи тоҷик шуъбаи журналистика таъсис ёфт".
Толибшоҳи Давлат
Журналист

Агар устод Асрорӣ ба ин кор машғул намешуданд, оё имкон дошт, ки каси дигар хизматҳоеро барои журналистика ба мисли ӯ анҷом дода тавонад?  Тасаввур кардан хеле муҳол аст. Аммо ин рисолати таърихии Устод Асрорӣ буд. Ӯ ҳайбат дошт, салобат дошт, сиёсат дошт, сиёсаташ хеле баланд буд. Бо вуҷуди он, ки инсони хеле маъмулию оддӣ ва хоксор, дар суҳбат самимӣ, ҳамзамон шухтабъу андаке базлагӯ буд, аммо аз сиёсати ӯ ҳама меҳаросиданд. Гапаш гап буд ва касе ҷуръат намекард, ки гапашро ду кунад. Дар ҳама ҷо — чӣ факулта, чӣ донишгоҳ ва чӣ дар райкому чӣ дар СЕКА медонистанд, ки ӯ мутаккои  журналистон аст ва намегузорад, касе нисбати журналистон ноҳақу носазо гӯяд. Ман ҳанӯз дар журналистикаи тоҷик касеро надидаам, ки ба мисли ӯ ҳомии журналистон ва пешаи журналистӣ бошад. Рисолати ӯ дар журналистикаи  тоҷик чунин буд. Ӯ намунаи барҷастаи озодандешиву озодманишӣ буд ва талқин мекард, ки журналистон бояд ингуна бошанд. Ин истеъдоди хеле  фавқулоддаи устод Асрорӣ буд. Яке аз шогирдони устод, шарикдарси ман Салими Аюбзод мегӯяд, ки Воҳид Асрорӣ барои журналистон намунаи барҷастаи худшиносиву худогоҳӣ аст.

"Нақши устод Асрорӣ дар рушди рӯзноманигории тоҷик амиқ ва мондагор аст. Ӯ буд, ки тавонист, зиддияти мақомоти вақтро шиканад ва шуъбаи рӯзноманигориро дар донишгоҳ таъсис диҳад. Аммо ин мухолифат қатъ нашуд ва муддате баъд аз нав шуъбаро ба сатҳи гурӯҳи рӯзноманигорӣ коҳиш доданд. Ба эҳтимоли зиёд мақомоти ҳизбӣ ва давлатӣ дар он солҳо аз он меандешиданд, ки Асрорӣ ва ҳайати омӯзгороне, ки ӯ гирд оварда буд, ба донишҷӯён, яъне рӯзноманигорони оянда истиқлолияти фикрӣ, озодандешӣ ва озодманиширо хоҳад омӯзонд. Ин ҳарос безамина набуд."
Салим Аюбзод
Журналист

Вале устод Асрорӣ, ки ҳамчун сарбози Ватан дар набардҳои Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ ширкат дошту мағлубиятро ҳаргиз намепазируфт, пайваста талош мекард, то барои таҳсил ва тарбияи журналистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Баъди масъалагузориҳои зиёд ва пайгирии тадриҷии Воҳид Асрорӣ соли 1987 дар факултаи филологияи тоҷики донишгоҳ шуъбаи журналистика аз нав таъсис дода шуд ва раванди қабул ба шуъбаи журналистика тариқи конкурси ихтисосӣ роҳандозӣ гардид. Ниҳоят баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидан, соли соли 1992 дар ҳамин донишгоҳ факултаи мустақили журналистика ба фаъолият оғоз намуд ва орзуи деринаи устод Воҳид Асрорӣ ҷомаи амал пӯшида, ӯро илҳом ва нерӯи тозаи корӣ бахшид.

Таъсис ёфтани ин факулта амалӣ гардидани орзуи деринаи Воҳид Асрорӣ буд, бинобар ин, дар ташаккули минбаъдаи он низ эшон бо дили гарму неруи тоза хидмат карданд.

Шарикдарси дигарам Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, ки алҳол ба ҳайси муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, мегӯяд, ки Воҳид Асрорӣ шахси фавқулодда буд ва барои ӯ аслан мафҳуми маҳалу зодгоҳ вуҷуд надошт.

“Ҳар нафаре, ки қобилияту истеъдод дошт аз ҷониби ӯ дастгирӣ меёфт. Далели ин гуфтаҳо дар ҳама гӯшаю канори кишвар, балки берун аз он бо эҳтирому самимият ёд кардани устод мебошад. Мо дар давоми панҷ соли донишҷӯӣ аз устод Воҳид Асрорӣ дарси илму маърифат, одобу ахлоқ, одаму одамгарӣ, аз ҳама асосӣ - пешаи интихобкардаи хешро омӯхтем. Дар панҷ сол фаҳмидем, ки устод дар баробари донишманди бузургу маъруф як инсони заминист. Донишҷӯён дар шахсияти устод мутаккову дастгири худро медиданд. Аз ин рӯ бо хурдтарин проблема ҳам ба ӯ муроҷиат мекарданд. Устод ягон бор ба шогирдон намегуфт, ки ҳоло вақт надорад ва ё ба фалон ҷо муроҷиат кун. Босалобат аз ҷо мехест, пеш-пеш даромада, мушкили донишҷӯро ҳал мекард”.
Маҳмадшариф Бобошоҳзода
Журналист

Воқеан ҳам,  маҳз бо чунин хислатҳои нек устод Асрорӣ дар лавҳи хотири ҳазорон шогирдон ва онҳое, ки устодро мешиносанд, нақш бастаанд. Мегӯянд, ки интихоби касб кори саҳл нест ва хеле муҳим аст. Зеро агар дар ин маврид иштибоҳе содир шавад, ислоҳи он хеле гарон хоҳад буд.  Агар барои банда бори дигар интихоби касб иттифоқ меуфтод, ҳатман касби журналистиро интихоб мекардам ва бешак боз ҳам шогирди устод Воҳид Асрорӣ мешудам… 

 

Илҳом Ҷамолиён, 
Раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд

На платформе MonsterInsights