Илм,  Мақолаҳо

Зуҳури хадамоти матбуотӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти матбуотӣ ҳамчун як ниҳоди пешбурди фаъолиятҳои робита бо ҷомеа дар  Тоҷикистон ба тозагӣ зуҳур кардааст ва пайдоиши он ба замони “бозсозии горбачёвӣ” дар Иттиҳоди шӯравии собиқ рост меояд. Дар ин давра дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибати мутақобилаи  ҳокимият ва ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омадааст, ки воситаҳои ахбори умум  аз ин таҳаввулот дар канор набуданд. Ҳарчанд суръати ин таҳаввулот чандон баланд набошад ҳам, аммо хеле муассир ба назар мерасад ва расонаҳои хабарӣ дар меҳвари асосӣ  қарор доштанд. Манъ шудани сензураи матбуот, сари кор омадани шаклҳои ғайрианъанавӣ ва нави муколама миёни ҳокимият ва воситаҳои ахбори умум, ба мисли баргузории нишастҳои матбуотӣ ва муҳимтар аз ҳама, боз шудани дарвозаҳо барои фаъолияти расонаҳои хабарии  озоду  мустақил аз нишонаҳои барҷастаи ин марҳалаи таърихӣ маҳсуб мешаванд.

Таъсиси нашрияҳои мустақил, пайдо шудани мақола, гуфтор ва барномаҳои зиёди танқидӣ дар бораи шахсиятҳои маъруфи кишвар дар давраҳои алоҳидаи таърихӣ, беобрӯ кардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, зуҳури матбуоти оппозитсионӣ ва матбуоти “фошкунандаи” аҳзоби мухталифи сиёсӣ, шикасти  системаи васоити ахбори ҳизбию давлатӣ ва ғайра  низ аз  далелҳои раднопазири натиҷаҳои бозсозӣ ва ислоҳот дар  кишвари Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мераванд. Таҳаввулоти замони бозсозии горбачевӣ дар осори таҳқиқотии сиёсатшиносон, муаррихон, ҷомеашиносон, файласуфон, адабиётшиносон ва ғайра то андозае баррасӣ шудааст, ва ба андешаи иддае аз муҳаққиқон  Тоҷикистон дар ин таҳаввулот пешгом ҳам буда, “ҳатто дар бисёр маврид, ин гӯшаи канори аз бисёр ҷамоҳири пешрафта дурмонда, бартарӣ дошт… » (15, с. 240).

            Маҳз дар ҳамин марҳалаи шикасти таърихии  Иттиҳоди Шӯравӣ, ки вожаҳое ба мисли “демократикунонии ҷомеа”, “ошкорбаёнӣ”,“бозсозӣ”, “танқид ва худтанқидкунӣ” вирди забони хурду калон буд, аввалин марказҳо ва хадамоти матбуотӣ таъсис ёфтанд. Вале бояд зикр кард, “бозсозии горбачёвӣ”  дар охири соҳои 80-уми қарни гузашта аллакай ба  мушкилоти ҷиддӣ ва таназзул рӯ ба рӯ шуда буд. Қарорҳои   носанҷида ва пуртазоди ҳокимият дар фазои иттилоотӣ худро бо тамоми вуҷуд ҷилва медоданд. Нотавонӣ, аниқтараш дар миён набудани хоҳиши  пешбурди муколамаи бозу созанда бо  ҷомеа  дар дарки ҳадаф, моҳият ва вазифаҳои бозсозӣ каҷфаҳмиҳоро ба миён оварда буд. Пайдост, ки вазъи иҷтимоӣ шиддат гирифта, кишвар ба вартаи ҳалокат мерасид. Бо вуҷуди ин, ҳам дар фазои иттилоотӣ ва ҳам дар муносибати ҳокимият бо ҷомеа зарурати таҳаввулот ҷиддӣ эҳсос мегардид ва ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани ҳизбҳо ва матбуоти оппозитсионӣ вазъи буҳрониро боз ҳам печидатар мекард. Бино бар ин аз  зуҳури ниҳодпояҳое, ба мисли   хадамоти матбуотӣ, ки мебоист фаъолиятҳои робита бо ҷомеаро тақвият бахшанд, интизориҳо зиёд буданд. Зеро умед бар он доштанд, ки ба василаи фаъолияти ингуна ниҳодҳо метавон ба ислоҳи вазъият такони ҷиддӣ бахшид. Таърихи навини таъсиси хадамоти матбуотӣ  дар ин кишвари шашяки рӯи замин, ки минбаъд баъди пошхӯриаш Русия меросбари он мегардад, дар  охири соли 1988 бо ташкилёбии хадамоти матбуотии мақомоти ҳокимияти  давлатӣ дар Шӯрои депутатҳои халқи  шаҳрҳои Москва ва Ленигради собиқ (ҳоло Санкт-Петербург) шурӯъ мешавад.

            Баъди ислоҳоти системаи ҳокимияти давлатӣ дар соли 1990, ки дар ин замина ниҳоди нави сиёсӣ – Институти Президенти СССР таъсис шуд, дар дастгоҳи ин мақоми роҳбарии давлат вазифаи котиби матбуотӣ низ ташкил гардид. Чунин ниҳодҳо  дар мақомоти  олии қонунгузор ва ҳокимияти  марказии иҷроия низ таъсис дода шуданд, ки вазифаи асосиашон ба роҳ мондани фаъолияти иттилоотӣ ва табъу нашр дар мақомоти ҳокимият, таъминоти иттилоотии расонаҳои хабарии давлатӣ, аккредитатсия ё худ эътиборбахшии  фаъолияти журналистон ва кор бо муроҷиати шаҳрвандон ба шумор мерафтанд. Ҳарчанд ин мавзӯъ дар илми журналистикаи тоҷик ҳанӯз ҷиддӣ таҳқиқ нашуда бошад ҳам, аммо дар доираҳои илмии хориҷӣ ва кишварҳои собиқи Шӯравӣ, ба хусус Русия ва Украина  аз ҷониби  як зумра олимон ба мисли Алешина И.В., Ворошилов В. В., Королко В. Г., Кочеткова А.В., Тарасов А.С., Кривоносов А. Д., Илченко, С.Н., Почепцов Г.Г., Чумиков А. Н.  ва ғайра мавриди пажуҳиши ҷиддӣ қарор гирифтаанд (1; 5; 8; 10; 6; 11; 17).

Фаъолиятҳои робита бо ҷомеа, аз ҷумла хадамоти матбуотӣ дар Шӯравии собиқ  дар заминаи омӯзиши таҷрибаи хориҷии робита бо ҷомеа созмон дода шуданд. Айни ҳамин кор аз пойтахти ин кишвар Москва, ба пойтахти ҷумҳуриҳои дигар ба шумули Тоҷикистон  интиқол ёфт. Аммо дар Тоҷикистон аз ин таҷриба комилан истифода бурда нашуд, ки сабабҳои воқеии худро дорад.

Ба андешаи мо маҳз ҳаводиси фоҷиабор ва ихтилофи мусаллаҳонаи дохилии оғози солҳои 90-уми асри гузашта, ба ташаккули институти робита бо ҷомеа дар Тоҷикистон таъсири бевоситаи манфӣ гузошт ва дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҳамсоя ин кор ба душворӣ ва печидагиҳои муайян рӯ ба рӯ шуд. Дар Москва ва дигар шаҳрҳои марказии  Шӯравӣ хадамоти матбуотӣ аз рӯи зарурият ва огоҳона пайдо шудааст, ки ин аломатҳо бештар дар сохторҳои тиҷоратию бизнес назаррас буданд. Вале дар  баробари ин кӯшишҳои нусхабардории кӯр-кӯронаи таҷрибаи робита бо ҷомеаи кишварҳои Ғарб, бахусус дар таъсиси хадамоти матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ низ хеле муассир ба мушоҳида мерасад. Аслан дар пасманзари ғояҳои “бозсозӣ” як қатор меъёрҳои демократии ғарб ҷилванамоӣ мекунанд, ки дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Шӯравӣ нусхабардорӣ шудаанд. Агар Москва дар ташкили ниҳодҳои робита бо ҷомеа ва хадамоти матбуотӣ қолабҳои ғарбро сари кор гирифта бошад, дар дигар ҷумҳуриҳо, бахусус кишварҳои Осиёи Миёна таҷрибаи ҳанӯз норасида ва нопухтаи пойтахти Шӯравӣ бештар нусхабардорӣ шудааст. Албатта, собиқаи беш аз садсолаи кишварҳои Ғарб, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаҳмиши имрӯзаи фаъолиятҳои робита бо ҷомеа, имкони манзури намуна ва қолабҳои гуногуни ташкили робита бо ҷомеа, аз ҷумла, ташкили ниҳодпояҳои пешбурди чунин фаъолиятро ба мисли хадамоти матбуотӣ мусоид карда буд.  Дар ин миён таҷрибаи ташкили хадамоти матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ хеле ҷолиб аст.

Доктори фалсафа Кит Хэмпсон самтҳои мухталифи фаъолияти хадамоти матбуотии давлатӣ ва мақомоти мунисипалии  ҳокимиятро  хеле доманадор  инъикос кардааст. Ӯ дар асоси таҳлили мукаммали таърихи ташаккул ва рушди институти хадамоти матбуотии вазорат ва идораҳо ба хулоса расидааст, ки ингуна ниҳодҳо дар Британия қабл аз ҳама “дастгоҳеанд, ки бо кӯмаки онҳо  Ҳукумат бо аҳолӣ робита барқарор мекунад. Ба андешаи муаллиф   расонидани иттилоот оид ба  масъалаҳои мухталиф ба аҳолӣ, бунёди имиҷи ҳокимият дар зеҳни интихобкунандагон ва ташаккули афкори мусбат нисбат ба ҳокимият ду вазифаи асосии ин ниҳод аст. 

Манзури муаллиф ин аст, ки ҳокимият аз рӯи зарурият  ҳатман мардумро  дар боби қабули ин  ё он қарор огоҳ намояд ва таъкиди ин нукта таъмини  ҳуқуқи дастрасии ҷомеаро ба иттилооти мӯътамад  кафолат медиҳад, ки муҳимтарин унсури давлати демократӣ аст.

Кит Хэмпсон тазаккур медиҳад,  ки хадамоти матбуотӣ дар сохторҳои давлатӣ дорои се шӯъба аст, ки дар навбати худ аз рисолати ин ниҳод бозгӯӣ мекунанд:

1) пресс-офис ё хадамоти иттилоотӣ (Press Office), вазифаи ин бахш ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарии марказӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ аст;

2) шӯъбаи робита бо ҷомеа (Publicity Office) – ин бахш вазифадор аст, лоиҳа ва чорабиниҳои вежаи иттилоотӣ ва таблиғотиро, ки маблағгузорӣ мешаванд (ба шумули реклама), татбиқ намояд (масалан, чорабиниҳои махсуси мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ғайра);

3) шӯъбаи мактубҳо ва муроҷиати шаҳрвандон (Enquiry Office) – ин бахш шикоят, муроҷиат ва арзҳои дигари шаҳрвандонро баррасӣ менамояд. 

Ба андешаи мо, хадамоти матбуотии давлатии  Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар аввал тақрибан ҳамин гуна сифатҳоро дошт ва доираи фаъолияти он низ чунин буд, ки дар боло ишора гардид. Омӯзиши таҷрибаи фаъолиятҳои робита бо ҷомеа ва ниҳодпояҳояи он дар мисоли хадамоти матбуотӣ дар Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли муосир низ аз ин бобат дарак медиҳад.

Пайдоиши хадамоти матбуотӣ дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба пайдоиши  мансаби нави давлатӣ, яъне вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. З0 ноябри соли 1990 Қаҳҳор Махкамов, ки қаблан вазифаи Котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро ишғол мекард, ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шуд ва ҳамзамон ба маснади Раиси Девони Вазирони Тоҷикистон нишаст. Бори аввал дар  Тоҷикистон Институти президентӣ ташкил шуд ва ин таҳаввулот сохтори идораи давлатиро аз поён то боло фаро гирифт. Акнун сарварони кумитаҳои ҳизбии зинаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ низ аз вазифаи котиби аввал даст кашида, ду маснад — ҳам  раиси Шӯрои маҳаллии депутатҳои халқӣ ва ҳам раиси Комиҷроияи ин шӯроҳоро ишғол карданд. Дар заминаи ин таҳаввулот дар сохтори идории давлатӣ бори нахуст Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Тоҷикистон ташкил гардид ва ба ин кор қабл аз ҳама журналистони номии кишвар ҷалб шуданд.

Рӯзноманигори шинохта Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, ки солҳо дар нашрияи асосии ҳизбӣ – рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” фаъолият дошт, ин ниҳоди масъули робита бо ҷомеа ва ВАУ-ро сарварӣ кард. Номи ӯ дар таърихи журналистика ва хадамоти матбуоти тоҷик ҳамчун аввалин котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо ҳарфҳои хоно сабт шавад. Ба кори хадамоти матбуотии мазкур журналистони маъруфи кишвар ва сиёсатшиносони ҷавону умедбахш, аз қабили Насрулло Асадуллоев, Зафар Сайидзода (Саидов) ва минбаъд Равшани Темуриён  даъват гардиданд. Аммо, бояд гуфт, дар баробари ислоҳоти сохтории идораи давлатӣ, ки дар қаламрави шӯравии собиқ рух дод, дар соҳаи робита бо ҷомеа дар Тоҷикистон  чи дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чи дар сатҳи  поёнии идорӣ, аз ҷумла вилоятҳо намунае дигар ба ҷуз  аз ташкили хадамоти матбуотии мазкур  мушоҳида нагардид. Ин дар ҳолест, ки дар ҳокимияти марказии Москва, мақомоти қонунгузор ва иҷроияи давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, вазоратҳо, муассисаҳои молиявӣ ва бонкӣ, сохторҳои тиҷоратии давлатию хусусӣ дар ҳамон давра ба хотири тавсеаи робита бо ҷомеа ва расонидани иттилоъ ба мардум дар бораи фаъолияти ташкилоти хеш ва ба ин васила таъмин кардани маъруфияти он теъдоди зиёди хадамоти матбуотиро таъсис доданд. Муҳаққиқони соҳа бар ин ақидаанд, ки  дар кори онҳо, ба хусус  фаъолияти иттилоотии хадамоти матбуотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар давраи гузариш  унсурҳои ташвиқотӣ ва робита бо ҷомеа — PR  омезиш ёфта буд (14, с. 8).

Муттаассифона, мадракҳои зарурӣ дар ин самт, ки ба ковиш ва таҳлилҳои  мо метавонистанд, кӯмак намоянд, дастрасамон нашуд. Гирудорҳои дохилии Тоҷикистон низ ба эҳтимоли қавӣ роҳҳои такомул ва фаъолияти густурдаи ингуна ниҳодҳоро дар пасманзари фоҷиаи миллии кишварамон ба таври ноаён пинҳон гузоштаанд. Вале нуктаи муҳим ин аст, ки  дар ин марҳала Агентии иттилоотии давлатии Тоҷикистон — ТоҷикТА ҳамоно ба сифати манбаи асосии  иттилооти расмӣ боқӣ монда,  дар ин бобат нақши ниҳоди тозатаъсиси Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Тоҷикистон чандон муассир набуд.  Ба андешаи мо ин кор пеш аз ҳама ба он рабт дорад, ки такомули сохтории хадамоти матбуотӣ бинобар нав ва тозаю ноошно будани мавзӯъ то андозае бо душворӣ ва мушкилот ҷараён мегирифт.

 Ҳарчанд Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Тоҷикистон дар самти расонидани иттилои расмӣ низ корҳоеро анҷом додааст, вале то андозае самти спичрайтерӣ  ё худ таҳияи суханрониҳои роҳбарони мақомоти давлатӣ  дар фаъолияти он бартарӣ дошт. Дар робитаи Президент Махкамов Қ.М. бо ҷомеа батадриҷ каломи тоҷикӣ мавқеи устувор пайдо мекард, ки дар ин самт фаъолияти Хадамоти  чашмрас буд.    Аммо ташкили Маркази сайёри матбуотии  Иҷлосияи таърихии  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи корҳои барҷастаи Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Тоҷикистон дар фаъолиятҳои робита бо ҷомеа  маҳсуб мешавад. Ин иҷлосияи таърихӣ аз 17 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд ва дар ин бобат кормандони аввалин ниҳоди хадамоти матбуотии вилояти Ленинободи ҳамон вақт (ҳоло Суғд) низ кӯмаки беандоза расониданд.

Бояд гуфт, ки Маркази матбуоти Комиҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод  дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки аввалин чунин сохтор дар қаламрави вилояти имрӯзаи Суғд аст. Дар қарори Раиси Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Ленинобод аз 27 апрели соли 1992, №71 «Дар бораи таъсис намудани вазифаи роҳбари маркази матбуоти кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилоят» аз ҷумла омадааст, ки бо мақсади беҳтар намудани корҳои ба маълумоти аҳолӣ расонидани тадбирҳои ба тараққиёти минбаъдаи хоҷагии халқ ва беҳтар гардонидани ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолии вилоят равонашуда вазифаи роҳбарои маркази матбуоти кумиҷроияи вилоят таъсис дода шавад. Он замон ин вазифа аз ҳисоби ихтисори як нафар муттахассиси пешбари идораи меҳнат ва шуғли аҳолии кумиҷроияи вилоят ташкил гардида буд (2, с. 182). Аммо ҳамагӣ баъди панҷ моҳи фаъолият маркази матбуот моҳи октябри соли 1992 ба шӯъбаи робита бо ҷомеа, ташкилотҳои сиёсӣ ва динӣ табдил ёфт, ки ин нуктаро яке аз аввалин кормандони ин ниҳод журналист Ғуфрон Рустамов ба таври хоса зикр кардааст (13).  Нависанда ва журналисти номии тоҷик Дадоҷон Раҷабӣ аввалин котиби матбуотии Раиси комиҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод буд, ки баъдан сарварии шӯъбаи навтаъсиси робита бо ҷомеаро ба ӯҳда гирифт.

Аз нигоҳи мо масъалаи пайдоиш ва зинаҳои такомули фаъолияти хадамоти матбуотӣ ё робита бо ҷомеаро дар Тоҷикистон ба гумони ғолиб бояд баъди соҳибистиқлолии кишвар, аниқтараш баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аввалин Президенти бо ройдиҳии умумихалқӣ интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раҳмон Набиев баъди қариб як соли нишастанаш ба ин маснад, аз вазифааш истеъфо дод, пайгирӣ кард. Ин иҷлосия дар Тоҷикистон таҷдидан низоми парламентии давлатдориро барқарор кард ва Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат интихоб шуд. Дар Қасри Арбоби Хуҷанд ҳамзамон ҳайати нави Ҳукумати мамлакат – Шӯрои Вазирон тасдиқ гардид. Иҷлосияи мазкур на фақат марҳалаи нави инкишофи давлатдориро дар Тоҷикистон оғоз бахшид, балки баъди ин рӯйдоди таърихӣ давраи тоза ва сифатан нави рушду нумӯи хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаро расид.  Дар охири соли 1992 ва оғози соли 1993 дар се ниҳоди муҳими давлатӣ вазифаҳои котиби матбуотӣ таъсис шуданд. Аз ҷумла, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов  корро акнун дар вазифаи котиби матбуотии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат идома дод.  Рӯзноманигори дигари маъруфи тоҷик  Насрулло Асадуллоев бошад, вазифаи котиби матбуотии  Раиси Шӯрои Вазирони мамлакатро ишғол кард. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  вазифаи сардори раёсати иттилоот  ва сухангӯи вазорат Зафар Сайидзодаро таъин кард, ки таҷрибаи ғаниро  дар  кори сиёсии  байни ҷавонон касб карда буд. Моҳи октябри соли 1993 Маҳмудҷон Шаҳобиддинов ба таври фоҷиавӣ дар як садамаи автомобилӣ ҳалок гардид ва ба ҷои ӯ Давлаталӣ Давлатзод таъин шуд.

6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон интихоботи Президентӣ баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон пирӯзӣ ба даст овард. Дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хадамоти матбуотӣ таҷдид гардида, бори дигар рӯи кор омад ва Давлаталӣ Давлатов акнун ба ин вазифа гузашт ва то соли 1995 ин мақомро ба уҳда дошт.  Сипас ин маснадро Зафар Сайидзода, ки ба ҳайси сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар хизматҳои хеле арзанда карда, бори аввал пешаи котиби матбуотиро дар сатҳи касбӣ ҳам барои хабарнигорони хориҷию дохилӣ  ва ҳам  барои ҷомеаи Тоҷикистон ҷилва додааст, ишғол намуд.

Аз соли 2003 то ба ҳол вазифаи мудири Хадамоти матбуотӣ ва котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Абдуфаттоҳ  Шарифзода ба ӯҳда дорад, ки акнун дарозумртарин сухангӯи Президенти кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар марҳалаи навин Тоҷикистон дар масъалаи ташкили ниҳодҳои робита бо ҷомеа ва хадамоти матбуотӣ асосан  ба ҷодаи тайкардаи Русия қадам гузошта, таҷрибаи онро фаровон истифода бурдааст. Дар Тоҷикистон сохторҳои қудратӣ дар миёни вазорату идораҳои давлатӣ аз нахустинҳо шуда, ин гуна ниҳодҳоро ташкил карданд. Ҷолиб ин аст, агар дар Вазоратҳои умури дохила ва мудофиа ин ниҳодҳо хадамоти матбуотӣ номгузорӣ шуда бошанд, пас дар Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар шӯъбаи робитаҳои  иҷтимоӣ созмон ёфт, ҳарчанд тартиби корбарии онҳо тибқи ҳадафҳояшон аз ҳам тафовути ҷиддӣ надорад.

Бояд зикр кард, ки минбаъд ташкили ниҳодҳои робита бо ҷомеа бештар дар ширкатҳои тиҷоратӣ ва субъектҳои бизнес, ба мисли Бонки “Эсхата”, Tcell, Мегафон –Тоҷикистон ва ғайра роиҷ шуд, ки воқеан хоси чунин ширкатҳост. Аммо, ширкати “ТАЛКО” — истеҳсолкунандаи алюминий дар Тоҷикистон бошад, робита бо ҷомеаро тариқи хадамоти матбуотиаш ба роҳ андохтааст. Қобили тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон пас аз соли 2000 дар баробари фаро расидани фазои муносиб ва истиқрори сулҳ ва суботу оромӣ дар кишвар ташкили ин гуна ниҳодҳо  вусъати тоза гирифт.

Дар ин замина ба маврид аст, то як нуктаи дигар  зикр гардад. Ба тасвиб расидани  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677  “Дар бораи ташкил ва баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009  №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори умум» (16) ба таъсис шудани ниҳодҳои махсуси кор бо воситаҳои ахбори умум ва робита бо ҷомеа мусоидати бештар кардаанд. Дуруст аст, ки дар ин санадҳои  давлатӣ ҳеҷ ишораи мустақим дар бораи ташкил ва роҳандозии ниҳодҳои робита бо ҷомеа ва ё хадамоти матбуотӣ  мавҷуд нест. Санади аввал  ҳар семоҳа ташкил ва баргузор кардани нишастҳои матбуотии роҳбарони ниҳодҳои ҳукуматии сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дигар  ташкилоту муассисаҳои давлатиро  пешбинӣ  кардааст. Мутобиқи санади дуюм, ки бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори умум дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба тасвиб расида буд, аз ҷумла  роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор мекард, то вокунишро ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори умум иброз мегарданд, дар мӯҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгузории ҷумҳурӣ тадбирҳои бетаъхиру мушаххас андешида, аз натиҷаи онҳо ба  воситаҳои ахбори умуми дахлдор иттилоъ диҳанд. Аммо, воқеият ин аст, иҷрои талаботи  амр ва  фармони мазкур баъзе аз ниҳодҳои давлатиро дар ҳамаи зинаҳои ҳокимият, ки то тасвиби ин санадҳо сохторҳои вежаи кор бо ВАУ-ро надоштанд, водор кард, то дар ин бобат чораҳои амалӣ андешанд. 

Ҳоло дар аксари шоха ва зинаҳои ҳокимият, ниҳодҳои робита бо ҷомеа ё худ хадамоти матбуотӣ  амал мекунанд. Омӯзиши вазъият собит  мекунад, ки  дар Тоҷикистон талаботи ягонаи ташкили хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа, меъёрҳо оид ба сохтор ва самти кори онҳо вуҷуд надорад. Ҳамзамон, маълум нест, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба чӣ миқдор хадамоти матбуотӣ фаъолият доранд, аз рӯи тобеъият низ дастрас кардани омори дақиқ ғайриимкон аст. Дар кишвар фаъолияти хадамоти матбуотӣ чи дар сатҳи давлатӣ ва чи дар сатҳи ҷамъиятӣ танзим ва ҳамоҳанг нагардида, ниҳоди махсуси касбии кормандони соҳа низ ҳанӯз ташкил нашудааст. Вале як чиз мусаллам аст, фаъолияти ин ниҳодҳо асосан мутобиқ ба санад ва қоидаҳои дохилии ин ё он ташкилоту муассиса, ки дар он созмон ёфтааст, амалӣ мегардад. 

Ба мушоҳида мерасад, ки ҳатто баъзе аз ташкилоту идораҳо журналистони алоҳидаро бидуни фориғ шудани онҳо аз кори асосӣ, ба воситаи бастани шартномаи меҳнатӣ ва ҷалби онҳо фаъолияти  хадамоти матбуотии коргоҳи хешро ба ӯҳдаи эшон вогузор кардаанд.

Илова бар ин, чуноне дар боло зикраш рафт, ҳанӯз дар охири соли 1992 дар мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон воҳидҳои сохтории нав бо унвони шуъбаи робита бо ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои  динӣ  ташкил гардиданд, ки мисоли онро дар вилояти Суғди имрӯз номбар кардем. Амалан ин ниҳоди навтаъсис  фаъолияти худро дар заминаи коргузории шӯъбаҳои таблиғотии ҳизбии замони шӯравӣ ба роҳ андохт ва дар таркиби худ ҳатто бахши махсуси матбуотро дошт. Вале аз нимаи дуюми солҳои 90-ум дар ин гуна  мақомот вобаста ба ниёзмандиҳо  хадамоти матбуотӣ аз нав  таъсис гардиданд, ки дар тӯли фаъолият  ба тағйироти гуногуни унвонию сифатӣ  низ рӯ ба рӯ шудаанд. Дуҳокимиятии сохторӣ, ки  дар масъалаи робита бо ҷомеа дар таҷрибаи амалии кишвари мо то ҳол идома дорад,  баҳсбарангез аст ва тақозо мешавад то ба он равшанӣ андохта шавад. Пас оё метавон робита бо ҷомеаро ба сифати таблиғот шинохт? Асли масъала тақозо дорад, ки  ҳудуди фаҳмиши “робита бо ҷомеа” бояд мушаххас карда шавад. Пӯшида нест, таъбири “робита бо ҷомеа” тарҷумаи таҳтулафзии вожаи русии “связь с общественностью” буда, дар навбати худ ба забони русӣ дар заминаи тарҷумаи таҳтулафзии вожаи англисии “public relations” ворид шудааст. Зимнан, дар пасманзари таъбири  “робита бо ҷомеа” вожаи  “муносибат” ҷилва мекунад. “Дар назария ва амалияи муосир зимни “робита бо ҷомеа” раванди истиқрори муносибатҳои боварибахш дар пояи иттилоърасонии саривақтӣ ва мукаммал дар назар  дошта шудааст. Имрӯз робита бо ҷомеа қабл аз ҳама  ба роҳ мондани шабакаҳои иртибот ба хотири интиқоли  иттилоот  ва омода кардани иттилоъ аз нуқтаи назари мухотаби ҳадафмандро дар назар дорад. Робита бо ҷомеа ҳамчунин пеш аз ҳама фаъолияти дарозмуддати мунтазамест ба хотири ташкил ва нигоҳ доштани эътибори ширкат ё шахси алоҳидаи аз нигоҳи иҷтимоӣ масъул” (9, с. 11-12).

Дар ҳамин ҳол дар таҷрибаи кунунӣ  гоҳо мафҳумҳои  “робита бо ҷомеа “ ва “таблиғот” ё “реклама” ба ҳам омезиш меёбанд ва тафовути байни онҳо норавшан мемонанд, ҳол он ки бояд ҳудуди фаҳмиши онҳо мушаххас карда шавад. 

Таблиғот  ҳаргиз муколамаи дуҷонибаро пешбинӣ намекунад ва дар ин ҷараён андешаҳои ҷониби дигар сарфи назар мешаванд. Таблиғот ҳамеша як навъ фишор ва  таҳмили нуқтаи назари муайян аст, дар ҳоле, ки робита бо ҷомеа ҷониби дигарро ба муколамаи созанда ҷалб мекунад. Дар ҷараёни ин муколама тарафҳо ба натиҷа — ин ё он нуқтаи назар мерасанд.  Яке аз бузургтарин тафовутҳои дигари робита бо ҷомеа ва таблиғғот дар барномарезӣ аст. Робита бо ҷомеа барои дарозмуддат барномарезӣ мекунад, аммо таблиғот дар кӯтоҳтарин замони мумкин ба дунболи натиҷа аст ва албатта ин хавфи корро боло мебарад. 

Таҷрибаи  амалии робита бо ҷомеа дар Тоҷикистон  пеш аз ҳама тафовути муносибатро ба ин гуна ниҳодҳо бозгӯй  менамояд. Дар мақомоти давлатӣ маъмулан робита бо ҷомеаро ҳанӯз ҳам як навъи муносибатҳои ҳамсон не, балки амали таблиғотӣ  мепиндоранд, ки мисли ҷодаи яксамта ба як тараф равона мекунад ва дар ин бобат печидагиҳои ташкилии сохторӣ ба мушоҳида мерасанд.  

Бо вуҷуди ин ҳама печидагиҳо, ҳоло таҷрибаи андӯхтаи ниҳодҳои мухталифи робита бо ҷомеа, аз ҷумла хадамоти матбуотии мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон  аз он далолат мекунад, ки робита бо ҷомеа дар кишвари мо ба як соҳаи муайяни фаъолият табдил ёфтааст. Ин соҳа ҳанӯз рушди сохтории худро пурра анҷом надодааст ва дар пайвастагӣ бо журналистика, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва иқтисод зуҳур мекунад, муҳимтар аз ҳама  робита бо ҷомеа технология ва равандҳои  хоси  рушду такомулро соҳиб шудааст.

Ҳамин тариқ, робита бо ҷомеа дар Тоҷикистон дар шакли хадамоти матбуотӣ бештар роиҷ аст ва бо назардошти дарки мавҷудияти тафовутҳои ин ду мафҳум, минбаъд бештар аз вожаи хадамоти матбуотӣ истифода хоҳем кард.

Чуноне ишора шуд, таъсис ва такмили системаи муназзами ниҳодҳои махсуси кор бо ВАУ дар мақомоти давлатии кишвар дар баробари соҳибистиқлол шудани  Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида бошад ҳам, ин раванд ҳоло  давом дорад ва акнун зинаҳои поёнии ниҳодҳои ҳукуматиро фаро гирифтааст. Вале ҳанӯз ҳам журналистони тоҷик ба истиснои ҳолатҳои алоҳида аз фаъолияти хадамоти матбуотии  ниҳодҳоии давлатӣ дар муқобили марказҳои итттилотии миссияҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон ва ё созмонҳои ғайриҳукуматии кишвар  изҳори норозигӣ менамоянд. Ин гуна арзу шикоятҳои хабарнигорон аз он аст, ки хадамоти матбуотии ниҳодҳои ҳукуматӣ гоҳо худашон ба ҷойи он, ки дастрасиро ба иттилоооти расмӣ таъмин намоянд, бештар ба ҳофизони асрори идории хеш табдил ёфтаанд.

Бояд як омили дигарро низ таъкид кард. Дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 тасдиқ шудааст, ҳадаф, вазифа ва объектҳои  сиёсати давлатии иттилоотӣ чунин мушаххас шудааст: «Миқдор, сифат ва дастрасии захираҳои иттилоотӣ бештар аз ҳама сатҳи инкишофи мамлакат, мақоми  онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян карда, бебаҳс нишондиҳандаи калидии ин мақом дар даҳсолаҳои аввали  қарни ХХI хоҳад шуд». (7)

Дар ин санад мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои дигар, ки ба имиҷи мусбии худ манфиатдоранд, вазифадор  шудаанд, ки бахшхои махсуси масъули татбиқи сиёсати иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАУ-ро дошта бошанд. Дар бахши ниҳоии ин санад ҳамчунин таъкид мешавад, ки татбиқи сиёсати давлатии иттилоотӣ имкони бештарро барои такомули сатҳи иттилооти муттасили аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ оид ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ аз тариқи ВАУ, марказҳои матбуотӣ, марказҳои робитаи ҷамъиятӣ ва ба монанди инҳо фароҳам меоварад.

Бо дарназардошти печидагиҳои сохти ташкилии хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамчунин татбиқи вазифаҳои Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ дар мавриди  ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи ташаккул ва рушди фазои иттилоотӣ зарур аст, ки барои ташкили хадамоти матбуотӣ дар ниҳодҳои давлатӣ як тавсияномаи намунавӣ таҳия карда  шавад. Ҳамчунин, зарур аст, ки  дар фаъолияти ин ниҳод  рукни  робита бо ҷомеа дар заминаи  пешбурди фаъолияти наздик ба журналистӣ аз як сӯй ва мониторинг ва таҳлили  афкори омма  аз сӯи дигар, ки бешубҳа мубодилаи иттилоотии дуҷонибаро таъмин менамояд, ба инобат гирифта шавад.

Маргарет  X. Салливан (12, с. 13-14) коршиноси варзида оид ба масоили давлатӣ ва иртиботот  дар ИМА дар заминаи  омӯзиши  фаъолияти хадамоти матбуотии давлатӣ таъкид мекунад, ҳарчанд ҳам хадамоти матбуоти давлатӣ  ба тарзи мухталиф ташкил шуда бошанд ҳам, онҳо ду вазифаи ҳамнаворо иҷро мекунанд: аввал ин, ки бо матбуот сару кор доранд  ва  ҳамзамон ҳамтоёни хешро дар сохторҳои давлатӣ дар ҷараёни  манфиатҳои матбуот қарор медиҳанд. Ба андешаи ин коршиноси варзида, кормандони хадамоти матбуотӣ дар назди расонаҳои хабарӣ вакили дифои ҳукумат ва дар назди ҳукумат вакили дифоъ аз манфиатҳои ВАУ ҳастанд.

«Хадамоти матбуотӣ — гурӯҳи кормандонест, ки бо ҷамъ кардани иттилоъ сару кор дошта, ҳамзамон иттилоъи ҷамъшударо дар фишурдаҳои махсус таҳлил ва баррасӣ менамоянд ва ба мардум пароканда месозанд» (3, с. 58-59), —  ин гуна тавсиф ба муҳаққиқи барҷастаи соҳа Сэм Блэк тааллуқ дорад, ки ҳанӯз соли 1989 иброз карда буд.

Ба андешаи муҳаққиқони рус С. Н. Илченко и А. Д. Кривоносов, “хадамоти матбуотӣ бахши мухтори  субъекти робита бо ҷомеа (PR) ба ҳисоб меравад, ки татбиқи сиёсати иттилоотии онро бо воситаҳои ахбори умум таъмин менамояд” (6, с. 31).

Ин  нукта дар дастури методии Анҷумани миллии воситаҳои ахбори умуми мустақили Тоҷикистон “Ҳокимият ва матбуот: ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ВАУ” чунин зикр шудааст: “Хадамоти матбуотӣ ҳалқаи пайвандгарест, мубодилаи иттилоотро миёни ҷомеа ва ташкилоте, ки дар пояи он хадамоти матбуотии мазкур ташкил шудааст, таъмин менамояд” (4, с.26).

Ҳамин тариқ, ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ эътимод ва боварии комили оммаро дар ҳоле ба даст оварда метавонанд, ки ҳарчӣ бештар ба ҷомеа иттилооти воқеиро дар бораи тасмим ва фаъолияти хеш, вазъият ва ҳодисаҳое, ки рух медиҳанд, манзур намоянд. Яъне, як навъи хизматрасонӣ бояд ба роҳ монда шавад, ки бозу шаффофияти  иттилоотии  фаъолияти онҳоро таъмин намояд, ки ин вазифа ба ӯҳдаи ниҳодпояҳои пешбурди робита бо ҷомеа, аз ҷумла хадамоти матбуотӣ вогузор аст.  Бинобар  ин хадамоти матбуотӣ ё марказҳои матбуотӣ новобаста аз он, ки аз лиҳози ташкилӣ мустақиланд, ё ба таркиби сохтори умумии робита бо ҷомеа шомиланд, бояд на фақат манфиати ҷамъиятиро нисбат ба фаъолияти ин ё он ташкилоту муассиса қонеъ гардонанд, балки ба ин ташкилот барои дастрасӣ ба иттилооти манбаъҳои озод ва татбиқи сиёсати иттилоотӣ  кӯмак расонанд.

Дар Тоҷикистон ниҳодҳои робита бо ҷомеа, бахусус хадамоти матбуотӣ, ки ҷойгоҳи онҳо дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилотӣ ба таври хоса таъкид шудааст, худ ба худ тавсеа меёбад ва раванди ниҳодинасозии онҳо то ҳол мукаммал шакл нагирифтааст . Ҳанӯз мақомоти танзимгар ва ҳамоҳангсози давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ки ба эъмори инфрасохтори соҳаи робита бо ҷомеа (public relations), рушду такомули ҳамаҷонибаи самтҳои он, ҳимояти манфиатҳои соҳа, ҷорӣ намудани меъёрҳои касбӣ ва  ахлоқии кормандони соҳа ва назорати иҷроиши онҳо, кор бо захираи кормандон ва ғайра  машғул бошад, ташкил нашудааст. Ин амр зарурати таъсисёбии чунин ниҳодро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиддат мебахшад.

Пайнавишт:

  1. Алешина, И.В. Паблик рилейшнз для менеджеров / Алешина, И.В. – М.: ЭКМОС, 2003. – 480с.
  2. Архиви вилояти Суғд. Ф20. р.18. п1163. саҳ. 182
  3. Блэк, С. Паблик рилейшнз / С. Блэк. — М.: Сирин, 2002. – 202с.
  4. Власть и пресса: взаимодействие пресс-служб государственных органов со СМИ. (под общей редакцией: Н.Каршибаева) –Душанбе: НАНСМИТ, ООО «Сармад-компания», 2013. – 100с.
  5. Ворошилов, В. В. Современная пресс-служба/ В.В. Ворошилов. -СПб.: Изд-во В. Михайлова, 2005. – 256 с.
  6. Ильченко, С.Н. Современная пресс-служба: Учеб. пособие / С.Н. Ильченко, А.Д. Кривоносов. – СПб.: С.-Петерб. гос. ун-т, 2005. – 105 с.
  7. Концепция государственной информационной политики Республики Таджикистан. [манбаи электронӣ] Утверждён Указом Президента Республики Таджикистан от 30 апреля 2008 года № 4510. дастрасӣ ба сомона: http://cipi.tj/?p=270 .  (муроҷиат ба сомона: 01.2014)
  8. Королько, В. Г. Основы паблик рилейшнз / В.Г. Королько. -М., «Рефл-бук», – 528 с.
  9. Кочеткова, А. В., Филиппов, В. Н., Скворцов, Я. Л., Тарасов, А. С. Теория и практика связей с общественностью / А.В. Кочеткова и др. — СПб.: Питер, 2009.  –240 с.
  10. Кочеткова, А.В.,Тарасов А.С. Современная пресс-служба / А.В. Кочеткова, А.С. Тарасов. – М.: Эксмо, 2009. –272 с
  11. Поцепцов Г.Г. Паблик рилейшнз для профессионалов. Киев: Ваклер, 2001. 624с.
  12. Салливан, Маргарет X. Ответственная пресс-служба. Взгляд изнутри. – М., 2004. – 145с.
  13. Салобату ҷалолати кӯҳи баланд // Рӯзномаи Ҳақиқати Суғд, №135, 8.11. 2012
  14. Татаринова, Г.Н. Современная пресс – служба: учеб. пособие / Г.Н. Татаринова. – Омск, 2007. –72с.
  15. Усмонов, И., Давронов, Д. Таърихи журналистикаи тоҷик.-Душанбе, 2008, 249 с.
  16. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҷдиди воситаҳои ахбори умум»  (манбаи электронӣ) датрасӣ ба сомона: http://prezident.tj/node/2889/  (санаи муроҷиат: 24. 04.2012)
  17. Чумиков, А. Н. Связи с общественностью: учеб. пособие. / А.Н. Чумиков. — М.: Дело, 2000. 272 с.

Пресс-служба в период развития государственной власти суверенного Таджикистана

Ключевые слова: cвязь с общественностью, пресс-служба, информационная политика, журналистика, СМИ.

Автор  на  основе  сравнительного  и  ретроспективного  анализа  делает  попытку  исследовать  пути становления и развития  пресс-службы в Республике Таджикистан, ее роль  в системе средств  массовой  информации страны. Особое внимание уделяется  становлению института связей с общественностью в органах государственной власти республики. Указывая на развитие пресс-службы в Республике Таджикистан в период независимости, автор констатирует, что пресс-служба появилась в органах государственной власти СССР  на закате огромной коммунистичекой державы, сначала в центральных, а потом в местных партийных структурах. Пресс-служба в государственных органах является связующим звеном, обеспечивающим обмен информацией между обществом и организацией, на базе которой создана данная пресс-структура. Пресс-служба  призвана информировать граждан о деятельности и позиции властей, их политике, а также, используя СМИ, формировать общественное мнение о действиях властей. На основе архивных материалов и материалов  периодических  изданий  автор  анализирует также особенности становления и развития пресс-службы в Согдийской области с 1992 года.

Press-service during the Development of State Power in Sovereign Tajikistan

Key words: public relations, press office, information policy, journalism and mass media

On the basis of comparative and retrospective analysis the author makes an  attempt to explore the ways of formation and development of press-service of the Republic of Tajikistan and its role in the country’s mass media. Particular attention is paid to the establishment of the Institute of Public Relations in the state bodies of the republic. Pointing to the development of press-service in the Republic of Tajikistan in the period of independence, the author states: Press-Service appeared in the state bodies of the USSR at the sunset of strong  Communist power, first in central, and then in local party structures. Press-office in state bodies is the link for providing information between society and organizations, which was created on the basis of this pressstructure. Press-service is designed to inform citizens about the activities and position of the authorities, their policies, as well as using mass for shaping public opinion on the actions of the authorities. On the basis of archival materials and those of  periodicals the author also analyzes the features of formation and development of the press-service of Sughd viloyat since 1992.

ББК-76.12
А-91

Ҷамолов Илхом Мазбудович

Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Силсилаи илмҳои гуманитарӣ – Хуҷанд, 2014. – №5 (61) – С. 271-283.

На платформе MonsterInsights