Таъсири як видео. Чӣ гуна кӯдакони тоҷикистонӣ YOUTUBE - ро ба такон оварданд.
Мақолаҳо,  Эссе

Таъсири як видео. Чӣ гуна кӯдакони тоҷикистонӣ YOUTUBE — ро ба такон оварданд.

Ёдатон ҳаст, ду сол муқаддам, дар арафаи Иди Ғалаба, дар Интернет таронаи машҳури «Смуглянка» дар иҷрои дастпарварони кӯдакистони №6 «Гулшан» аз ноҳияи Ҷаббор Расулов чарх мезад. Клипи мазкур, ки онро ширкати телевизионии Ғӯлакандоз таҳия карда буд, яке аз пурбинандатарин видеоҳои муҳити тоҷикии youtube ба ҳисоб меравад. 

Дар давоми каме бештар аз 2 сол ин видеоро зиёда аз 6,3 миллион бор тамошо карда, 135 ҳазор нафар онро лайк заданд. Беш аз 15,3 ҳазор нафар дар зери ин видео шарҳ гузоштаанд. Аз ин шарҳи корбарон сетои онро ин ҷо мекорам, ки бештар лайк гирифтаанд: Николай Попов, тақрибан 7 моҳ қабл чунин навиштааст:

«Да! Надо помнить! Надо помнить что, кровь таджиков, пролитая за Великую Страну, такая же алая и горячая как и русская кровь …и грузинская кровь, и украинская, и белоруская, и чеченская, и татарская, и литовская, и латвийская, и эстонская, и узбекская, и туркменская, армянская, и азербайджанская, и кыргызкая, и казахская, и молдавская кровь … Вечная Память НАШИМ отцам, дедам, прадедам …» Ин ёддоштро 2800 нафар лайк задаанд.

Корбар Евгений Дёмин менависад, «таджиков выставляют бездарными рабочими, якобы не людями по всей России, а они вон как относятся к русскому народу и языку! респект вам и уважение!!!» Ин навиштаро 2700 нафар лайк задаанд.

Алексей Попов, корбари дигари ЮТУБ ҳудуди як сол қабл навиштааст: «Более 300 тысяч бойцов из Таджикистана принимали участие в борьбе с фашизмом 41-45 годов. Тысячи детей были усыновлены семьями из Средней Азии. Неоценимый вклад принесли тыловики из Таджикистана и других Республик. Спасибо Вам братья.» Ин ёддоштро 2200 писандида, лайк мондаанд.

Шарҳи дигар изофист. Аҳсант ба кормандони ТВ Ғӯлакандоз.

На платформе MonsterInsights