Ҳамкорӣ бо ВАО
Илм,  Мақолаҳо

Механизмҳои беҳинасозии равобити иттилоотӣ-иртибототии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ бо ВАО ва ҷомеа

Таъмини иттилоот бобати фаъолияти рўзмарраи ҳукумати маҳаллӣ, ҳамкориҳои иттилоотӣ–иртибототии он бо аҳолӣ, хизматрасонии иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар заминаи рушди мубодилаи иттилоотии оммавӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои мушаххаси мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб мешаванд, ки сиѐсатии иттилоотии ин мақомотро муайян хоҳанд кард ва ин амалкард ба дӯши хадамоти матбуот, ѐ дигар ниҳоди пешбарандаи фаъолиятҳои робита бо ҷомеа вогузор аст.

Мафҳумҳои “иттилоот” ва “иртиботот” бо ҳам робитаи қавӣ доранд. Иттилоот ҳамонест, ки дар ҷараѐни иртиботот интиқол мешавад. Дар луғатномаи русӣ дар бораи истилоҳоти хориҷӣ “иртиботот”- ро ҳамчун роҳи нақл ва шакли алоқа, ҳамчун намунаи муоширати байни ду нафар ва ѐ бештар одамон бар пояи ҳамдигарфаҳмӣ, чун пешниҳоди иттилоот аз яке ба дигаре ва ѐ ашхоси бештар тафсир шудааст. Иртибототи оммавӣ бошад, ҳамчун раванди пешниҳоди иттилоот бо истифода аз васоити техникӣ, яъне васоити иртибототи оммавӣ (матбуот, радио, телевизион ва ғайра) ба мухотабони аз рӯи миқдор бузургҳаҷм ном бурда мешавад (4;26).

Истилоҳи “иртиботот” дар адабиѐти илмӣ дар оғози асри 20 пайдо шудааст. Назарияи ягонаи иртибототи оммавӣ бошад, ҳамоно дар заминаи ковиш ва пажуҳишҳо, равиш ва мавқеъгириҳои илмии олимону муҳаққиқони соҳаҳои улуми гуманитарӣ ва ҳам техникӣ ташаккул меѐбад.

Яке аз поягузорони сотсиология дар ИМА Ч. Кули иртибототро механизми универсалии ҳамкориҳои иҷтимоӣ ном бурдааст: “иртиботот механизмест, ки бо истифода аз он мавҷудият ва рушди муносибатҳои одамон -тамоми рамзҳои тафаккур дар якҷоягӣ бо имкони нақл ва ҳифзи онҳо дар замони муайян, имконпазир мегардад. Ин механизм мимика, муколама, ишораҳо, садо, калимаҳо, хат, матбуот, роҳҳои оҳан, телеграф, телефон ва тамоми дастовардҳои охирини инсониятро дар мавриди тасарруфи фазо ва замон дар худ фаро гирифтааст” (3;350).

Дар ин мақола мо ҳадаф гирифтаем, то ин масъала, яъне ҷанбаҳои мухталифи иртибототро аз рӯи равиши гуманитарӣ баррасӣ намоем ва дар ин замина мафҳуми иртиботот “ҳамчунин низомеро дар назар дорад, ки дар он ҳамкориҳо сурат мегиранд, инчунин зери ин мафҳум раванди ҳамкорӣ ва шеваҳои муошират пешбинӣ мешавад, ки ба таҳия, интиқол ва қабули иттилооти мухталиф имкон медиҳад”(6, 10).

Бояд ба назар гирифт, ки дар бархурди кории байни ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ВАО ҳамеша зиддияти ошкору ниҳон вуҷуд дошту дорад ва чунин муносибат дар қолабҳои мухталиф арзи ҳастӣ мекунад. Ба ақидаи бештари коршиносон ва муҳаққиқон рақобати байни ВАО ва ҳукумат, ки акнун ба ҳукми анъана даромадааст, амрест воқеӣ ва бояд барои пешрафти ҷомеа мусоидат намояд. Аммо маҳз хадамоти матбуот, ки дар размгоҳи иттилоотӣ ба сифати довар ва мушовири беғараз хидмат менамояд, эҷоди фазои рақобати солимро ба дӯш дорад (4). 

Дар ҷараёни фаъолияти беш аз ҳафтсолаи муаллиф ба сифати роҳбари Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд низ ин нукта ба кормандони ҳам мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам расонаҳои хабарӣ ба таври мушаххас гӯшзад шудааст. Яъне банда ба ин ақида аст, ки ниҳодҳои махсуси кор бо расонаҳои хабарии мақомоти давлатӣ дар ташкили бархурди дуҷониба аз як сӯй намояндаи дифоъи манфиатҳои мақомоти хеш дар назди ВАО, ва аз сӯи дигар чунин намояндаи дифоъ аз манфиатҳои ВАО дар назди мақомоти давлатӣ ба шумор мераванд.

Бинобар ин набояд фаромуш кард, ки кормандони хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ дар баробари он, ки бобати беҳтар кардани имиҷи давлат дар назди ҷомеа ва журналистон сари андеша ҳастанд, ҳамзамон бояд бобати имиҷи ВАО ва журналистон дар назди мақомоти давлатӣ масъулияти баробару ҳамсон дошта бошанд. Танзими муносибати ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳасана аз вазифаҳои ҷонии ин ниҳод аст. Аммо натиҷаи баъзе аз пурсишҳои оммавии мо аз он далолат медиҳанд, ки иддае аз хабарнигорон мехоҳанд. нақши мусбии хадамоти матбуотиро зери суол гузоранд. Ба андешаи онҳо мавҷудияти хадамоти матбуот ба озодии баѐн латма ворид месозад ва ин ниҳоди робита бо расонаҳои хабарӣ ва ҷомеа гӯѐ маҳз ба хотири татбиқи сензураи иттилооти дохилӣ фаъолият мебарад. Бешубҳа ҳоло дар амалия дар баробари теъдоди зиѐди хадамоти матбуоти муваффақ, инчунин дар чунин ниҳодҳо ашхоси ноогоҳ аз касбият ҳам фаъолият мебаранд. Онҳоро аксаран журналистони вилояти Суғд шӯхиомез «чойрезаки раис» ном мебаранд ва онҳо наметавонанд дар татбиқи сиѐсати иттилоотиии дуруст дар мақомоти хеш ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Ҳоло фаъолиятҳои рӯзмарраи иттилотӣ – иртибототии хадамоти матбуот на танҳо корҳои ҷустуҷӯ, таҳлил, баҳодиҳӣ ва интишори иттилоотро, ки барои фаъолиятҳои идорӣ ва мудирияти ҳукумати маҳаллӣ заруранд, дар бар мегирад, балки тақозо мегардад, ки ингуна фаъолиятҳо доимо дар ҳоли рушд ва беҳинашавӣ қарор дошта бошанд.

Ба назари мо дар шароити кунунӣ хадамоти матбуот, ѐ дигар ниҳодҳои пешбарандаи робита бо ҷомеа бо истифода аз ВАО ҳанӯз натавонистаанд, ки рисолати иҷтимоии худро ба пуррагӣ анҷом дода, иттилооти фарогирро ба ҷомеа пешкаш намоянд ва шароити мусоидро барои муколамаи созанда омода намоянд. Дар ин замина агар дар фаъолиятҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти робита бо ҷомеа ва ҳамкориҳои иттилоотӣ — иртибототӣ то андозае таҷрибаи хуб ва боиси дастгирӣ андӯхта шуда бошад ҳам, аммо чунин фаъолият дар аксари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз рӯи маводҳои дастрасшудаи матбуоти даврӣ ва мушоҳидаҳои шахсии муаллиф вазъият дар манотиқи дигари кишвар низ нигаронкунанда аст ва тақозо мегардад, ки равобити иттилоотӣ –иртибототи ҳукумати маҳаллии кишвар бояд дар сатҳи сифатан нав қарор гирад. Бешак, ин амр масъалаи беҳинасозии чунин равобит ва ҳамкориҳои иттилоотӣ – иртибототии миѐни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолиро ба миѐн мегузорад.

Бешубҳа, ташаккул додани равобити иттилоотӣ –иртибототии миѐни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа тақозо мекунад, ки дар ин замина талабот ва манфиатҳои иттилоотии тамоми иштирокдорони ин раванд омӯхта ва ба инобат гирифта шаванд. Бояд нуқта ва арзишҳои умумӣ кашф карда шуда, дар асоси натиҷаҳои ба дастомада системаи додугирифт ѐ худ мубодилаи иттилоотӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа ба роҳ монда шаванд. Баъзе аз муҳаққиқони пиаршинос бар ин ақидаанд, ки “равобити мутақобилаи иттилоотӣ ба ташкилот барои арзѐбӣ ѐ худ мониторинг ва ояндабинии ҳодисаҳо дар шароити комилан номуайянӣ, ва вокуниши саривақтӣ ба онҳо зарур аст. Робита бо ҷомеа, бешак воситаи стратегии идора ва ѐ мудирияти рафтори муҳити беруна ва дохилаи ташкилот, абзори таъсиррасонӣ ба онҳо ба воситаи равобити иттилоотӣ мебошад ” (1,3).

Агар аз рӯи принсипҳои ҷомеаи демократӣ , ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар эъмори чунин ҷомеа пайгирона иқдом гирифтааст, амал намоем, пас дар фазои иттилоотӣ технологияҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои созанда миѐни мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва аҳолӣ бояд истифода гардад, ки табтиқи онро хадамоти матбуот ѐ ниҳоди дигари робита бо ҷомеа ба зимма дорад. Ҳукумат бо ҳамаи субъектҳои фазои иттилоотӣ, бахусус ВАО муносибати созанда дошта бошад ва ҳатто агар дар ин гуна муносибатҳо ихтилофи назар мавҷуд бошад ҳам, аз тамоми бархурдҳое, ки ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои смарабахш мусоидат менамоянд, истифода намояд. Яке аз муҳимтарин усулҳои равобити иттилоотӣ — иртибототӣ, ин ҳамкории иҷтимоӣ аст, ки он муколамаи байни сохторҳои ҳукуматӣ, ВАО ва ҷомеаро дар назар дорад ва ин  муколама  ҳамаҷониба, мунтазам ва созанда бояд бошад. Ин имконият медиҳад, ки шаффофияти фаъолият таъмин гардида, татбиқи ҳуқуқи ҷомеа ба иттилоот таъмин карда шавад ва аз сӯи дигар имкони пӯшида мондани ҳукумат аз назари ҷомеа пешгирӣ мегардад. Ин нукта дар Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хоса таъкид шудааст: «манфиати давлат дар соҳаи иттилоот аз эҷоди шароити рушди инфрасохтори иттилоотӣ иборат аст, ки барои татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои конститусионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот ва истифодаи онҳо ба хотири таъмини устувории сохти конститусионӣ, истиқлолият ва ягонагии территориявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суботи сиѐсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, рушди ҳамкориҳои байнулмилалии баробарҳуқуқ ва мутақобила самарабахш равона карда шудааст” (5;http://cipi.tj/?p=270).

Айни замон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хадамоти матуботӣ нақш ва ҷойгоҳи хеле барҷастаро касб кардааст. Ин ниҳод акнун на фақат дар ҳалли масоили ҷории рӯзмарра, балки бо мудирияти иттилоотӣ, барномарезии дарозмуддат, эҷоди робитаҳои самарабахш, мониторинг, таҳлил ва ояндабинӣ, омӯзиши афкори ҷомеа ва назарпурсӣ, инчунин спичрайтинг машғул аст, ки ин ҳама аз тавсеаи фаъолият ва таҳкими нақши ин ниҳод дар сохтори ҳукумати маҳаллӣ дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин на дар ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ моҳияти иттилотӣ-иртибототии хадамоти матбуот ҳамчун субъекти муҳими сиѐсати иттилоотӣ дар маҳал сазовор қадршиносӣ мешавад. Дар баробари ин як қатор проблемаҳои дигар, аз ҷумла номутаносибии мундариҷаи фаъолияти хадамоти матбуот ва имкониятҳои ташкилии он, ҳанӯз ҳам роиҷ будани модели дасткорӣ, ѐ худ манипулятсия, ѐ амалкарди робитаи дутарафаи номутаносиб дар фаъолиятҳои робита бо ҷомеа бобати иттилоърасонӣ ба аҳолӣ, ҳамзамон сарфи назар кардани робитаҳои дутарафаи мутаносиб, беэътиноӣ дар истифодаи фановариҳои иттилоотӣ барои рушди робита бо ҷомеа, заиф будани ҷанбаи фаъолият дар самти ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ҳанӯз ҳам пойдор набудани эътимоди аҳолӣ ба ҳукумати маҳаллӣ, сохтакорӣ ва сарфи назар кардани натиҷаҳои воқеии робита бо ҷомеа ва ғайра мавҷуданд, ки зарурати беҳинасозии ҳамкориҳои иттилоотӣ – иртибототиро дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба миѐн овардаанд.

Ба назари мо, беҳинасозӣ ва такомули равобити иттилоотӣ – иртибототии хадамоти матбуотии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд дар заминаи татбиқи ин омилҳои муҳим сурат гирад:

— даст кашидан аз модели амалкарди дасткорӣ ѐ манипулиятивӣ, гузариш ба ҳамкориҳои созанда ва таҳкими истифодаи модели равобити дуҷонибаи мутаносиб;

— ташкили шабакаҳои равобити мутақобила ва таъмини дастрасии интиқодоту  пешниҳодоти аҳолӣ ба ҳукумат;

— ташкили баррасии муҳимтарин барнома ва тарҳҳои иҷтимоӣ бо ҷалби васеи аҳолӣ бо истифодаи самаранок аз тамоми ВАО ва иртибототи омма;

— соддагии “забон”-и иртиботот

— таъмини эътимоднокӣ ва фаврияти иттилоот

— истифодаи фановариҳои пешқадами иттилоотӣ

— пешгӯии вокуниши аҳолӣ ба тасмимҳое, ки ҳукумати маҳаллӣ қабул хоҳад кард

— таъмини таносуб дар байни тасмимҳои ҳукумат ҳамчун субъекти мудирият ва интизориҳои аҳолӣ аз ин тасмимҳо ҳамчун объекти мудирият.

Маҳз интихоби шаклҳои беҳтари ҳамкориҳои иттилоотӣ – иртибототии хадамоти матбуот бо ВАО ва аҳолӣ ба хотири татбиқи салоҳиятҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад ба сифати ҳукуматдорӣ таъсири мусбат расонад. Бинобар ин ташкили модели коршоями равобити иттилоотӣ – иртибототӣ дар амри мудирияти соҳаи иттилооти ҳукумати маҳаллӣ зарурияти воқеӣ ба ҳисоб меравад.

Барои ноил шудан ба беҳинасозии равобити иттилоотӣ -иртибототии хадмоти матбуот бояд тамоми захираҳои он мавриди истифода қарор дода шаванд. Яъне, захираҳои хадамоти матбуот маҷмӯаи манбаъҳо, истеъдодҳо, имкониятҳо, усулҳо, технологияҳо мебошанд, ки ҳангоми таъсирасонӣ ба мафкураи одамон ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои пешгузошташуда, метавонанд истифода шаванд. Ин масъала ҳангоми ҳамкориҳо дар қолаби “ҳукумат-ВАО-ҷомеа” муҳим арзѐбӣ мешавад. Аммо истифодаи самараноки захираҳои хадамоти матбуот бидуни мушаххас кардани ҷойгоҳи ин ниҳод дар сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ғайриимкон аст.

Ҳамин тариқ, омилҳои беҳтар кардани равобити иттилоотӣ — иртибототии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, метавонанд ба беҳтар шудани сиѐсати иттилоотӣ ва рушду такомули ҳамкориҳои ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири бевосита дошта бошанд. Аз ин лиҳоз метавон ба чунин хулосаҳо расид:

Ҳифз ва аз худ намудани қонун ва қоидаҳои равобити иттилоотӣ-иртибототӣ ба мақомоти ҳукуматӣ имкон ва шароити хубро ҷиҳати пешбурди ислоҳот ба хотири пешрафти ҷомеа фароҳам меоранд. Сарфи назар кардани ин қонунҳо бошанд, ба рушди бемайлон ва суботи ҷомеа метавонанд халал ворид намуда, ҳамкориҳои самарабахшро дар қолаби “ҳукумат -ВАО- ҷомеа” зери суол қарор диҳанд.

Гузариш ба модели равобити дуҷонибаи мутаносиб ба ивази амалкарди манипулятивӣ, ташкили шабакаҳои равобити мутақобила ва таъмини дастрасии интиқодоту пешниҳодоти аҳолӣ ба ҳукумат, шаффофияти фаъолият, таъмини ҷалби васеи аҳолӣ ба баррасии муҳимтарин барнома ва тарҳҳои иҷтимоӣ, соддагӣ ва оммафаҳмии забони иртиботот, манзури фаврии иттилооти эътимодбахш, пешгӯии вокуниши аҳолӣ ба тасмимҳои ҳукумат, таҳлил ва ояндабинӣ, таъмини мутаносибии тасмимҳои ҳукумат ва интизориҳои аҳолӣ, омӯзиши мунтазами афкори омма аз омилҳои муҳими беҳинасозии равобити иттилотӣ — иртиботиии хадамоти матбуоти ҳукумати маҳаллӣ ба ҳисоб мераванд.

Бояд таҷрибаи фаъолиятҳои робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва механизмҳои беҳинасозии равобити иттилоотӣ-иртиботии хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва истифода қарор дода шаванд. Истифодаи самаранок аз ин таҷриба барои пешбурди корҳои ниҳодҳои робита бо ҷомеа дар мақомоти дигари маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фоида хлдӣ нест. Зеро маҳз усули ҳамкориҳои иҷтимоӣ, ки дар қолаби “ҳукумат –ВАО — ҷомеа” ҷараѐн мегирад, ба беҳинасозии равобити иттилоотӣ-иртибототӣ миѐни мақомоти идораи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд ва самараи нек ба бор хоҳанд овард.

Вожаҳои калидӣ: робита бо ҷомеа, равобити иттилоотӣ – иртибототӣ, иртибототи оммавӣ, иртибототи иҷтимоӣ, хадамоти матбуот.

Илҳом Ҷамолов      

манбаъ: маҷаллаи илмии “Номаи донишгоҳ”. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров. 2015, №4 (45) саҳ. 154 — 161.

ПАЙНАВИШТ:

  1. Алешина, И.В. Паблик рилейшнз для менеджеров. Учебник./ И.В. Алешина.- М.: Экмос, 2003. – 480с. Вадим, Демин. Организация работы пресс-служб — международные стандарты / Т. Пак, В.Демин.- Алматы. FORPOST, 2005. -79с. 
  2. Кули, Ч. Общественная организация (1909 г.) / Тексты по истории социологии XIX-XX веков. Хрестоматия/ Ч. Кули, Добреньков В.И., Л.П. Беленкова.- М., 1994. — С.379.
  3. Словарь иностранных слов. М.: Русский язык, 1988. – 624 с.
  4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 7 ноябри соли 2003.- №1175.
  5. Шарков, Ф.И. Коммунология. Основы теории коммуникации / Ф.И. Шарков. — М.: Дашков и К., 2013. — 488 с.

REFERENCES:

  1. Aleshina, I.V. Public relations for managers. Textbook. – M.: EKMOS, 2003. — 480 p.
  2. Vadim Demin, Tatyana Pak “Organization of press-service activity – international standards”, Almaty, «FORPOST», 2005. – 79 p.
  3. Cooley Ch. Public organizations (1909) / Texts on the history of sociology XIX-XX centuries.Anthology, Dobrenkov V.I., Belenkova L.P. M., 1994. — 379 p. 
  4. Dictionary of Foreign Words. M.: Russian language, 1988. – 624 p. P 246
  5. The Order of the President of the Republic of Tajikistan dated November 7, 2003. -№ 1175
  6. Sharkov, F.I. Kommunology. The Basics of theory of communication. M.: Dashkov & K., 2013. — 488 p.

Механизмы оптимизации информационно — коммуникационных связей местных органов государственной власти со СМИ и населением.

Ключевые слова: связи с общественностью, информационно – коммуникационные связи, массовая коммуникация, социальная коммуникация, пресс-служба.

В статье рассмотрены научные теории, раскрывающие коммуникативные основы PR, специфику массовой коммуникации и практику информационно-коммуникационого взаимодействия органов местной власти РТ со СМИ и населением, в целях информационного обмена и реализации информационной политики. Особое внимание уделяются вопросам оптимизации информационно — коммуникационных связей местных органов государственной власти со СМИ и населением, в том числе совершенствования деятельности пресс-служб в органах власти. По мнению автора, для того, чтобы в Республике Таджикистан сформировалось и устойчиво развивалось демократическое гражданское общество, необходимо, чтобы каждый гражданин, а также общественные организации могли оперативно получать достоверную и объективную информацию по всем интересующим их вопросам жизнедеятельности в информационно-коммуникационной системе «общество – СМИ – власть» и свободно обмениваться информацией. По мнению автора, в сегодняшнем Таджикистане СМИ не в полной мере реализуют свои социальные функции. Пресса пока не может представлять достаточную информацию обществу и не создает условий для консолидированного диалога. В статье утверждается, что взаимоотношения государственной власти и общества не могут быть построены на основе взаимного уважения и делового партнерства, если отсутствует активное информационное взаимодействие государственной власти с обществом и не применяется весь арсенал такого взаимодействия.

The mechanisms to optimize the information — communication relations ofstate local authorities with the mass media and public 

Keywords: public relations, information — communication relations, mass communication, social communication, press-service.

The given article deals with scientific theories revealing communicative base of PR, the specification of mass communication and the practice of information — communication interactions of the local authorities of RT with the mass media and the public, with the purpose of information exchange and implementation of the information policy.

A particular attention is given to the optimization of information – communication relations of state local authorities with the mass media and public, among them improvement of the activity of press- service in bodies of power.

The author considers that in order to form and sustainable development democratic civil society in RT it is necessary that every citizen, as well as public organizations should quickly obtain reliable and objective information on all matters of life activity in information – communication system “society- the mass mediapower” and freely exchange information. The author thinks existing today mass media of Tajikistan doesn’t  fully realize social functions. The press can not so far provide sufficient information to public and does not create the conditions for the consolidated dialogue. The article states that the relationship between the bodies of state power and the society can not be built on the basis of mutual respect and business partnership, if there is no active information interaction between state power and the society or lack of such interaction.

На платформе MonsterInsights