«Тақдири ислоҳоти эълонкардаи президенти нав ва сарнавишти озодии сухан бо ҳам алоқаманд ва аз якдигар вобастагӣ доранд. Бидуни озодии воқеии сухан ва ислоҳоти сиёсӣ, ислоҳоти банақшагирифташудаи иҷтимоию иқтисодӣ ғайриимкон аст ва бидуни ислоҳоти зарурии сиёсиву маъмурӣ ва иродаи сиёсӣ, озодии сухан дар кишвар ғайриимкон аст»,- мегӯяд дар бораи аҳмияти рӯйдодҳои бавуқӯъомада Карим Бахриев, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Иттифоқи журналистони Узбекистон.
20 декабри соли равон, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев низ изҳор кард, ки вай тасмим гирифтааст, ки моддаи ҷиноӣ оид ба тӯҳматро ғайриҷиноӣэълом кунад ва фармон дод, ки онро ба Кодекси маъмурӣ интиқол диҳанд. “Ин бешубҳа яке аз бузургтарин дастовардҳо барои бисёре аз рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма, ТҒҲ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад”, – мегуяд ҳуқуқшиноси соҳаи расонаҳо Олга Диденко, ки он андешаи ҷомеаи касбиро ифода мекунад. -Ҳамзамон, табиати популистии изҳоротро низ бояд фаҳмид, -мегӯяд Адил Ҷалилов, роҳбари Маркази байналмилалии журналистика- MediaNet.
Ба ақидаи ӯ, ваъда барои декриминализатсияи тӯҳмат, натиҷаи бархӯрдест, ки дар кишвар байни президенти нахустин ва феълӣ дар назар аст. “Гумон аст, ки дар амалияи қонунгузорӣ чизе тағйир ёбад, зеро воситаҳои зиёди фишор ба мухолифандешӣ вуҷуд доранд, аммо дар ин ҷо чизи дигар муҳим аст. Назарабаев пешниҳод мекунад, ки ҷазо барои туҳмат сахтар карда шавад, аммо Токаев – баръакс. Ҳоло мо тақрибан воқеияти бисёрвекторӣ дорем, аммо аллакай дар дохили кишвар », – мегӯяд коршинос. Вай тахмин мезанад, ки тағйир ёфтани қудрат, новобаста аз он ки воқеӣ ҳам набошад, зеҳнан дар журналистикаи Қазоқистон бисёр чизҳоро иваз хоҳад кард.
Журналистикаи YouTube-ӣ
Дар соли гузашта, маъруфтарин видеохостинг мақоми платформаи мустақилро ҳифз намуд, ки дар он рӯзноманигорон ва блогнависони минтақа идеяҳои боҷуръатарини худро амалӣ карданд. Масалан, дар Тоҷикистон нашри видео дар платформа қариб ба ҳукми суд табдил ёбад. Чор блогнавис гуфтугӯи худро бо кормандони тиҷорати шаҳвонӣ ба навор гирифта, дар YouTube гузоштанд, ки баъдан онҳоро бо ҷурми “ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ” айбдор карданд.
Ҳарчанд муаллифони видеоро дар натиҷа озод карданд, Марат Мамадшоев, сардабири намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон (IWPR) чунин мешуморад, ки ин ҳодиса «метавонад вазъи бе ин ҳам мураккаби озодии баёнро дар кишвар бадтар кунад». Бо вуҷуди он ки блогнависон мушкилоти муҳими иҷтимоиро ошкор карданд ва дар ҷои ҷамъиятӣ филмбардорӣ карданд, ҷомеаи журналистӣ тасмим гирифт, ки ба таъқиби ҳамкасбон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксуламал нишон надиҳад.