котиби матбуотӣ
Илм,  Мақолаҳо

Вежагиҳои фаъолияти котиби матбуотӣ дар мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ

Дар фаъолиятҳои робита бо ҷомеа яке аз чеҳраҳои муассир, ки дар ниҳодҳои мухталиф чӣ созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ, чӣ ширкатҳои хусусӣ ва чӣ ниҳодҳои давлатӣ иртиботи оммавиро ба роҳ мемонад, котиби матбуотӣ  аст. Котиби матбуотӣ, ки ҳамчун пеша ҳоло хеле маъруфият пайдо кардааст, ба мисли марказҳои матбуотӣ дар қаламраваи собиқ шӯравӣ дар ғуруби ин кишвари паҳновар зуҳур карда, аввал дар мақомоти марказӣ  ва сониян дар мақомоти маҳаллии идории ҳизбии вақт падид омад.

Хадамоти матбуотӣ ҳоло хеле рушд кардааст ва таъсис додани чунин ниҳодҳо, ки робита бо ҷомеаро чӣ дар муассисоти давлатӣ ва чӣ дар ташкилоту созмонҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои тиҷоратӣ роҳандозӣ хоҳанд кард, амри воқеист. Зеро ин ниҳод ва роҳбари он  дар шахси котиби матбуотӣ аз манфиатҳои ташкилоти худ намояндагӣ карда, ба хотири таҳкими ҳамкориҳо бо ҷомеа ва мухотаби ҳадаф, ташаккули обрӯ ва нуфузи ташкилот ва статуси иҷтимоии он фаъолияти густурдаро анҷом медиҳанд.

Тибқи нишондоди олими рус Валентин Ворошилов, хадамоти матбуотӣ – ин «сохторест, ки ба ҷомеа аз фаъолияти ташкилот бо истифода аз васоити ахбори омма иттилоъ мерасонад” (1, 23).  Ҳоло аксари муҳаққиқон ва аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо низ,  ин тавсифро ноқис мешуморанд, ки  он  вазифаҳои хадамоти матбуотӣ ё котиби матбуотиро маҳдуд карда, онро танҳо иттилоърасонии якҷониба аз тариқи ВАО медонад. Дар ин бобат таъкиди Юлия Бурова низ хеле бамаврид ба назар мерасад, “суоли мантиқӣ ин аст: оё баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ, пешбурди блог ва ёддоштҳои шабакавӣ, матни гуфторнависӣ (спичрайтинг) ё хабарсозӣ (ньюсмейкинг)  вазифаҳои хадамоти матбуотӣ нестанд?” (2, 234).

 Аммо ҳамзамон чунин ба назар мерасад, ки тавсифи зерини “хадамоти матбуотӣ” хусусият ва вежагиҳои онро дар марҳилаи кунунӣ хеле барҷаста намоиш медиҳад: хадамоти матбуотӣ  – ин “маҷмӯи унсурҳои ба ҳам алоқаманд, ки воҳиди ягонаро ташкил медиҳад, эҳтиёҷоти иттилоотӣ ва шабакаҳои иртиботиро таҳлил, иттилооти зарурӣ ва афзалиятнок, инчунин шабакаҳои  иртиботро барои паҳн кардани онҳо интихоб мекунад” (3, 23).

 Дар Тоҷикистон ҳам тӯли 30 соли охир таҳаввулоти муайяни  низомӣ ва ниҳодинасозии хадамоти матбуотӣ сурат гирифтааст. Дар ин давра дар ниҳодҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии Тоҷикистон котиби матбуотӣ аз як миёнрави оддӣ байни ҳукумати маҳаллӣ ва расонаҳои хабарӣ то ба мансабдори воломақоми сохтори давлатӣ рушд кард. Аммо ба назар чунин мерасад, ки рисолати миёнравии котиби матбуотӣ барои ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд ва он дар муколамаи байни ҳокимият ва ВАО, аниқтараш дар равобити иттилоотӣ – иртибототӣ  зиёдтар ба мушоҳида мерасад. Пӯшида нест, ки дар ин муколама ҳукумат аз ВАО интизорӣ ва бардоштҳои худро дорад ва дар навбати худ расонаҳои хабарӣ дар ин муколама манфиатҳои гуногуни худро дифоъ хоҳанд кард. Ҳукумат ҷонибдори он аст, ки афкори ҷомеаи “дуруст” ташаккул дода шавад, ҳамзамон таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ҳар масъалае, ки ба фаъолияти мақомот ва ё роҳбари он дахл дорад, ба худ ҷалб хоҳад кард. Маҳз бархӯрди манфиатҳои ҷонибҳо ба боз ҳам  муассиртар шудани нақши котиби матбуотӣ мусоидат мекунад ва ин чиҳат хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро рисолати котиби матбуотӣ аз он иборат аст, ки ӯ як навъ вакили дифоъ аз манфиати ташкилот, муассиса ё мақомоти давлатӣ дар назди ВАО мебошад  ва ҳамзамон вакили дифои ВАО дар назди аввалиҳо аст.

Аммо дар баробари ин аксари муҳаққиқон бар ин назаранд, ки самаранокии фаъолияти котиби матбуотӣ пеш аз ҳама аз муносибатҳои кории ӯ ва роҳбари мақомот вобастагии зиёд дорад. “Котиби матбуотӣ, агар бевосита дар тобеитяи роҳбари ташкилот бошад,  маъмулан ёвари хубе, аниқтараш “дасти рост” –и ӯ мегардад ва чунин имконро на фақат дар ҳамкорӣ бо ВАО дорад” (4, 15).

Дар заминаи баррасии ин мавзӯъ олими амрикоӣ  Маргарет Х. Селливан, ки ҳамзамон таҷрибаи бойи фаъолият дар хадамоти матбуотиро дорад, ба масъалаи озодӣ ва қаробати ҳамкориҳои котиби матбуотӣ ва шахси мансабдор дахолат карда, таъкид менамояд: “Ба хотири пурсамарии кор намоянда оид ба ҳамкорӣ бо ВАО, ё худ котиби матбуотӣ  бо  шахси мансабдор, касе набошад, хоҳ сарвазир, президент, вазир ё роҳбари идора  бояд дар заминаи эҳтироми тарафайн муносибати наздик дошта бошад. Ин намояндаи расмӣ бояд бо мавқеи шахси мансабдор оид ба масъалаҳои мухталиф огоҳ  ва ба ӯ дастрасии мустақим дошта бошад” (5, 145)

Ин нукта аз он далолат медиҳад, ки воқеан пешаи навтаъсиси котиби матбуотӣ дар шароити кунунии кишвари мо низ тадриҷан ба ҳамин меъёрҳо наздик  мешавад.   Солҳои охир дар дастгоҳи сохторҳои  мухталифи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд низ  мансаби котиби матбуотӣ, ё вазифаи масъули ҳамкорӣ бо ВАО ворид карда шудааст. Музаффар Юнусов — котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Иқбол Тешаев — котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, Маъмур Юсуфов — котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Акбар Шарифов — котиби матбуотии раёсати Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Муродулло Почозода — котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, Шаҳрзода  Нуриддинзода — котиби матбуотии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ва дигарон аз котибони матбуотии муваффақ  дар вилоят  эътироф шудаанд. Аз сӯи дигар ин нукта аз он далолат медиҳад, ки дар вилояти Суғд фаъолияти сифатноки хадамоти матбуотӣ ба тозагӣ ба амалияи воқеӣ мубаддал мешавад. 

Бо вуҷуди ин пеша ва мансаби котиби матбуотӣ ва ниҳоди хадамоти матбуотӣ барои бисёриҳо номафҳум буда, ҳатто дар пешбурди кор дар мақомоти ҳокмияти иҷроияи маҳаллӣ онҳо дар баробари умумиятҳо, низ  аз ҳам фарқиятҳои зиёде доранд. Бешак, айни замон фаъолияти котибони матбуотӣ  бо вежагиҳои кор, авлавияти вазифаҳо ва усули корбарӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Ин фарқият ба он бастагӣ дорад, ки вазифаҳои хадамоти матбуотӣ ва котиби матбуотӣ чӣ гуна мушаххас шудаанд.

Дар ҳоле, ки таъсис додан ва афзоиш бахшидани теъдоди хадамоти матбуотӣ дар мақомоти мухталифи давлатӣ дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №451 аз 30 апрели соли 2008 “Дар бораи Консепсияи сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  хоса таъкид шудааст, ҳоло дар мақомоти давлатӣ теъдоди нокифояи ниҳодҳои робита бо ҷомеа ва котибони матбуотӣ фаъолият мебаранд. 

Коршиносони ватанӣ дар баробари даъват аз ислоҳи вазъият ҳамчунин муҳим медонанд, ки дар ҳар идора хадамот ё марказҳои матбуотии пурқувват бо теъдоди лозимии кормандони босалоҳият ва дорои таҷҳизоти зарурии техникӣ мавҷуд бошанд ва роҳбари ин ниҳод бевосита ба ҳайси сухангӯ ба роҳбари аввали идора итоат кунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо ӯ дар тамос шуда тавонад. Роҳбари хадамоти матбуотӣ бояд ба иттилои мавҷудаи идора дастрасӣ дошта бошад ва аз стратегияву тактикаи интишори ҳадафноки ҳар як хабар бархурдор бошад. “Мантиқан, тамоми иттилоъ вобаста ба фаъолияти сохторҳо тавассути хадамоти матбуотӣ паҳн мешавад. Аз ин рӯ, интишо-ри ҳадафмандонаи он дар сатҳи баланди касбӣ имкон медиҳад, ки дар баробари таъмин намудани шаффофияти фаъолияти идора, ки худ як рукни муҳими сиёсати давлатист, манфиатҳои умумидавлатию идоравӣ ҳифз ёфта, аз хабарҳои бардурӯғ ё таҳрифшуда ҷилавгирӣ карда шавад” (6, 65). 

Таҷрибаи амалии муаллиф низ аз он далолат медиҳад, ки котиби матбуотӣ имкони ба шахси мансабдор расонидани иттилои таъхирнопазирро дар вақти ҷаласаҳо бидуни ҳузур ва ширкати котиби шахсӣ, ё ёварон бояд дошта бошад. Чунин ваколати котиби матбуотӣ ба ҳукумат имкон медиҳад, нисбати масъалаҳое, ки ба ВАО иртибот дорад, вокуниши таъҷилӣ намоиш диҳад. Котиби матбуотӣ ҳамчунин дар тасмимгирӣ бояд фаъолона ширкат варзад. Зеро онҳое, ки сиёсатро муайян мекунанд, бояд дарк намоянд, ки пешниҳодҳои онҳо ба муносибат бо ҷомеа чӣ навъ таъсир мерасонад.

Аз ин лиҳоз ҳангоми пешбурди фаъолияти робита бо ҷомеа роҳбарияти ниҳодҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд ба чанд масъалаи калидӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд, ки бешак ба самаранокии фаъолияти хадамоти матбуот, ба хусус котиби матбуотӣ таъсири амиқ мерасонад:

  1.  Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот бояд ба роҳбарияти мақомот  иртиботи мустақим ва доир ба фаъолияти ҷории мақомот, ҷанбаҳои қавӣ ва заифи он маълумоти муфассалро дар ихтиёри хеш дошта бошад;
  2.  Фаъолияти котиби матбуотӣ вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои мақомот дар давраҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддат бояд тарҳрезӣ шавад;
  3.  Котиби матбуотӣ аз дигар бахшу шӯбаҳои мақомот тамоми маълумотро, ки барои татбиқи вазифаҳои пешгузоштаи роҳбарият барояш заруранд, бояд таъҷилӣ дастрас карда тавонад;
  4. Иштироки котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот дар кори тарҳрезии чорабиниҳои роҳбарияти мақомот, ки  дар атрофи он ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мешавад, бояд таъмин гардад;
  5. Котиби матбуотӣ ё роҳбари хадамоти матбуот ба боварии комили роҳбари мақомот  бояд ноил гардад, устоди касби худ бошад ва дар миёни журналистон  эътибор дошта бошад.

Бояд зикр кард, ки маҳз рисолати миёнравии котиби матбуотӣ  ӯро дар шароити сарбории зиёд қарор медиҳад, зеро ӯ худро хизматгори ду хоҷа эҳсос мекунад. Дар ҳақиқат ӯ ба ду субъекти иртиботи оммавӣ хидмат мекунад. Аз як тараф  ба мақомот ва роҳбарияти он, ки чеҳраи онҳо ба ҷомеа муаррифӣ мешавад ва аз сӯи дигар ба ҷомеа, ки ташкилот бо он муносибатҳои худро беҳтар карданӣ аст.  Дар ҳамин ҳол ин таъкид хеле бамаврид ба назар мерасад, ки бешак ба сатҳи касбияти котиби матбуотӣ ишора мекунад: “Қобилияти сари вақт нишон дода тавонистани самти иртиботии ҳаракат баёнгари сатҳи касбии котиби матбуотӣ аст”  (3, 49).

Рисолати котиби матбуотӣ. Амалан дар ҳамаи субъектҳо, бахусус ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, ки котиби матбуотӣ доранд, вазифаҳо бояд дар се самт муайян шаванд:

Рукни берунаи фаъолият. Хадамоти матбуот ва сарвари он иттилооти хизматии дохилии  мақомотро таҳлил карда, онҳоро  баъди коркард барои истифодаи ВАО пешниҳод мекунад. Дар ин маврид котиби матбуотӣ ба ҳайси «мутарҷим» фаъолият мебарад ва эҷоди фазои дӯстонаи муносибати роҳбари мақомот ва ВАО вазифаи асосии ӯст. Инчунин вазифадор аст, то бидуни ворид шудани ихтилоф ба ин равобит онро ҳифз намояд. Котиби матбуотӣ фаъолиятро фақат дар самти ҳамкорӣ бо ВАО маҳдуд накарда, ба сифати спичрайтер ё нависандаи матни суханронӣ баёнияҳои роҳбари мақомотро омода карда, дар ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотии ӯ муваззиф аст.

Рукни муҳофизатии фаъолият. Хадамоти матбуот ва кормандони он  бояд аз иттилооти хизматӣ ва сирри давлатӣ ҳифз намоянд. Ба котиби матбуотӣ зарур аст, ки дар ин бобат муносибатро бо журналистон чунон ба роҳ монад, то дуюмиҳо ҳеҷ гоҳ эҳсоси пӯшидагии аз ҳад зиёди мақомотро барои ВАО эҳсос накунанд ва дар баробари ин  иттилооти хизматӣ ҳам бояд ҳифз карда шавад.

Рукни дохилии фаъолият. Хадамоти матбуот бояд тамоми иттилоотро, ки дар ВАО  роҷеъ ба фаъолияти мақомот ва роҳбарияти он ба нашр расидаанд, ҷамъоварӣ карда, онро ба риштаи таҳлил  кашад ва барои чорабинӣ аз рӯи тартиби муайянкардаи ташкилот ё муассиса онро ба масъулин пешкаш намояд.

Робита бо ҷомеа доираи хеле фарохи фаъолият аст. Он бо истифода аз усулҳои муайян барои ба даст овардани ҳадафҳои ташкилот ва муассисаҳо, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар он ҷо ин ниҳод ташкил шудааст, кумак мерасонад. Аммо дар ин замина муҳимтарин ва умдадтарин унсури фаъолияти  хадамоти матбуот ба татбиқи сиёсати иттилоотӣ бастагӣ дорад, ки дар ин фаъолият котиби матбуотӣ ба сифати  менеҷери иттилоотӣ муносибати ҷомеаро баҳо медиҳад, сиёсат ва амалҳои мақомот ва роҳбари онро бо манфиатҳои ҷамъиятӣ айният мебахшад ва барномаи амалро ба хотири ҳосил намудани эътибори ҷамъиятӣ татбиқ менамояд.

Котиби матбуотӣ аз номи сарвари хеш сухангӯӣ мекунад ва нуқтаи назари эшонро бо тамоми масъулият ба ВАО пешкаш менамояд. Воқеан ҳам чунин тарзи корбарӣ хеле душвору бомасъулият, ҳамзамон ҳассосу нозук аст ва дар таҷрибаи корӣ чунин навъи котибони матбуот, ки вазифаи хешро дар сатҳи касбияти баланд ва бо ҳамоҳангсозии беҷурм пеш бурда, аз номи  роҳбари худ сухангӯӣ мекунанд, ангуштшуморанд. Дар баробари ин новобаста аз тарзу усули корбарӣ котиби матбуотӣ бояд нақли қавли роҳбарашро ба матбуот дуруст ва бидуни духӯрагӣ манзур намояд ва ҳамеша ба суолҳои “таҳрикомез” ва “иғвоангез”-и хабарнигорон ҷавобҳои омода дошта бошад. Гоҳо зарур аст, ки худаш пештар аз журналистон чунин суолҳоро ба миён гузошта, ҳамзамон ҷавобҳои омодакардаашро пешкаш намояд. Дар чунин маврид зарурати дар шакли “нороҳаткунанда” пешкаш шудани суол аз ҷониби рӯзноманигорон аз байн меравад. Аммо дар ҳама ҳолат котиби матбуотӣ бояд дар сухангӯӣ нуктасанҷ бошад, то ки ҳарфи “ноҷӯру ноҷоя”-и  ӯ ба обрӯву нуфузи мақомот ва ё роҳбараш таъсири манфӣ нарасонад. 

Талаботи касбӣ ба котиби матбуотӣ.  Вақте  сухан аз вазифаи котиби матбуотӣ меравад, набояд фаромуш кард, ки  фарди даъвогар ба ин вазифа бояд дорои эҳсоси баланди масъулият ва сатҳи хуби касбӣ, инчунин  қобилияти тасмигирии мустақилона дошта бошад. Таҷрибаи солҳои охир, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ  водор мекунад, ки ба вазифаи котиби матбуотӣ бояд муттахассиси собиқадор ва касбӣ бо маълумоти олии самтҳои мухталифи соҳаи гуманитарӣ пешбарӣ шавад. Ҳарчанд ҷонибдорони даъво дар бораи он, ки ба ин вазифа танҳо журналистон бояд фаъолият намоянд, низ кам нестанд. Дар ин замина андешаҳои котиби матбуотии Иттифоқи журналистони Федератсияи Русия, муаллифи китоби “Хадамоти матбуот ва ошкорбаёнӣ” Пётр Полонитский боиси дастгирист: “Агар одам рузноманигори хуб бошад, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки ӯ метавонад котиби матбуотии хуб шавад, зеро дар ин замина вай бояд маҳоратҳои иртибототии тавсеаёфта дошта бошад ва психологияи мухотаби ҳадафро дуруст дарк намояд” (7, 4).  Яъне имрӯз котиби матбуотӣ бояд иртиботгари мумтоз бошад, ки робитаи ташкилот ё муассиса ва роҳбари онро бо расонаҳои хабарӣ ва аҳолӣ устувор ва самарабахш  ташкил намояд.

Аммо дар баробари ин котиби матбуотӣ бояд қоидаҳои зеринро низ риоят кунад, ки бешубҳа ба самарнокии фаъолияти ӯ таъсири мусбӣ хоҳанд гузошт:

  1. Котиби матбуотӣ бояд ҳамеша паёми матбуотии (пресс-релиз) хуб омода кунад, вале ин маънои онро надорад, ки ба ҷойи рӯзноманигор бояд  мақола  нависад. Ҳар кадоме бояд кори худро анҷом диҳанд.
  2. Котиби матбуотии муваффақ  на рӯзноманигор аст ва на олим,  вале дар як ҳошияе қарор дорад, ки  аз таҳқиқот ва матбуот бояд комилан  огоҳ  бошад.  Ӯ  ба роҳбари хеш дастрасии мустақим, гоҳо ҳатто барои як дақиқа ва ба хотири ҳалли масъалаи таъхирнопазир бояд дошта бошад.
  3. Котиби матбуотӣ вазифадор аст, ки рузноманигорон, инчунин  коршиносони илмии худро оид ба проблемаҳои мушаххас  шиносад. Зеро онҳо дар мавридҳои зарурӣ метавонанд , ки барои матбуот бо забони фаҳмои мухотабон масъалаҳои мухталифро шарҳу эзоҳ диҳанд. 
  4. Котиби матбуотӣ наметавонад, ки дурӯғ гӯяд, дар акси ҳол минбаъд касе ба ҳарфҳояш эътимод нахоҳад кард. Ӯ аз ибрози нуқтаи назари шахсӣ бояд худдорӣ намояд. Чунки ин нуқтаи назар на ҳамеша метавонад дуруст бошад ва дар  натиҷа чунин ҳолат  ба нуфузи  хизматӣ латма мезанад. Одатан хабарнигорон иштибоҳ ва камбудиро пайгирӣ мекунанд ва дар мавриди зарурӣ ба ин далел метавонанд шаку шубҳаи худро иброз карда, котиби матбуотиро ба дуруғгӯӣ муттаҳам созанд.  
  5. Котиби матбуотӣ бояд ба қавли худ устувор бошад  ва тамоми ваъдаҳояшро иҷро намояд. Ӯ обруву нуфузи мақомотро бояд  дар назди қаламкашон густариш дода, таҳким бахшад. Бо хабарнигорон ҳамеша дар робита бошад, ки ин амал пояи эътимодро шахсан нисбати  ӯ мустаҳкам мекунад. 

Ҳамин тариқ, имрӯз фаъолияти хадамоти матбуотӣ ва котиби матбуотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ на танҳо ба талаботи замон мувофиқ, балки ҳамзамон дар сатҳи нави рушди сифатӣ бояд қарор гирад.  Ҳоло аз котиби матбуотӣ на танҳо роҳандозӣ кардани  ҳамкориҳои густурда бо ВАО тақозо мешавад,  балки ҳамзамон ӯро зарур аст, то аз захираҳои интернетӣ самаранок истифода карда, доираи мухотабонро  тавсеа бахшад. Имрӯз ӯ муваззаф аст, ки барои муштариён ва мухотаби ҳадаф муҳтавои муфид ва қобили пазироиро омодаю пешниҳод карда, пешбурди онро дар шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ бо дарназардошти вежагиҳои фаъолияти ин шабакаҳо таъмин карда тавонад. Ин ҳама корро котиби матбуотӣ дар баробари маҳдуд будани имкониятҳои молӣ  ва изофа гардидани ҳаҷми кораш бояд самаранок анҷом диҳад. Имрӯз котиби матбуотӣ ба яке аз пешаҳое, ки масъулияти баланди иҷтимоӣ дорад ва доманаи васеи фаъолиятро дар бар мегирад, мубаддал шудааст ва таваҷҷуҳро ба худ ҳарчӣ бештар ҷалб менамояд.

Манбаъҳои истифодашуда:

  1. Ворошилов, В. В. Современная пресс-служба: учебник / В. В. Ворошилов. – М.: КНОРУС, 2009. – 224 с
  2. Бурова, Ю. Е. Функциональные особенности современной пресс-службы / Ю. Е. Бурова // Гуманитарный вектор. – 2012. – № 2 (30). – c. 232–238.
  3. Кочеткова, А. В. Современная пресс-служба / А. В. Кочеткова, А. С. Тарасов. – М.: Эксмо, 2009. – 269 с.
  4. Гнетнёв А. И. Современная пресс-служба : учебник — Ростов н/Д : Феникс, 2010.
  5. Салливан  Маргарет  X. Ответственная пресс-служба. Взгляд изнутри. – М., 2004. – 145 с.
  6. Назриев Д. Фазои иттилоотӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатии Тоҷикистон. Маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ”, №1, 2013, саҳ.  61-72
  7. Пресс службы и гласность. Составитель * П.А.Полоницкий/ Под ред. президента ФЗГ А.К.Симонова (Серия «Библиотечка юриста СМИ»). – М.: Юридический Мир, 2006 * 90 с.

Ҷамолов Илҳом Мазбудович, номзади илмҳои филология

На платформе MonsterInsights