Мақолаҳо,  Эссе

Шумо қаҳрамонед бобоҷон, ёди некатон гиромӣ бод!

Ӯ устои роҳ буд ва роҳсозӣ мекард. Сипас дар 41 солагӣ сарбоз шуду ба хасми фашистон ба майдони ҷанг рафт, то Ватан, хонаву дар ва аҳлу аёлашро муҳофизат кунад.Дар хона падару модари пир, ҳамсар ва се фарзандаш, ки калониаш ҳамагӣ даҳсола буд танҳо монданд…  

Бобоям Хасанов Ҷамол иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ӯ дар ҳайати полки 287 — уми тирандозии гвардиявии дивизияи 95 – уми тирандозии гвардиявӣ ҷонбозиҳо кардааст. Дивизияи номбурда дар заминаи дивизияи 226 – уми тирандозӣ, ки дар муҳорибаи Сталинград ширкат дошт, таъсис шудааст. Тобистони соли 1943 дивизияи 95-ум, ки дар он 3 полки тирандозӣ ва як полки тубчиҳо шомил буданд, дар дашту барозҳои Прохоровка дар муҳорибаи Курск иштирок мекунад. Аслан, ин муҳориба аз 5 июл то 23 август давом кардааст. Аммо пуршиддаттарин ҷангҳои ин муҳориба бино ба таъкиди коршиносон рӯзҳои 12-14 июл сурат гирифтааст… 

Бобоям сарбози қатории гвардиявии полки 287 — уми тирандозии гвардиявии дивизияи 95 – уми тирандозии гвардиявӣ 14 июли соли 1943 дар муҳорибаи шадиди Қавси Курск қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Аммо ин иттилоъи ҳалокати фоҷиабору қаҳрамононаи ӯ баъдан маълумамон гашт. Ҳамон айём ӯро лодарак эълон карда буданд… Ҳамонҳое, ки замоне ин марди яккаписари 41 солаи хонадонро ба ҷойи ҷияни худ ба фронт гусел кардаанд, низ намехостанд, аз тақдири ҷангии бобоям маълумоти дақиқ пайдо шавад… 

Аммо Худо Меҳрубон аст… Бино ба маълумотномаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Уротеппа аз 5 ноябри соли 1947 №210604, ки ба Раёсати бақайдгирии шаҳидон ва гумномҳои ҳайати сарбозони қаторӣ ва сержантҳои Артиши Шӯравӣ пешниҳод шудааст, бобоям Ҳасанов Ҷамол (дар рӯихат бо шумораи 47) он замон дар қатори 11 нафар ҳамдеҳагонаш аз Ғончӣ бедарак номбар мешавад. Аммо аз ин миён баъдан танҳо дар муқобили номи ӯ дастнавишти иловагӣ санаи ҳалокати бобоямро ишора мекунад. 

Ҳарчанд оғози солҳои панҷоҳум ин хабари шум ба аҳли хонадон расида бошад ҳам, то соли 1990 ҳанӯз намедонистем, ки бобям дар куҷо дафн шудааст. Тобистони ҳамон сол қибалагоҳиам бо писарамма ва язнаашон ба вилояти Курск сафар карда, оромгоҳи бобоямро зиёрат карданд ва як мушт хоки онро ба мазори зодгоҳашон интиқол доданд. Баъди ҷустуҷӯ ва пурсукови тулонӣ маълум шуд, ки бобоям дар шаҳраки Глушково воқеъ дар вилояти Курск, дар як қабри дастаҷамъӣ, ки дар боғи фабрикаи ресмонресӣ ҷойгир аст, дафн шудааст. 

Дар ҳамин як соли охир бароям муяссар шуд, ки чанд далелҳои дигарро аз бойгониҳои низомии Русия ба даст орам. Маълумам гардид, ки даставвал, бобоямро дар як қабри дастҷамъонаи деҳаи Весёлое воқеъ дар ноҳияи Прохоровои вилояти Курск дар як баландие, ки бо номи барози 226,6 низ маъруф аст, дафн мекунанд. 

Баъдан, аниктараш 9 майи соли 1964 ҷасади бобоям ва боз чанд нафари дигарро аз ҷанд қабристони бародарӣ , аз ҷумла аз қабристони воқеъ дар барози 226,6 ба қабристони дастҷамъонаи Глушково оварда, аз нав дафн мекунанд… 

Ҳоло дар ин қабри дастаҷамъӣ мадфани 135 нафар ҷанговар ва 13 нафар портизан, ки аз августи соли 1941 то сентябри соли 1943 ҳалок гардидаанд, ҷой дода шудааст. Аммо танҳо шахсият ва ному насаби 63 нафари онҳо, аз ҷумла бобоям Хасанов Ҷамол мушаххас шудааст. 

Ёдатон, гиромӣ ва равонатон шод бод, БОБОҶОНАМ! Ёди неки тамоми Қаҳрамонони Ватан гиромӣ бод!

Хасанов Джамол
Хасанов Джамол
Хасанов Джамол
Моҳи июли соли 1990. Сафари падарам Ҷамолов Мазбут, хоҳарзодаи бобоям - Қобилҷон Турдиев ва язанаамон Кенҷабой Юсуфов ба Курск ва боздид оромгоҳи бобоям
Як мушт хоки оромгоҳи бобоям аз шаҳри Курс ба мазори зодгоҳашон интиқол дода шуд. Қабристони марказии шаҳраки Ғончӣ. Соли 1991.
На платформе MonsterInsights