Илм,  Мақолаҳо

«Иртиботгари мумтоз», «дасти рост», ё “сояи раис”?…

Ба хотираи аввалин котиби матбуотӣ дар вилояти Суғд, адиб ва журналисти маъруфи тоҷик ,  устод Дадоҷон Раҷабӣ.

Маркази матбуоти Комиҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) 27 апрели соли 1992 ташкил шудааст, ки аввалин ниҳоди робита бо ҷомеа дар ин вилоят ба шумор меравад. Дар қарори Раиси Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Ленинобод аз 27 апрели соли 1992, №71 «Дар бораи таъсис намудани вазифаи роҳбари маркази матбуоти кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилоят» аз ҷумла омадааст, ки бо мақсади беҳтар намудани корҳои ба маълумоти аҳолӣ расонидани тадбирҳои ба тараққиёти минбаъдаи хоҷагии халқ ва беҳтар гардонидани ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолии вилоят равонашуда, вазифаи роҳбари маркази матбуоти кумиҷроияи вилоят таъсис дода шавад. Он замон ин вазифа аз ҳисоби ихтисори як нафар муттахассиси пешбари идораи меҳнат ва шуғли аҳолии кумиҷроияи вилоят ташкил гардида[1], ба ин мақом нависанда ва журналисти номии тоҷик Дадоҷон Раҷабӣ таъин шуда буд. Дадоҷон Раҷабӣ аз аввалинҳо буд, ки мебоист дар миёни ҳукумати маҳаллӣ ва ВАО пули ҳамкориҳои самарабхшро эҷод намояд. 

Котиби матбуотӣ, ки ҳамчун пеша ҳоло хеле маъруфият пайдо кардааст, дар мақомоти  ҳокимияти давлатии Иттиҳоди шӯравии собиқ дар ғуруби ин кишвари паҳновар аввал дар мақомоти марказӣ  ва сониян дар мақомоти маҳаллии идории ҳизбӣ зуҳур кард. Ба ин вазифа қабл аз ҳама рузноманигорон даъват мешуданд, ки ин раванд дар Тоҷикистон ва аз ҷумла дар вилояти Суғд низ  ба мушоҳида расидааст. Дар оғоз ба мақомоти ҳукуматӣ ба кор омадани журналистон ва дар як саф ҷой гирифтани онҳо бо мансабдорон, пайдо шудани зоғи сафедро дар селаи зоғони ало ба ёд меовард, аммо ба тадриҷ ин тафриқа аз байн зудуда шуд. 

Дар давоми зиёда аз 20 соли охир котиби матбуотӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз миёнрави оддии байни ҳокимият ва расонаҳои хабарӣ то мансабдори воломақом дар сохтори давлатӣ рушд кард. Акнун дар фаъолиятҳои робита бо ҷомеа роҳбари хадамоти матбуот, ё худ котиби матбуотӣ яке аз чеҳраҳои муассир ба ҳисоб меравад, ки таъмини равобити умум, бахусус иртиботи сиёсиро ба уҳда дорад. Ҳоло ин вазифа дар сохтори ҳокимият аз муҳимтаринҳо арзёбӣ шавад ҳам, ба назар чунин мерасад, ки рисолати миёнравии котиби матбуотӣ барои ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ба андешаи муаллиф, ки дар вазифаи  котиби матбуотӣ таҷрибаи амалии фаъолият дорад, дар куҷое набошад, рисолати котиби матбуотӣ аз он иборат, ки ӯ як навъ вакили дифоъ аз манфиати ташкилот, муассиса ё мақомоти давлатӣ дар назди ВАО мебошад, ва ҳамзамон дар корхона ё ташкилот  аз манфиатҳои ВАО дифоъ мекунад. Солҳои охир дар дастгоҳи ниҳодҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мансаби котиби матбуотӣ ё вазифаи масъули ҳамкорӣ бо ВАО ворид карда шудааст.

Одатан котиби матбуотии шахси аввал дар тобеияти хеш гуруҳи коршиносони чи дохилӣ ва чи ҷалбшударо фаро гирифта, матни суханрониҳоро омода ва робитаро  бо расонаҳои хабарӣ таъмин менамояд. “Котиби матбуотӣ дар ин маврид сарварро дар тамоми сафарҳояш ҳамроҳӣ мекунад ва аз номи ӯ  метавонад барои журналистон шарҳу тафсир намояд. Хадамоти котиби матбуотӣ дар чунин ҳолат  воҳиди сохториест, ки танҳо ба шахси аввал тобеият дорад. Аммо гоҳо котиби матбуотӣ метавонад, роҳбарии тамоми хадамоти матбуотии мақомоти ҳокимияти давлатиро ба уҳда гирифта,  фаъолияти онро дар тамоми самтҳо муайян кунад[2].”

Дар заминаи баррасии ин мавзӯъ олими амрикоӣ  Маргарет Х. Селливан, ки ҳамзамон таҷрибаи бойи фаъолият дар хадамоти матбуотиро дорад, ба масъалаи озодӣ ва қаробати ҳамкориҳои котиби матбуотӣ ва шахси мансабдор дахолат карда, таъкид менамояд: “Ба хотири пурсамарии кор намоянда оид ба ҳамкорӣ бо ВАО, ё худ котиби матбуотӣ  бо  шахси мансабдор, касе набошад, хоҳ сарвазир, президент, вазир ё роҳбари идора  бояд дар заминаи эҳтироми тарафайн муносибати наздик дошта бошад. Ин  намояндаи расмӣ бояд бо мавқеи шахси мансабдор оид ба масъалаҳои мухталиф огоҳ  ва ба ӯ дастрасии мустақим дошта бошад[3]”.

Таъкид мегардад, ки намояндаи расмӣ имкони ба шахси мансабдор расонидани иттилои таъхирнопазирро дар вақти ҷаласаҳо бидуни ҳузур ва ширкати котиби шахсӣ ё ёварон бояд дошта бошад. Чунин ваколати котиби матбуотӣ ба ҳукумат имкон медиҳад, нисбати масъалаҳое, ки ба ВАО иртибот дорад, вокуниши таъҷилӣ намоиш диҳад. Намоянда оид ба робита бо ВАО ҳамчунин дар тасмимгирӣ бояд ширкат варзад. Зеро онҳое, ки сиёсатро муайян мекунанд, бояд дарк намоянд, ки пешниҳодҳои онҳо ба муносибат бо ҷомеа чӣ навъ таъсир мерасонад

Аз ин лиҳоз ҳангоми пешбурди фаъолияти робита бо ҷомеа роҳбарияти мақомот (ташкилот, корхона) бояд ба чанд масъалаи калидӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд, ки бешак ба самаранокии фаъолияти хадамоти матбуот таъсири амиқ мерасонад:

  • Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот (шӯъбаи робита бо ҷомеа ё PR) бояд ба роҳбарияти мақомот  (ташкилот, корхона) иртиботи мустақим ва доир ба фаъолияти ҷории мақомот (ташкилот, корхона), ҷанбаҳои қавӣ ва заифи он маълумоти муфассалро дар ихтиёри хеш дошта бошад;
  • Фаъолияти котиби матбуотӣ вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои корхона дар давраҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддат бояд тарҳрезӣ шавад;
  • Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот (шӯъбаи PR) аз дигар бахшу шӯбаҳои мақомот (ташкилот, корхона) тамоми маълумотро, ки барои татбиқи вазифаҳои пешгузоштаи роҳбарият барояш заруранд, бояд таъҷилӣ дастрас карда тавонад;
  • Иштироки котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот (шӯъбаи PR) дар кори тарҳрезии чорабиниҳои роҳбарияти мақомот (ташкилот, корхона), ки  дар атрофи он ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мешавад, бояд таъмин гардад;
  • Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот ба боварии комили роҳбари мақомот  (ташкилот, корхона) бояд ноил гардад, устоди касби худ бошад ва дар миёни журналистон  эътибор дошта бошад.
Бояд зикр кард, ки маҳз рисолати миёнравии котиби матбуотӣ  ӯро дар шароити сарбории зиёд қарор медиҳад, зеро  эҳсоси «хизматгори ду хоҷа» барояш ноҳинҷор аст. Дар ҳақиқат ҳам котиби матбуотӣ ба ду субъекти иртиботи оммавӣ хидмат мекунад. Аз як тараф  ба ташкилот ва роҳбарияти он, ки чеҳраи онҳо ба ҷомеа муаррифӣ мешавад ва аз сӯи дигар ба ҷомеа, ки ташкилот бо он муносибатҳои худро беҳтар карданӣ аст. 
 
Ба андешаи муаллифи ин сатрҳо вазифаҳои асосии сарвари ин гуна ниҳодҳо дар мақомоти давлатӣ дар се самт муайян мешавад, ки ин нукта аз ҷониби муҳаққиқони зиёд низ иброз мешавад:
  1. Рукни берунаи фаъолият. Хадамоти матбуот ва сарвари он иттилооти хизматии дохилии  коргоҳ ё мақомотро таҳлил карда, онҳоро  баъди коркард барои истифодаи ВАО пешниҳод мекунанд. Дар ин маврид котиби матбуотӣ ба ҳайси «мутарҷим» фаъолият мебарад ва эҷоди фазои дӯстонаи муносибати роҳбари мақомот ва ВАО вазифаи асосии ӯст ва вазифадор аст, то бидуни ворид шудани ихтилоф ба ин равобит онро ҳифз намояд. Котиби матбуотӣ ба сифати спичрайтер ё матннигор матни суханронӣ ва баёнияҳои роҳбари мақомотро омода карда, дар ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотии роҳбари мақомот муваззиф аст.
  2. Рукни муҳофизатии фаъолият. Хадамоти матбуот ва кормандони он  бояд аз иттилооти хизматӣ ва сирри давлатӣ ҳифз намоянд. Ба котиби матбуотӣ зарур аст, ки дар ин бобат муносибатро бо журналистон чунон ба роҳ монад, то дуюмиҳо ҳеҷ гоҳ эҳсоси пӯшидагии аз ҳад зиёди мақомотро барои ВАО эҳсос накунанд ва дар баробари нисбати  иттилооти хизматӣ бояд сиёсати роздорӣ татбиқ гардад.
  3. Рукни дохилии фаъолият. Хадамоти матбуот бояд тамоми иттилоотро, ки дар ВАО  роҷеъ ба фаъолияти мақомот ва роҳбарияти он ба нашр расидаанд, ҷамъоварӣ карда, онро ба риштаи таҳлил  кашад ва барои чорабинӣ аз рӯи тартиби муайянкардаи ташкилот ё муассиса онро ба масъулин пешкаш намояд.
Робита бо ҷомеа фаъолиятест, ки хеле доираи фарох дорад ва доманадор аст. Он бо истифода аз усулҳои муайян барои ба даст овардани ҳадафҳои  ташкилот ва муассисаҳо, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар он ҷо ин ниҳод ташкил шудааст, кумак мерасонад. Аммо дар ин замина муҳимтарин ва умдадтарин унсури фаъолияти  хадамоти матбуот ба татбиқи сиёсати иттилоотӣ бастагӣ дорад, ки дар ин фаъолият котиби матбуотӣ ба сифати  менеҷери иттилоотӣ муносибати ҷомеаро баҳо медиҳад, сиёсат ва амалкарди ташкилот ва сарвари онро бо манфиатҳои ҷамъиятӣ айният мебахшад ва барномаи амалро ба хотири ҳосил намудани эътибори ҷамъиятӣ татбиқ менамояд. 
 
Дар марҳилаи кунунии рушди хадамоти матбуотӣ роҳбари ин ниҳодро, ки гоҳо бо номҳои сухангӯй ва ё котиби матбуотӣ  ёд  мешаванд, чун анъана  ба ҳайси ёвари сарвари корхона ё муассисаи  дахлдор муаррифӣ менамоянд. Гоҳо ин ҳарфҳо аз забони худи роҳбарон садо медиҳад, ки муаллифи ин сатрҳоро собиқ Раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ дар баъзе мавридҳо, ба хусус ҳангоми  мулоқотҳояш бо табақаҳои мухталифи аҳолӣ дар ин ё он маҳалли вилоят ҳамчун ёвари хеш муаррифӣ мекард. Ӯ гоҳо дар ин зам ина ҳатто иҷрои ин ё он масъаларо, ки аслан  ба фаъолияти робита бо ВАО дахл надошт, ба дӯши котиби матбуотии  хеш вогузор мекард.  Чун анъана дар чунин мавридҳо шоҷеоте, ки гӯё котиби матбуотӣ “дасти рости роҳбар” ё “сояи роҳбар” аст, низ  ба миён меояд. Вале новобаста аз мавҷудияти чунин шоҷеот, ки пояи воқеӣ надоранд,  ингуна  шеваи кор аз сатҳи баланди боварии  дуҷонибаи роҳбар ва котиби матбуотии ӯ дарак медиҳад. Адами  суиистифода аз чунин навъи боварӣ одатан ба манфиати ҷомеа аст ва ба рушди муносибатҳои мутақобилаи мақомоти дахлдор ва роҳбари он  бо аҳолӣ  ва пешравии кор мусоидат менамояд. 
 
Ҳамзамон дар таҷрибаи фаъолияти котибони матбуотӣ тарзи корбарии дигар низ ба мушоҳида мерасад.  Одатан чунин котибони матбуотӣ  “намоишкорӣ” намекунанд ва кори худро гӯё орому сокит анҷом медиҳанд ва таваҷҷуҳи онҳо бештар ба таҳлили иттилооти дастрасшуда,  ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва ғайра мутамарказ мешавад. Онҳо бештар дар мавқеи маъмур қарор мегиранд ва аз худ  чеҳраи фаъоли расонаӣ ва ё шахсияти шинохтаи  оммавӣ намоиш намедиҳанд. Дар доираҳои рӯзноманигорони вилояти Суғд онҳоро одатан шӯшиомез “чойрезаки раис” ном мебаранд.  
 
Ин дар ҳолест, ки иддае  аз котибони матбуотӣ аз номи сарвари хеш сухангӯӣ мекунанд ва нуқтаи назари эшонро бо тамоми масъулият ба ВАО пешкаш менамоянд. Воқеан ҳам чунин тарзи корбарӣ хеле душвору бомасъулият, ҳамзамон ҳассосу нозук аст ва дар таҷрибаи корӣ чунин навъи котибони матбуот, ки вазифаи хешро дар сатҳи касбияти баланд ва бо ҳамоҳангсозии беҷурм пеш бурда, аз номи  роҳбари худ сухангӯӣ мекунанд, ангуштшуморанд. Дар баробари ин новобаста аз тарзу усули корбарӣ котиби матбуотӣ бояд нақли қавли роҳбарашро ба матбуот дуруст ва бидуни духӯрагӣ манзур намояд ва ҳамеша ба суолҳои “таҳрикомез” ва “иғвоангез”-и хабарнигорон ҷавобҳои омода бошад. Гоҳо зарур аст, ки худаш пештар аз журналистон чунин суолҳоро ба миён гузошта, ҳамзамон ҷавобҳои омодакардаашро пешкаш намояд. Дар чунин маврид зарурати дар шакли  “нороҳаткунанда” пешкаш шудани суол аз ҷониби рӯзноманигорон бардошта мешавад. Аммо дар ҳама ҳолат котиби матбуотӣ бояд дар сухангӯӣ нуктасанҷ бошад, то ки ҳарфи “ноҷӯру ноҷоя”-и  ӯ ба обруву нуфузи коргоҳ ва ё роҳбараш таъсири манфӣ нарасонад.  

Ба сурати умум  вақте  сухан аз вазифаи котиби матбуотӣ меравад, набояд фаромуш кард, ки  фарди даъвогар ба ин вазифа бояд дорои эҳсоси баланди масъулият ва сатҳи хуби касбӣ, инчунин  қобилияти тасмигирии мустақилона дошта бошад. Таҷрибаи солҳои охир, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ  водор мекунад, ки ба вазифаи котиби матбуотӣ бояд муттахассиси собиқадор ва касбӣ бо маълумоти олии самтҳои мухталифи соҳаи гуманитарӣ пешбарӣ шавад. Ҳарчанд ҷонибдорони даъво дар бораи он, ки ба ин вазифа танҳо журналистон бояд фаъолият намоянд, низ хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд.

Вале ба андешаи муаллифи ин сатрҳо дар ин бобат нуқтаи назари котиби матбуотии Иттифоқи журналистони Федератсияи Русия, муаллифи китоби “Хадамоти матбуот ва ошкорбаёнӣ”   Пётр Полонитский боиси дастгирист: “Агар одам рузноманигори хуб бошад, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки ӯ метавонад котиби матбуотии хуб шавад, зеро дар ин замина вай бояд маҳоратҳои иртибототии тавсеаёфта дошта бошад ва психологияи мухотабони ҳадафманди гуногунро дуруст дарк намояд”.  Яъне имруз котиби матбуотӣ бояд иртиботгари мумтоз бошад, ки робитаи ташкилот ё муассиса ва роҳбари онро бо расонаҳои хабарӣ ва аҳолӣ устувор ва самарабахш  ташкил намояд.

Дар баробари ин бояд зикр кард, ки ҳамзамон бо рушди хадамоти матбуот ва пешаи котиби матбуотӣ қоидаҳое низ зуҳур мекунанд, ки ин ҷомеа татбиқи онро фарз мешуморанд. Аз ҷумла, дар доираҳои васеи котибони матбуотӣ чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он 5 қоидаи тиллоии котиби матбуотӣ арзи вуҷуд мекунад:
  • Котиби матбуотӣ бояд ҳамеша паёми матбуотии (пресс-релиз) хуб омода кунад, вале ин маънои онро надорад, ки ба ҷойи рузноманигор бояд мақола нависад. Ҳар кадоме бояд кори худро анҷом диҳад. 
  • Котиби матбуотии муваффақ на рузноманигор аст ва на олим, вале дар як ҳошияе қарор дорад, ки аз таҳқиқот ва матбуот бояд комилан огоҳ бошад. Ӯ ба роҳбари хеш дастрасии мустақим, гоҳо ҳатто барои як дақиқа ба хотири ҳалли масъалаи таъхирнопазир бояд дошта бошад.
  • Котиби матбуотӣ вазифадор аст, ки рузноманигорон, инчунин коршиносони илмии худро оид ба проблемаҳои мушаххас шиносад. Зеро онҳо дар мавридҳои зарурӣ метавонанд , ки барои матбуот бо забони фаҳмои мухотабон масъалаҳои мухталифро шарҳу эзоҳ диҳанд. 
  • Котиби матбуотӣ наметавонад, ки дурӯғ гӯяд, дар акси ҳол минбаъд касе ба ҳарфҳояш эътимод нахоҳад кард. Ӯ аз ибрози нуқтаи назари шахсӣ бояд худдорӣ намояд. Чунки ин нуқтаи назар на ҳамеша метавонад дуруст бошад ва дар натиҷа чунин ҳолат ба нуфузи хизматӣ латма мезанад. Одатан хабарнигорон дар ҷустори иштибоҳҳо ҳастанд ва дар мавриди зарурӣ ба ин далел метавонанд шаку шубҳаи худро иброз карда, котиби матбуотиро ба дуруғгӯӣ мутаҳам созанд.
  • Котиби матбуотӣ бояд ба қавли худ устувор бошад ва тамоми ваъдаҳояшро иҷро намояд. Ӯ обруву нуфузи ташкилот ва корхонаи худро бояд дар назди қаламкашон густариш дода, таҳким бахшад. Бо хабарнигорон ҳамеша дар робита бошад, ки ин амал пояи эътимодро шахсан нисбати ӯ мустаҳкам мекунад.

Вақте, ки 23 сол муқаддам устод  Дадоҷон Раҷабӣ ба маснади котиби матбуотӣ нишастанд ва ингуна фаъолиятро дар вилояти Суғд бори аввал таҷриба карданд, шояд ба ин андеша набуданд, ки пешаи мазкур дар ин муддати кутоҳ хеле рушд мекунад, тавсеа меёбад ва минбаъд нисбат ба котибони матбуотӣ талаботи хосаи касбӣ пайдо мешавад. Шояд аслан тасаввур ҳам намекарданд, ки дар зудтарин фурсат технологияҳои нав ба нави корбарии хадамоти матбуот ва котиби матбуотӣ роиҷ мешавад ва робита бо ҷомеа, ки хадамоти матбуот аз ниҳодҳои муҳими  пешбарандаи чунин фаъолият ба ҳисоб меравад, дар илми муосир ҷойгоҳи худро пайдо мекунад ва дар Тоҷикистон низ дар ин самт пажуҳишҳо анҷом мепазиранд. Аммо ин ҳама ҳоло муҳим нест. Муҳим он  аст, устод Дадоҷон Раҷабӣ  ба сифати аввалин котиби матбуотӣ дар рушду такомул ва инкишофи сифатии хадамоти матбуот ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд ва ба ин васила ҷойгоҳи муносиби худро дар таърихи ин соҳаи ин муҳими ҳаёти иҷтимоӣ пайдо кардаанд.

_________________________________________

1. Архиви вилояти Суғд. Ф20. р.18. п1163. саҳ. 182
2. Ильченко, С.Н. Современная пресс-служба: Учеб. пособие / С.Н. Ильченко, А.Д.
Кривоносов. – СПб.: С.-Петерб. гос. ун-т, 2005. – 105 с.
3. Салливан, Маргарет X. Ответственная пресс-служба. Взгляд изнутри. – М.,
2004. – 145 с.
4.Полоницкий П.А. ПРЕСССЛУЖБЫ И ГЛАСНОСТЬ (Серия «Библиотечка юриста СМИ») — М.: Юридический Мир, 2006. — 90 с.

Илҳом Ҷамолиён 
маҷаллаи “Паёми Суғд”,  Хуҷанд,  2015 – №5. – саҳ. 76 — 81.

Устод  
Дадоҷон Раҷабӣ

Устод Дадоҷон Раҷабӣ
На платформе MonsterInsights