Темурбой Мирхолиқов, котиби аввали кумитаи ҳизбии вилоят дар ёддоштҳои худ ин масъала ва ин марҳилаи корро дар телевизиони вилоят, таҳти сарварии Раиси кумитаи телевизион ва радиои вилоят Муҳаббат Мирсаидова хеле хуб инъикос кардааст.
“Акнун ҳама мехостанд, ки аз ин минбар истифода кунанд. Аммо он бо чӣ мақсад ва барои пиёда кардани кадом амал истифода мешавад, ханӯз маълум набуд. Чунки аллакай таъсиру назорати ҳизб ба ин ташкилот (телевизиони вилоят, шарҳи И.Ҷ) суст шуда буд. Чунки дар мамлакат департизатсия ё ғайриҳизбкунонии мақомомоти интизомӣ ва воситаҳои ахбор сурат мегирифт.
Акнун фақат бо нигоҳи воқеъбинона ва хайрхоҳонаи кормандони телевизион, ҳамчунин ба виҷдони онҳо умед бастан мумкин буду халос.
Бо даргузашти солҳо метавон бо ифтихор иброз дошт, ки ҳизб дар интихоби кадрҳои роҳбарикунандаи телевизиони вилоят хато накардааст. Ин ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки телевизион дар замони ихтилофи назари қувваҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла тарафгири коммунистон буд. Не, чунин набуд. Балки бо дарназардошти вазъият телевизион, барои ҳосил шудани ризояти ҷомеа кӯшиш карда, тавонист, ки дар ин рох ҳиссаи муносиб гирад. “Мизи мудаввар”-и телевизион ба маркази баҳсҳои доманадори қувваҳоии гуногуни сиёсӣ, ки аллакай на фақат дар Душанбе, балки дар вилояти мо низ амал мекарданд, табдил гардида буд. Бо вуҷуди он, ки гирди ин миз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла, комунистон, демократҳо, исломиён марказҳои зиёди фарҳангию динӣ ҷамъ мешуданд, фикрҳояшон гуногун ва аксар вақт хилофи ҳамдигар буд.
Бояд иқрор шуд, ки дар ин мавридҳо телевизион барои зуҳури маданияти баланди сиёсӣ мусоидат мекард. Бешубҳа фазои ин сӯҳбатҳои “мизи мудаввар”- и телевизион барои тамошобинони “оинаи нилгуни”-и вилоят бетасир набуданд. Ин сӯҳбатҳо ҳатман ба фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеа вилоят низ таъсир доштанд. Агар он лаҳзаҳо телевизион ба тарафгирии ҷонибҳо даст зада ягон ҳарфи таҳриккунандае мегуфт, шояд дар солҳои ҷанги граждании Тоҷикистон вилоятро минтақаи нисбатан орому осоишта ном намебурданд…” (ниг. Темурбой Мирхолиқов “Хиёнат ва эътиқод”, Хуҷанд, соли 1998. саҳ. 57-58)