Тарҷума,  Худсозӣ

Уилям Ливингстон Ларнед: Номаи падар ба писар.

Ин номаи падар ба писарро Уилям Ливингстон Ларнед беш аз ним аср қабл навишта бошад ҳам, то ҳол ба қалби  одамони зиёд нохун мезанад. Дейл Карнеги  аз номаи мазкур дар китоби худ истифода бурдааст, ки баъдан худ хеле маъруф гаштааст. 

Нома ба одамони зиёд асар гузоштааст ва аз он дам то ба ҳол дар тамоми ҷаҳон ба забонҳои мухталиф тарҷума ва дар нашрияҳои зиёд ба табъ расидааст.

Ин номаро бояд волидайн бихонанд, бинобар ин мехостам, ки шумо аз номаи мазкур огоҳ бошед.

Уилям Ливингстон Ларнед  «Омурзиши падар».

“Гуш кун, писарам. Ман ин ҳарфҳоро вақте ба забон меорам, ки дастони хурдакаки худро дар бари рӯ гирифта, масти хоб ҳастӣ ва муйҳои парешони қатрони ту дар пешонии арақинат часпидаанд. Чанд лаҳзае пеш дар китобхона машғули мутолиаи рӯзнома  будам, ки маро амвоҷи эҳсоси сангини талаби авф фаро гирифт.  Ман бо дарки гуноҳи хеш ба рахти хобат омадам.

Ман бар ин андеша будам, ки ба ту ҳангоме, ки табъам  ноҷур буд, доду фарёд кардаам. Вақте, ки ту либос ба бар карда, мактаб рафтанӣ будӣ ва руятро бо дастмоли тар пок кардӣ, дашномат додаам. Барои он, ки кафшамро пок накарда будӣ, таъзиқат кардаам. Вакте, ки кадоме аз либосатро руи фарш партофтӣ, бо қаҳр ба сарат дод мезадам.

Вақти ношто низ ба ту айб мемондам. Ту чойро резондӣ, ту нонатро бо ҳирс мегазӣ, оринҷатро болои миз мондӣ. Равғани зиёдро рӯи нонат молидӣ. Баъдан вақте, ки ту ба бозӣ рафтӣ, ман ба вокзали қатораҳо шитоб доштам, раҳораҳ ту суям руй овардӣ, дастфишонӣ карда, бо шавқ фарёд задӣ: “то боздид, дадаҷон”, ман бошам, абрӯ чин кардаму ҷавоб додам: “ қомата рост гир, бааччччааа”.

Баъдан дар охири рӯз, ҳамааш боз такрор шуд. Вақте, ки ба хона меомадам, дидам, ки ту пуфакҳоро рӯи зонуят гирифта, бозӣ мекардӣ. Ҷуробат дарида ва шикоф буд. Ман иззати нафси туро  дар пеши рафиқонат шикаста, маҷбур кардам, ки пеш — пешам ба хона равӣ. “Ҷуроб гаронбаҳост, агар худат бо пули хеш мехаридӣ, он гоҳ эҳтиёт мекардӣ!” Тасаввур кун писарам, ки ин гапҳоро падари ту гуфтааст!

Ёд дорӣ, ту кебида ба китобхона даромадӣ ва нигоҳат пурдард буд? Ман мутолиа мекардам ва норозӣ аз он, ки ба ман халал расондӣ, аз болои рӯзнома сӯят назар дӯхтам. Ту дудила дар назди дар қарор доштӣ. “Ба ту чӣ даркор?”- бо итоб пурсидам.

Дар ҷавоб ҳарфе аз даҳонат берун нашуд, аммо худро ба оғӯшам задӣ, ба гарданам печидӣ ва буса кардӣ. Дастаконат вуҷудамро бо муҳаббате, ки онро Худованд ба дилат андохтааст, мефушурданд. Ҳатто муносибати сарди ман натавонист, ки ин муҳаббатро бихушконад. Баъд рафтӣ, пойҳоят рӯ — рӯи поғундаи хона туро боло мебурданд.

Ҳамин тавр, писарам, шигифтомез будам ва рӯзнома аз дастам раҳо шуда, маро тарси пуртаҳлука ва дилбеҳузуркунандае фаро гирифт. Хулқу хӯям ба сарам чӣ балое овард? Мукофотам барои ту, ки ҳамагӣ бачаи хурд ҳастӣ, шилқинию хурдагирии ман буд. Не, наметавон гуфт, ки ман туро дӯст  намедоштам,  гап сари он аст, ман аз туи наврас интизориҳои зиёд доштам ва туро бо мизони синусоли хеш ченак мекардам.

Аммо хислатҳои хубу солим ва зебою самимӣ дорӣ. Дили кӯчаки ту ончунон бузург аст, мисли шафақ дар пушти талҳои дур. Ман инро вақте дидам, ки худро ба оғӯшам андохтӣ ва қабл аз он, ки ба рахти хобат равӣ, маро бусидӣ. Имруз чизе бароям муҳим нест, писарам. Ман ҳоло ба торикӣ ба рахти хобат омадам ва бо шарм пеши ту зону мезанам!

Чунин авфи гуноҳ ночиз аст. Ман медонам, ки агар ин ҳамаро дар бедориат мегуфтам, ту розҳои маро намефаҳмидӣ. Вале ман фардо падари ҳақиқӣ хоҳам шуд. Ман бо ту дустӣ хоҳам кард, вақте дард мекашӣ, дард хоҳам кашид, вақте механдӣ, ман низ хоҳам хандид. Агар аз даҳонам ҳарфи ноҷо берун шуданӣ бошад, ман забонамро мегазам. Доимо  ин ҳарфҳоро такрор мекунам: «Охир, у бача аст, бачаи хурд!»

Метарсам, ки дар хаёлам туро марди бузурге дидам. Аммо ҳоло вақте туро,  писарам, ки дар ҷойхобат аз мондагӣ ғунча шуда хоб кардаӣ, мебинам, дарк мекунам, ки ту ҳануз кӯдакӣ. Ҳамагӣ дирӯз  ту дар дасти модарат будӣ, сарат ба китфи ӯ моил буд.  Ман аз ту серталаб будам, хеле серталаб…”   

На платформе MonsterInsights