Мактаби расонаии Сabar.asia барои омӯзгорони факултетҳои журналистика ва ихтисосҳои журналистии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳти унвони “Расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ” тренинги якҳафтаина доир намуд.
Дар ин нишасти омӯзишӣ омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаршоев ширкат варзиданд.
Ин чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” –и Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-25-уми августи соли ҷорӣ дар Маҷмааи истироҳатию фароғатии “Кохи Малика”-и ноҳияи Варзоб баргузор шуд.
Зимни баргузории ин чорабинии омӯзишӣ барои иштирокчиён мураббиёни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия-Жазгул Ибраимова, Бегаим Аджикеева, Дмитрий Завялов, Ленур Юнусов, Маргарита Хегай, Парвиз Муллоҷонов, Рустам Гулов, Айзада Токтогулова, Анастасия Лотарева, Айсана Ашин машғулиятҳои назарию амалӣ доир намуданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини сатҳи огоҳии устодони факултетҳои журналистика доир ба навгонӣ ва таҳаввулоти соҳа роҳандозӣ гардида, дар доираи он ба иштирокдорон аз махсусиятҳои жанрҳои нави журналистӣ, усул ва тарзи муосири пешниҳоди мавод, талаботи сарлавҳагузорӣ ва журналистикаи рақамӣ омӯзонида шуд.
Таъкид гардид, ки ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишгоҳҳо ва ғанӣ гардонидани сатҳи саводнокии донишҷӯён маҳсуб меёбад.
Дар ҷамъбаст ба иштирокчиёни тренинг аз ҷониби “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) шаҳодатнома тақдим карда шуд.
Қаблан чунин тренинг дар шаҳрҳои Бишкеки Қирғизистон ва Алматии Қазоқистон доир шуда буд.