Баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиам дар телевизиони ҷумҳурӣ оғоз гирифтааст ва дар ин ҷо то соли 1985 кор кардам. Ду сол ба ҳайси тарҷумон кор кардам ва сипас дар кори комсомолӣ машғул будам. Соли 1990 аввалин сармуҳаррири телевизиони навтаъсиси вилояти Суғд таъин гардидам. Баъдан дар вазифаи Раиси кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд кор кардам. Аз соли 1995 то соли 2000 журналисти озод будам.