Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода
Мақолаҳо,  Эссе

Қоҳир Расулзода дар манзар ва пасманзари сиёсат

Ӯ аз виқору худпарастӣ даст кашид,  ҳамчунин нисбати ҳамагуна оппонентҳои эҳтимолӣ чӣ дар сиёсат ва чӣ дар бизнес оштиннопазирӣ нишон намедод, кушиш мекард, ки фақат ғамхори гурӯҳе аз писандидагон набошад, муносибатҳои қолабӣ ва дастнорасиро ба одамон бад медид ва бадгӯиро намеписандид… 

Ман сарбози Ватан ҳастам

Дар бораи шева ва тарзи роҳбарии Қоҳир Расулзода бардоштҳо аслан қариб ки яксон ҳастанд ва уро бештар менедҷери кордон, серталаб ва демократ медонанд ва дар ин замина ба вежа аз эҳтиёткориаш таъкид менамоянд. Ӯ  воқеан ҳам шахси эҳтиёткор аст ва ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ғайри қобили пешбинӣ ё беандеша роҳ намедиҳад. Қоҳир Расулзода таъиноти хешро ба симати сарвазир бидуни изҳори ҳеҷ эҳсосоти чашмрас қабул кард ва дар ҷаласаи худоҳофизиаш бо кормандони дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд ҳамаро якояк барои ҳамкориҳояшон арзи сипос намуда, таъкид дошт, “ҳеҷ омиле вуҷуд надорад, ки ман дар вазифаи нав саҳлангорӣ намоям ва омодаам ҷавобан ба боварию эътимоди  Президенти кишвар барои рушду нумуи Ватани азизамон даҳчанд меҳнат кунам. Ман сарбози Ватан ҳастам”…

Қоҳир Расулзода дар саҳнаи театри сиёсии Тоҷикистон чеҳраи нав нест ва наздик ба 15 сол инҷониб дар ин саҳна нақшҳои ба уҳдааш вогузоршударо иҷро мекунад. Дар саргаҳи ворид шудан ба ин саҳна, шуруъ аз соли 2000-ум, дар сохтори сиёсӣ ва идории кишвар сарварии яке аз бойтарин вазорат, яъне вазорати хоҷагии об ва мелиоратсияро ба зимма дошт. Вай то ба ин симат нишастан, ҳеҷ гуна вазифаи баланди давлатиро ишғол накарда буд. Ҳарчанд чеҳраи нав ва ҷавон ҳам буд, вале тавонист, ки бо корҳои шоистааш дар ин мақом худро ба мардум муаррифӣ намояд ва беҳуда нест, ки бо дарназардошти 7 соли фаъолияташ дар ин мансаб рузноманигорон уро “нофосидтарин вазири тоҷик” унвон карданд.

Минбаъд у яке аз вилоятҳои калидӣ, вилояти Суғдро, ки саҳмаш дар иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ мешавад, сарварӣ намуд. Ба ин мансаб бо номи Нозиров Абдуқоҳир Абдурасулович, вазири собиқ, вале чеҳраи ҳануз ҳам камшинохти саҳнаи сиёсии кишвар таъин шуд ва онро баъди даҳ рӯз кам 7 соли тамом бо номи Қоҳир Расулзода, шахсияти шинохташудашудаю бориз ва муассир тарк карда, ба мансаби боз ҳам баландтар — Сарвазири мамлакат нишаст.

Дар вазифаи Раиси вилояти Суғд ӯ натанҳо ному насабашро тағйир дода, миллӣ кунонд, балки тавонист, корҳои зиёдеро ба хотири пешрафти иқтисод ва ободии ин минтақаи хеле бузурги мамлакат анҷом диҳад ва ба ин васила имиҷи хешро ҳамчун сиёсатмадори комили сатҳи миллӣ тақвият бахшад.

Аслан имиҷи шахсиятҳои сиёсӣ дар муддатҳои гуногун ва амалӣ намудани фаъолияти гуногунҷабҳаи пурмӯҳтаво ба амал меояд. Имиҷи Қоҳир Расулзода ба сифати Раиси вилояти Суғд аз рӯи ченаки вақт то андозае ба зудӣ шакл гирифт ва аз рузҳои нахустини фаъолият дар ин мақом алорағми аксари соҳибмансабону ҳамтоёни пешинаш корҳоеро анҷом дод, ки тибқи фаҳмиши эшон, чунин шеваи корбарӣ қобили қабул набуд.

Ӯ аз виқору худпарастӣ даст кашид, ҳамчунин нисбати ҳамагуна оппонентҳои эҳтимолӣ чӣ дар сиёсат ва чӣ дар бизнес оштиннопазирӣ нишон намедод, кушиш мекард, ки фақат ғамхори гурӯҳе аз писандидагон набошад, муносибатҳои қолабӣ ва дастнорасиро ба одамон бад медид ва бадгӯиро намеписандид. Аз ин ҷост, ки дар зарфи як соли аввали фаъолиятш аллакай аз ӯ ҳамчун роҳбари хоксор, кордон, боғайрат, серталаб, адолатпарвар, ғамхори ҳамагон, нотарс аз мушкилот, дар муносибат самимию дастрас ва хайрхоҳи соҳибкорон ном мебурданд.

Дар баробари ин ӯ ҳамеша нишон медод, ки ба мулоқоти одамони оддӣ омода асту аз онҳо ҳазар ва ҳарос надорад, нисбати раҳбарони собиқи вилоят бадгӯӣ намекунад, бо расонаҳои хабарӣ дар ҳамкорӣ аст ва худро дастпарвару пайрави содиқи Президент Эмомалӣ Раҳмон медонад.

Баъдан зимни баррасии ин марҳилаи фаъолияташ нашрияи “Азия плюс” ӯро “муъҷизаи тоҷикию чинӣ” номбар мекунад.

Ҳоло беш аз як сол боз мансаби Сарвазири мамлакатро ишғол кардааст, ки расман шахси чоруми ҷумҳурӣ эътироф мешавад. Ҳарчанд мақоми нахуствазир дар Тоҷикистон зоҳиран як вазифаи номиналӣ шинохта мешавад ва ин мақомро барои ҷомеа ноошно ва дар зери сояи президент ноаёнмонда тафсир мекунанд, Қоҳир Расулзода талош дорад, ки дар ин вазифа низ собитқадам ва пурибтикор бошад.

Албатта, вақт доварӣ хоҳад кард, ки ӯ то чӣ андоза дар ин вазифа муваффақ мешавад ва ҳануз фурсати ҳукм кардан нест. Бо вуҷуди ин аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агар Қоҳир Расулзода тавонад президентро мутақоид созад, ки нақши ӯ ба унвони сарвазир дар ҳукумат номиналӣ ё рамзӣ нест ва ҳангоми тасмимгириҳо ҳарфи ӯ низ ба инобат гирифта мешавад, шояд мавқеи ӯ аз як мақомдори рамзӣ ба шахси бонуфуз ва муҳим табдил ёбад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама фарзияҳо хабари таъиноти ӯро ба вазифаи Сарвазир дар вилояти Суғд, аксарият, ба хусус мардуми оддӣ бо таассуф истиқбол карданд. Дар ҳоле, ки расонаҳои хабарӣ рафтани ӯро ба мансаби сарвазирӣ аз рӯи меъёри «чӣ вазифа асту чӣ кор карда метавонад» баррасӣ доштанд, суғдиёни зиёд ба ин андеша буданд: агар дар вилоят мемонд боз ҳам бештар кор карда метавонист ва нафъаш ба мардум зиёдтар мерасид…

Дар бораи шева ва тарзи роҳбарии Қоҳир Расулзода бардоштҳо аслан қариб ки яксон ҳастанд ва уро бештар менедҷери кордон, серталаб ва демократ медонанд ва дар ин замина ба вежа аз эҳтиёткориаш таъкид менамоянд. Ӯ воқеан ҳам шахси эҳтиёткор аст ва ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ғайри қобили пешбинӣ ё беандеша роҳ намедиҳад.

Қоҳир Расулзода таъиноти хешро ба симати сарвазир бидуни изҳори ҳеҷ эҳсосоти чашмрас қабул кард ва дар ҷаласаи худоҳофизиаш бо кормандони дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд ҳамаро якояк барои ҳамкориҳояшон арзи сипос намуда, таъкид дошт, “ягон омиле вуҷуд надорад, ки ман дар вазифаи нав саҳлангорӣ намоям ва омодаам ҷавобан ба боварию эътимоди Президенти кишвар барои рушду нумуи Ватани азизамон даҳчанд меҳнат кунам. Ман сарбози Ватан ҳастам”…

Амири хонавода …

Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст, ки дар хонаводаи худ барои волидайн фарзанди чорум ва ниҳоӣ ба ҳисоб мерафт.

Падараш Абдурасул Нозиров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи роҳбарии вақти вилоят ва модараш Муҳаббат Охунова, муаллимаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ҷигарбанди худро ба ифтихори бобояш Абдуқоҳир ном гузоштанд.

Таърихшиноси машҳури тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров мегуяд, ки Қоҳир Расулзода нафақат номи бобояшро, ки солҳои тулонӣ дар сатҳи роҳбарии шаҳру ноҳияҳои Ашту Исфара, Қайроққум ва Чкалов қарор дошт, ба худ гирифтааст, балки пешаи ӯ, миробиро низ касб кардааст.

“Бобояш Абдуқоҳир Нозиров ходими намоёни ҳизбию давлатӣ ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарсулолаи оилаи Нозировҳо ба шумор меравад. Падараш Абдурасул Нозиров бошад, тайи 14 сол ба фаҳмиши имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Дар хонаводаи Нозировҳо Абдуқоҳири хурдӣ ҳамзамон Амирҷон ном бурда мешуд, чунки аз номи падарбузургаш ҳаққи салтанат дар ин хонадонро дошт”, — таъкид менамояд Усмонҷон Ғаффоров.

Қоҳир Расулзода ҳарчанд дар деҳаи хушманзар ва маъруфи Хистеварз таваллуд шуда бошад ҳам, кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониаш дар Хуҷанди бостонӣ, дар соҳили дарёи Сир гузаштааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро бо забони русӣ дар ҳамин ҷо хатм кардааст. Аммо ҳеҷ гоҳ забони модариаш –тоҷикии нобро сарфи назар накардааст ва баръакс пайваста онро такмил медод.

Таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон гирифтааст. Ихтисосаш муҳандис — гидротехник аст. Дар ҳамин давра пайваста бо варзиш шуғл меварзад ва чанде шомили ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ низ будааст. Ҳоло ҳам бо варзиш машғул аст, аз ин рӯ гашту гузор ва қомати ӯ аз варзишӣ буданаш дарак медиҳанд.

Фаъолияти меҳнатиаш соли 1982 ба сифати ёвари фаннии озмоишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз мешавад. Сипас тӯли 15 сол, шуруъ аз соли 1985 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 4 иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият бурдааст.

Соли 2000 ба мансаби Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2006 Раиси вилояти Суғд таъин шудааст. Аз 23 ноябри соли 2013 то ба ҳол Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Қоҳир Расулзода оиладор аст. Ӯ бо муҳаббати нахустинаш Иқболой, ки акнун номи хонаводагии онҳо — Нозироваро гирифтааст, издивоҷ кард ва соҳиби се нафар фарзанд гардиданд.

Ҳоло духтаронашон Меҳрангез ва Фарангиз оилаи худро барпо кардаанд ва ба қавле акнун фарзандони худро тарбия мекунанд. Меҳрангез дар озодагиву пухтупаз ҳамто надорад, ба иборае хонаи ӯро бемуболиға ҷойи ҷарроҳӣ метавон истифода кард. Фарангис бошад, забоншиносу тароҳи муд аст. Ягона писарашон Абдурасул, ки низ номи бобояшро гирифтааст ва дар хонавода Дадоҷон унвон мекунанд, ҳоло таҳсилоти олӣ мегирад ва дар миёни ҳамсинфонаш аз пешсафон тавсиф мешавад. Абдурасул ба мисли падараш варзишро дуст медорад, теннисбозӣ ва бокс аз шуғлҳои писандидааш аст.

Вале Қоҳир Рсулзода мегӯяд, ки дар тарбияи фарзандон бештар ҳамсараш саҳм гирифтааст.
Онҳое, ки оилаи Расулзодаро аз наздик мешиносанд, мегуянд, ки ин хонавода бо муҳаббат, меҳрубонӣ ва ҳалимиву хоксорӣ ҳам барои хешовандон ва ҳам барои онҳое, ки эшонро мешиносанд, намунаи ибрат аст.

Иқболой дар баробари бонуи меҳрубону кадбонуи нотакрор будан завқи баланди зебоиофаринӣ дорад. Вале зани раис Қоҳир Расулзодаро аксарият дар рӯзҳое, ки ҳамроҳ бо шавҳараш ва ҳамкорони ӯ барои кӯмак ба кишоварзон ба ҳашари пахта меомад, бештар мешинохтагӣ шуданд.

“Ман аслан фикр намекардам, ки зани раиси вилоят ба пахтачинӣ меояд ва бо чиниши худ ҳамаро ҳайратзада мекунад. Ӯ мисли мошин пахта мечид ва ҳамеша аз аввали пешсафон буд. Чанд нафар бовар намекарданд ва шубҳа доштанд, вале ман бо онҳо шарт баста, ғолиб шудам”, — мегуяд як нафар аз сарварони хоҷагии кишоварзӣ. Ҳамсари Қоҳир Расулзодаро низ мисли шавҳараш меҳнатдуст, созанда ва зебоиофар ном мебаранд.

Қолабшиканӣ, ҳарфҳо ва сукут …

Қолабшиканӣ як тарзи навоварист ва аслан як хавф аст. Дар ҳоле, ки кас дар ин роҳ ноком шавад, ислоҳотхоҳию ислоҳотталабиаш зери суол қарор мегирад.

Қоҳир Расулзода ин нуктаро хуб медонист, вале навҷӯӣ ба хотири ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ва босамар ҳамеша уро ба худ мекашид. У наметавонист, ки дар қолаби маъмулӣ фаъолият дошта бошад, зеро ба андешаи ӯ дар чунин ҳолат инкишоф кунд мешавад ва рушди дилхоҳро таъмин кардан ғайриимкон мегардад.

Ин нукта уро ҳамеша машғул медошт ва дар пайи навҷӯӣ буд. Вақте вазир шуд, уро дар утоқи кориаш камтар медиданд ва роҳаткурсии вазир аксаран холӣ аз соҳибаш қарор дошт. Бештар ба минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ сафар мекард ва худро ба ҳалқаи муттахасисони соҳаи беҳдошти замин ва миробон мезад. Тамоми пойгоҳҳои обикашии кишварро аз ёд медонист, ки дар куҷо ҷойгир шудаанд ва чӣ зафъ доранд.

Боре муаллифи ин сатрҳо шоҳиди як ҳодиса шуд, ки дар яке аз ноҳияҳои водии Зарафшон рух дода буд. Қоҳир Расулзода ба ҳайси раиси вилояти Суғд ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом медод ва дар як мулоқоташ бо мардуми маҳал чанде аз намояндагони аҳолӣ арз доштанд, то вазъи пойгоҳи обкашии “Ёрӣ -1”, ки аз чор дастгоҳи он ҳамагӣ яктоаш фаъол буд, беҳтар карда шавад. Зеро фаъолияти муназзами ин иншоот, ки наздик 2,5 ҳазор гектар заминро обёрӣ мекард, ба вазъи зиндагии мардуми чанд деҳоти ҷамоати Ёрӣ таъсири бевосита дошт.

Вақте, баъди анҷоми мулоқот Қоҳир Расулзода шаҳрдорро ба мошини худ савор карда, ғайриинтизора хоҳиш намуд, ки онҳоро ба пойгоҳ роҳбаладӣ намояд, дуюмӣ саргум зад. Шаҳрдор намедонист, ки аз ин вазъияти ногувор чӣ гуна халосӣ ёбад. Ниҳоят Қоҳир Расулзода худаш роҳбалад шуд ва ҳамаро ба манзил расонд ва баъди боздид шухиомез шаҳрдорро “гӯшмол” дод: “хайрият, дар ноҳия ҳамагӣ чанд пойгоҳи обкашии ангуштшумор мавҷуд аст ва агар бештар мешуд чӣ кор мекардед? Наход тайи панҷ соли раис шуданатон натавонистед, аққалан боре аз ин пойгоҳ, ки ризқу рӯзии мардум аз фаъолияти он вобаста аст, дидан карда бошед”…

Қоҳир Расулзода метавонист боз тундтар ва шадидтар сарзаниш кунад, вале накард. Ӯ чунин одат надошт, ки зердастони худро сахт мулзам кунад, бе ин ҳам шаҳрдор аз шарм намедонист, ки худро ба куҷо занад….

Коҳир Расулзода маҳз дар мансаби Раиси вилояти Суғд бештар қолабшиканӣ кард. Ӯ қолаби маъмулии мансабдориро ончунон ба ҳам зад, ки ҳеҷ касе аз роҳбарони ин сатҳ ва ҳатто сарварони олимартабатар ҳанӯз чунин қолабшиканӣ накардаанд.

Аввалин коре, ки анҷом дод, ин буд, ки дар бораи ҳамтои пешини худ ҳеҷ бадгӯӣ накард. Дар воқеияти кишвари мо одатан касе, ки ба маснади баланд нишинад, ҳамтои пешинаи худро наҳ мезанад, пайваста аз иштибоҳҳои ӯ ёдовар мешавад ва аз ӯ бадгӯӣ мекунад, то худро “хеле муҳим ва кордон” намоиш диҳад. Вале Қоҳир Расулзода аз ин кор худдорӣ кард. Не, не, аниқтараш ҳамаи онҳоеро, ки аз сарвари пешинаи вилоят бо ин ё он сабаб озурда буданду мехостанд бо истифода аз раёсати Қоҳир Расулзода ниқор гиранд, дар ғафлат гузошт.

Ӯ ҳам бо забон ва ҳам бо амал собит кард, ки аз ин шеваи ба андешааш ғалат кор нахоҳад гирифт. Ҳарчанд метавонист ба ин кор даст зада, бо чунин шеваи популистӣ обрую нуфузашро ҳам дар миёни тоифаи ранҷурон аз раиси пешина ва ҳам дар байни аҳолӣ зиёд кунад. Вале ин корро накард.

Ҳама то дер интизор буданд, ки Қоҳир Расулзода чӣ дар маҷлисҳои расмӣ ва чи дар маҳфилҳои ғайрирасмӣ дар бораи ҳамтои пешинааш чӣ хоҳад гуфт. Аммо ӯ боре дар як ҷаласаи корӣ бо ширкати масъулини дастгоҳи раёсаташ ва ҳам сохторҳои вилоятӣ қотеона баррасии масъаларо нуқта гузошт: “Қосимҷон Раҳбарович ҷавонтарин роҳбари вилоят буд, ки сарварии онро дар марҳилаи душвортарин ва хеле ҳассос ба уҳда дошт. Маҳз дар ҳамин давра марҳилаи таҳкими давлатдорӣ дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон сурат мегирифт ва ниҳодҳои давлатӣ чӣ дар марказ ва чӣ дар маҳалҳо мустаҳкам мешуданд. Ӯ корҳои зиёди хубро амалӣ кардааст ва аз ҷумлаи кадрҳои ҷавон ва умедбахше аст, ки Сарвари давлат барои тарбия ва ташаккули ин сиёсатмадор нирӯи зиёдеро ба харҷ додаанд. Акнун вақте расидааст, ки акнун мо муваффақиятҳои кишварамонро боз ҳам бештар ва афзоиш бахшем. Мо бояд ба кори созандагии худ ба хотири рушду нумуи ватанамон машғул бошем”.

Дигар аз қолабшиканиҳои Қоҳир Расулзода ин буд, ки ӯ дар ҳукумати вилояти Суғд ба “командабозиҳо”, ки солҳои охир ҷанбаи манфии он бештар ҷилванамоӣ мекард, хотима бахшид. Аз рӯзи аввал гуфт, ки бо ҳамаи кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ омода аст, кор кунад ба шарте, ки онҳо “дасту дилу нияти пок” дошта бошанд. Онҳоеро, ки ҳамкориро қабул надоштанд, раҳо кард ва барои дигарон “шанс” ҳадя намуд.

Барои Қоҳир Расулзода барқарор кардани робитаи қавӣ бо аҳолӣ ҷанбаи муҳимтарин ба ҳисоб мерафт ва дар ин замина ӯ аз ҳамкориҳои судманд бо расонаҳои хабарӣ ва мусоидати рузноманигорон дар ин бобат интизориҳои зиёд дошт. “Бояд фаромӯш накунем, ки мо барои мардум хидматгузори содиқу бовафо бошем ва барои зиндагии хубу шоистаи онҳо талош варзем. Дар акси ҳол ин мансабдории мо як пули сиёҳ қадр надорад”, — ин таъкиди Қоҳир Расулзода ҳамсафонашро водор мекард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо шеваю усули нави корбариро бояд ба роҳ андозанд.

Қоҳир Раcулзода мавқеашро нисбат ба ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ дар нахустин вохӯриаш бо рузноманигорон дар моҳи марти соли 2007 баён дошт: “Мо ҳамеша ҷонибдори ошкорбаёнию гуногунандешӣ ҳастем ва намехоҳем, ки ин рукни муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ халалдор шавад. Имрӯз шахсан ман ва ҳам роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз тамоми расонаҳои хабарӣ ва бидуни ҷудо кардан ба давлатию ғайридавлатӣ фаъолияти созандаро умед дорем”.

Бо гузашти солҳо ӯ собит намуд, ки ба қавлаш устувор аст. Нишастҳои матбуотӣ, мулоқот бо рузноманигорон, сайрҳои расонаӣ, гуфтугӯҳои мустақими телевизионӣ бо мардум чи аз тариқи шабакаҳои маҳаллӣ ва чи марказӣ ва ғайра аз ҳамкориҳои мунтазами ӯ бо ВАО ба хотири таҳкими робита бо ҷомеа эътироф шудаанд.

Исҳоқҷон Зокиров, сармуҳаррири нашрияи русизабони “Согдийская правда” мегӯяд: “то ба ҳол ягон менеҷери сиёсии сатҳи вилоятӣ ингуна фаъолнокии иттилоотӣ нишон надодааст ва таҷрибаи Қоҳир Расулзода дар ин бобат аз беҳтарин намунаи арҷгузорӣ ба арзишҳои демократия ба ҳисоб меравад”.

Ташкили мулоқот ва вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ аз усул ва абзори дигари корбарии Қоҳир Расулзода буд, ки онро сокинони вилоят ба хушӣ истиқбол карданд. Дар давраи фаъолияти хеш дар вазифаи Раиси вилоят ӯ аз тамоми шаҳру ноҳияҳо чандборӣ дидан карда, бо одамони касбу кори гуногун садҳо мулоқоту вохуриҳо баргузор намуд, ки дар ҳар кадоме аз онҳо аз 200- 300 нафар сар карда, ҳатто то 4-5 ҳазор нафар одамон ширкат меварзиданд.

Ӯ дар ин ҳамоишҳо барои мардум минбареро омода кард, ки онҳо бо истифода аз он бидуни тарсу ҳарос арзу шикоят ва ё дархосту пешниҳоди худро манзур мекарданд, ки ҳатман баррасӣ агрдида, дар роҳи ҳалли онҳо тадбирҳо амалӣ мешуданд. Ташкили қабули шаҳрвандон бо усули “равзанаи ягона” низ аз навкориҳои Қоҳир Расулзода буд, ки дар он дафъатан тамоми роҳбарони ниҳодҳои вилоятӣ ширкат меварзиданд ва дар ҳалли масоили пешовардаи шаҳрвандон талош меварзиданд.

Сиёсатмадори ҷавон Фарҳод Ҷӯраев мегӯяд, ки Қоҳир Расулзода ҳиммати баланд дорад ва ин манзалаташро ҳамеша ҳифз мекунад ва аслан корҳои кучакро писанд надорад: “ӯ азми устувор дошт ва ҷаҳони кории хеш ва ҳам ҳамкорону ҳамтоёнашро мувофиқи майли худ, ки ба мардум хушоянд буд, тағйир дода тавонист”.

Мувофиқи омори расмӣ танҳо дар се соли охири фаъолияташ дар ин вазифа Қоҳир Расулзода барои ҳалли масъалаҳои мухталифи пешовардаи мардум танҳо аз ҳисоби маблағҳои илова бар буҷети вилоят наздики 120 миллион сомонӣ равона кардааст, ки ин ҳама барои беҳтар кардани таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, сохтмони пул ва роҳҳо, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайра сарф шудаанд.

Як нуктаи муҳими дигаре, ки имрузҳо одамони зиёд дар бораи раиси собиқи вилояти Суғд зикр мекунанд, ин самимияти ӯст. Воқеан, ӯ самимияти баланд дошт ва онро ба ҳама чӣ гадову чӣ подшоҳ нишон медод.

Дар суҳбат бо мардум ба рӯяш ниқоб намекашид ва ҳамеша дар симояш самимияташ ҳувайдо буд. Ӯ гуш карда метавонист. Шояд одамони зиёде ёфт шаванд, ки гуш карда тавонанд. Вале барои Қоҳир Расулзода гуш карда тавонистан ҳунар буд. Гоҳо сукути ӯ аз гуфтаниҳояш боло буданд ва ҳарфҳои ногуфтаашро ошкор мекарданд. Ин ҳама маҳбубияти уро дар байни мардум тақвият мебахшид.

Дар шаҳри Истаравшан рӯзи қабули шаҳрвандон доир мешуд, ки наздики 300 нафар барои муроҷиат номнавис шуда буданд. Маълум буд, ки ин пазироӣ то дер ва ба эҳтимолӣ қавӣ хеле бо мушкилот ва сангин пушти сар мешавад.

Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ андаке бетоқат ва дар пайи илоҷи ҷилавгирӣ аз муроҷиати шаҳрвандон ба раиси вилоят буданд. Ҳарчанд онҳо баҳонаҳои зиёд пеш меоварданд, аммо Қоҳир Расулзода пойфишорӣ кард: “то ҳамаро ба ҳузур пазируфта, арзашро гӯш накунам, кор тамом нахоҳад шуд”.

Тахминан соатҳои 11 шаб, як зани муштипар ба қабули раиси вилоят мушарраф шуд ва бо дили абгор ва чашмони пурашк ҳасрат кард. Гуфт, ки Маърифат Р. ном дорад, истиқоматкунандаи ҷамоати Зарҳалол, шавҳараш вафот карда ва фарзандонашро бо азоб ба танҳоӣ тарбия мекунад. Хонаи истиқоматии ин шаҳрванд, ки пештар дар канори роҳи асосии шаҳр ҷойгир будааст, дар рӯзҳои таҷлили 2500 солагии шаҳри Истаравшан бо мақсади васеъ намудани роҳ вайрон карда шуда, шаҳрдорӣ ба ҷойи он иваз кардани манзилашро ваъда медиҳанд. Аммо масъулон ба аҳдшон вафо намекунанд.

Дар натиҷа аъзои оилаи Маърифат Р. бесарпаноҳ монда, беш аз 10 сол инҷониб сарсону саргардонанд.

“Шароитам танг аст, ҳеч чиз надорам, бесаробонам, маошам ба зиндагӣ намерасад. Чандин бор муроҷиат кардам, ягон фоида нест. Касе арзи моро гӯш намекунад. Аз шумо илтимос мекунам, ёрдам кунед”, — зан аз гиря меларзид.

Қоҳир Расулзода пас аз пурсукови масъулини шаҳрдорӣ занро таскин дода, ваъда кард, ки дар ҳалли масъалааш ҳатман кумак мерасонад.

Дар фарҷоми ин суҳбат, вақте ки зан берун шуд, Қоҳир Расулзода ба масъулони қабул рӯ овард: одам агар дардро эҳсос кунад, маълум ки зинда аст. Аммо вақте, ки дарди дигар касро эҳсос мекунӣ, пас инсон ҳастӣ. Наход, касе пайдо нашуд, ки ин масъаларо ҳал кунад?

Шаҳрдори Истаравшан далел оварданӣ шуд, ки омодаи кӯмак ҳастанд, аммо суханаш нотамом монд.

— Дастатон намак надорад, раис…, -Қоҳир Расулзода касеро лом гуфтанӣ намонд ва баҳсро хотима бахшид.

Пас аз ним сол дар маҳаллаи навбунёди Баҳористони Истаравшан, барои ин хонавода бо кумаки ҳукумати маҳаллӣ, соҳибкорон ва пуштибонии аҳолӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ се дар хона бунёд карда шуд, ки дар ифтитоҳи он Қоҳир Расулзода ширкат дошт. Шодии аҳли ин хонадонро ҳадду канор набуд…

Қоҳир Расулзода чуноне ишора шуд, зиёд ҳарф намезад, аммо киноя мекард. Аслан, киноягӯӣ ва ё пичинг задан дар доираи сиёсатмадорони тоҷик хеле роиҷ аст. Қоҳир Расулзода ҳам истисно нест, ҳарчанд ӯ камтар, аммо хеле нишонрас пичинг мезанад.

Боре раиси яке аз ноҳияҳои субвенсионӣ, ки аз буҷа кумак мегирад, ҳавои даҳан кард ва ин ба Раиси вилоят хуш наомад. Сипас истеҳзоомез ба ӯ гуфт: “Тагандоз -замин, рӯйандоз — осмон, лекин аз савлати шумо оби Намангон ях мебандад. Худатонро ба ҷойи дигарон нагиред, ки ҷойи худатон холӣ мешавад”.

Раиси ин ноҳия як ҳафтаи дароз чандин нафарро хоҳиш кард, ки ин гуфтаҳоро барояш тавзеҳ диҳанд…

Ободкориҳои Қоҳир Расулзода

Ҳоло дар вилояти Суғд марҳилаи фаъолияти сарварии Қоҳир Расулзодаро ҳамчун замони ободкориҳо ёдовар мешаванд. Ӯ дар давраи раёсаташ бо хоксориву ҳалимӣ ва дар айни ҳол сахтгирии худ барои ҷомеи вилояти Суғд корҳои назаррасро анҷом дода тавонист.

Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ афзоиш ёфта, маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш сол аз сол бештар шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ӯ тавонистааст ба истифодаи дуруст ва самараноки маблағҳои буҷетӣ ноил гардад, ки ин амал албатта натиҷаҳои боровари худро ба дунбол дорад. Дар соли 2007, соли аввали фаъолияти Қоҳир Расулзода ба ҳайси раиси вилояти Суғд, даромади буҷети вилоят наздик ба 150 миллион сомониро ташкил дод. Вале ӯ ҳар сол баъди баррасии ҷиддии масъала ва дар ҳамкорӣ бо иқтисодчиёну кормандони соҳаи молияи вилоят тахтаи ченакро боз ҳам баландтар мебардошт.

Дар соли 2012 ум даромади буҷети вилоят ба беш аз 766 миллион сомонӣ баробар шуд. Маврид ба зикр аст, ки буҷети вилояти Суғд барои соли 2014 дар ҳаҷми зиёда аз 1 миллиард сомонӣ қабул гардид ва ин рақам аз он далолат медиҳад, ки Қоҳир Расулзода буҷети вилоятро солона аз ҳафтод то сад дар сад зиёд кардааст. Бешубҳа ин нишондиҳандаи воқеист ва чунин суръати афзоиши буҷетро коршиносон натиҷаи корбарии дуруст ва кадри шоиста будани Қоҳир Расулзода арзёбӣ мекунанд.

Тибқи омор дар вилоят дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар вилоят 112 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар давоми 6 соли минбаъда 5 баробар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, маблағгузории соҳаи маориф 3,7 маротиба, соҳаи тандурустӣ 7,2 маротиба, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1,9 ва бахшҳои фарҳангу варзиш 21 баробар бештар шудааст.

Дар ин давра дар вилоят як зумра барномаҳои вежа, ки барои ҳалли масоили мавҷуда, рушди соҳа ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ мусоидат менамоянд, қабул ва амалӣ карда шуданд. Дар ин давра дар шаҳри Хуҷанд ва тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби таммоми сарчашмаҳо, ба хусус буҷаи вилоят иншооти зиёди гуногун сохта ба истифода дода шуданд.

Дар марҳилаи солҳои 2006-2012 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони асосии вилоят бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нисбат ба нишондиҳандаи соҳа, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015» пешбинӣ гардидааст, бештар аз 5 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат дар ҳаҷми беш аз 1,1 млрд. сомонӣ корҳои пудратӣ ба сомон расонида шуданд.

Ҳамчунин дар ин марҳила аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят садҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Варзишгоҳи марказӣ барои 25 ҳазор ҷои нишаст, муҷассама ва маҷмааҳои меъмории падари шеъри форсӣ — Абуабдулло Рӯдакӣ ва поягузори нахустдавлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ бо силсилаи фаввораҳо, «Кохи матбуот», “Қасри варзиш” ва маҷмаи варзишии муосири «Ҳавзи шиноварӣ», муассисаи беназири томактабии Кӯдакистони Президентӣ дар Хуҷанд, беморхонаҳои эндокринологӣ ва гемотологии бачагона, маркази вилоятии солимгардонии шараёни дил, навсозии Қасри маданияти Арбоб ва бунёди маркази фароғатию фарҳангӣ дар назди ин қасри овозадор, чойхонаи миллӣ ва боҳи миллии “Ваҳдат”, мактаби умумиҷумҳуриявӣ барои хонандагони лаёқатманд бо хобгоҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби Президентӣ, хобгоҳ барои толибилмон ва манзили истиқоматӣ барои устодони ин мактаб дар шаҳри Чкалов, Маркази истироҳатӣ ва солимгардонии наврасону ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва даҳҳо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд гардидаанд, ки айни замон мавриди истифода қарор доранд.

Дар ин марҳила равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилояти Суғд бо минтақаҳои мухталифи Федератсияи Русия ба мисли кишвари Олтой, вилоятҳои Свердловск, Астрахан, Иваново, Оренбург, вилдояти Бодканди Қирғизистон, вилояти худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой густариш ёфт.

Аммо дар баробари ин яке аз корҳои назаррасе, ки Қоҳир Расулзода анҷом дод, ин таъмиру навсозии роҳҳои дохилии вилоятӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Бо дастгириву ташаббусҳои бевосита сарвари вақти вилоят дар ин самт ба маблағи 200 миллион сомонӣ равона гардида, садҳо километр роҳҳои дохилии Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Ашт, Мастчоҳ, Истаравшан ва ғайра навсозӣ гардиданд.

Рӯзе, ки ин кор дар шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ оғоз шуд, мӯйсафедони диёр дуои хайр доданд ва яке аз онҳо шӯхиомез гуфт: “вақте, ки мумфарш кардани ин роҳро ваъда карданд, ҷавон будам, Шӯравӣ пош хӯрду мо ҳам пир шудем, хушбахтона, худованд дер бошад ҳам ба ин рӯз расонд.”

Ростӣ, дар мавриди иншоотҳои бузург, ки сохта шуданд, гоҳо дар миёни аҳолӣ андешаҳое низ иброз мешуданд, ки зарурат ва суди онҳоро зери суол қарор медоданд.

Боре дар ин маврид бо Қоҳир Расулзода сӯҳбат доштем, ки ҷавоби ӯ ба чунин иддао мантиқӣ ва қаноатбахш буд: “Ман ҳам шунидаам, баъзеҳо хостори он ҳастанд, ки агар ин маблағро ба одамон, бахсус камбизоатон тақсим мекардем, хуб мешуд. Биёед, барои мисол ҳисоб мекунем, агар маблағи барои варзишгоҳ сарфшударо ба ҳар сари аҳолии вилоят тақсим кунем, 10 сомонӣ рост меояд. Дар як оила ба ҳисоби миёна 7-8 нафар зиндагӣ мекунанд, яъне 70-80 сомон мерасад. Оё ин маблағ ба сатҳи умумии зиндагии онҳо чӣ таъсир мерасонад?… Таъсираш ҷиддӣ нест, вале варзишгоҳ зарур буд ва ин иншоот солҳои сол ба мардум хизмат мекунад…”

 Фарҷом…

Афлотун мегӯяд: “Руҳияи шахс дар се маврид иваз мешавад: ҳангоми наздикӣ ва тақарруб ба подшоҳон ва сарварон, пас аз оиладоршавй, вақти сохиби пулу мол шудан. Агар касе дар яке аз ин маврид худро набохт ва ахлоқаш иваз нашуд, қазоваташ саҳеҳ ва муъомилааш дуруст аст.”  

Қоҳир Расулзода ин се марҳиларо дидааст ва ҳанӯз касе намегӯяд, ки ӯ худбохта бошад. Боре дар як суҳбати хоса ишораи хубе кард: “баъзан одамро болои даст мебаранд, ки ин хубу лаззатбахш  аст. Вале бояд ҳушёр буд ва назорат кард, ки ӯро ба куҷо бурданианд…

Илҳом Ҷамолиён
Раъно Бобоҷониён
феврали 2015

На платформе MonsterInsights