Илм,  Мақолаҳо

​»Худомӯзи саводи расонаӣ» таҳти ин унвон китоби электронии устоди донишгоҳ интишор ёфт

«Худомӯзи саводи расонаӣ» таҳти ин унвон китоби электронии устоди донишгоҳ интишор ёфт
«Худомӯзи саводи расонаӣ» — ин китоби омӯзишӣ аз ҷониби Илҳом Ҷамолиён, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омода ва шакли электронии он дар шабакаи интернет ҷойгир карда шудааст.

Чуноне, муаллиф дар муқаддимаи китоб зикр кардааст, саводи расонаӣ як қатор малака ва маҳоратҳоеро, ки барои ҷустуҷӯи самаранок, таҳлили интиқодӣ, истифода ва интишори иттилооту муҳтаво, дарки аҳамияти ҳуқуқи инсон дар интернет, тарзи муқовимат бо сайберозорӣ ва хушунат дар фазои маҷозӣ, дарки масъалаҳои ахлоқии марбут ба дастрасӣ ва истифодаи иттилоот, ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҷиҳати мусоидат ба баробарӣ, озодии баён, муколамаи байни фарҳангҳо, сулҳ ва ғайра заруранд, фаро мегирад.

Худомӯзи саводи расонаӣ аз 10 дарс мураттаб гаштааст, ки матни он тавъам бо инфографикаи тафсирӣ хонандаро бо алифбои расонашиносӣ, тафаккури интиқодӣ, диҷитолшиносӣ, тарғиботшиносӣ ва шинохти шеваҳои дасткорӣ, далелсанҷӣ ва расонаҳои рақамӣ, интернетшиносӣ, шинохти шабакаҳои иҷтимоӣ, шеваҳои худмуҳофизатӣ ва амнияти рақамӣ ва ғайра ошно месозад. Дар поёни ҳар дарс суолномае доир ба мавзӯи азхудшуда пешкаш мешавад, ки ба он бояд посух гуфт ва дар баробари ин пайванди санҷиши тестӣ низ гузошта шудааст. Посух ба суолҳои санҷишӣ далолат медиҳанд, ки дарси мазкур аз ҷониби хонанда то чӣ ҳад ҳифз шудааст. Дар поёни ҳар дарс ҳамчунин намунаҳои подкаст ва видеои дарс манзур шудаанд, ки китоби электронии мо тамошо ва шунидани онҳоро дар дохили “худомӯз” имконпазир мекунад, — мегӯяд муаллифи китоб Илҳоми Ҷамолиён.

«Худомузи саводи расонаӣ» ҷанбаи умумии омузишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна ва одамони касбу пешаи гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорон қарор гирад.

Пайванди китоби электронии «Худомӯзи саводи расонаӣ» ин ҷост: https://bit.ly/3oTpKhg
 
Маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ
 
На платформе MonsterInsights