Тарҷума,  Худсозӣ

Рисолати хушбин, ё боз ҳам қавл медиҳам, ки …

Барои худам қавл медиҳам:

  • То андозае қавӣ бошам, ки ҳеч чиз оромиши рӯҳии маро халадор карда натавонад.
  • Ба ҳар инсоне, ки рӯ ба рӯ гардам, барояш ҳатман сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва шукуфоиро таманно дошта бошам.
    Чорае сохта бошам, то ҳар нафаре аз дӯстонам эҳсос намояд, ки барояшон эҳтиром қоил ҳастам ва пеши банда ҷойгоҳи хоса доранд.
  • Дар ҳар гуна бархурд ва ҳаводис танҳо паҳлӯи рӯшани онро дида тавонам ва дар ин зимн ковишу ҷустуҷӯҳо некбинии маро ба воқеият табдил диҳанд.
  • Фақат аз хубӣ андеша дошта бошам, барои хубӣ кору меҳнат кунам ва билохира натиҷаи хубро интизор бошам.
    Муваффақияти дигаронро на камтар аз шодию нишоти худ истиқбол дошта бошам.
  • Иштибоҳҳои пешинаро билкул фаромӯш созам ва тавониста бошам, то андешаҳоям ба муваффақиятҳои бузурги оянда мутамарказ шаванд.
  • Ҳамеша хушнуд бошам ва ба ҳар нафаре, ки дучор мегардам, табассум эҳдо карда бошам.
  • Барои рушду такомули худам он қадар вақт ҷудо намоям, ки барои ғайбат ва танқиди атрофиён вақт намонад.
  • Бештар озод бошам, то хавотирӣ кашидан, бештар соҳибдил бошам, то ғазабнок шудан, бештар нирӯманд бошам, то тарсу шудан, бештар хушбахт бошам, то мавҷудияти мушкилотро роҳ додан.
  • Дар бораи худ андешаи олӣ дошта бошам ва ин нуктаро на бо суханони баландпарвоз, балки бо амали неки хотирмон намоиш дода, собит намоям.
  • Бо ин бовар ба сар барам: то вақте,  ба ҳамаи  хубиҳоям эътимоди комил дорам, тамоми олам ҷонибдори ман аст.
На платформе MonsterInsights