Тарҷума,  Худсозӣ

Баъди вафоти зани нависанда Ҷорҷ Корлин

Вақте зани Ҷорҷ Корлин вафот кард, ин нависандаи ҳаҷвнигор ва тундсухани машҳури солҳои 70-80 — уми қарни пешин як мақолаи хубу нишонрасеро ба табъ расонд, ки имрӯз ҳам моҳияташ гум нашудааст.

Ихтилофи замони мо чунин аст:  мо иморати баланд, вале таҳаммули паст, шоҳроҳҳои васеъ, аммо назари танг дорем.

Бисёр сарф мекунем, аммо кам ба даст меорем, зиёд харидорӣ мекунем, вале хеле кам хушҳол мешавем. Ҳавлиҳои бузург, аммо оилаҳои кӯчак, шароити беҳтарин, вале фурсати камтарин дорем.

Таҳсилоти беҳтарин аз мост, аммо фаросатамон кам аст, дониши беҳтаринро гирифтаем, аммо вазъиятро наметавонем  дуруст баҳо диҳем, коршиносони зиёд дорем, аммо мушкилотамон ҳам зиёд аст, тибби беҳтарин аз мост, аммо саломатиамон ноҷӯр аст.

Хеле зиёд менӯшем, хеле зиёд дуд мекашем, масрафамон хеле зиёд беҳуда аст, хеле кам механдем, хеле зуд бадқаҳр мешавем, хеле новақт хоб меравем, хеле хастаю лакот бедор мешавем, хеле кам мехонем, хеле зиёд телевизор мебинем ва ҳамагӣ гоҳо намоз мехонему дуо мекунем. Дилбастагиамон бештар шудааст, аммо арзишҳоямонро ихтисор кардаем.

Хеле зиёд ҳарф мезанем, хеле кам дӯст медорем ва хеле зиёд бад мебинем. Чӣ гуна зистанро медонем, аммо бехабарем, ки чӣ гуна бояд ҳаёт ба сар бурд. Ба ҳаёти инсон солҳоро зам мекунем, аммо ба ин солҳо ҳаёт намебахшем.

Ба Моҳ расидем ва бозгаштем, аммо бо машаққат кӯчаро убур карда, бо ҳамсояи нав ошно мешавем. Кайҳонро тасхир мекунем, аммо дилро не. Корҳои бузург, вале нодаркорро анҷом медиҳем. Ҳаворо тоза, аммо қалбҳоро касиф мекунем. Атомро ба худ таслим кардаем, вале хурофоти худро наметавонем. Зиёд менависем, вале кам дарк мекунем. Тарҳҳои бузургро ба нақша мегирем, вале натиҷа ночиз аст. Аҷала карданро ёд гирифтаем, аммо сабрро не. Роёнаҳои нав ба навро ихтироъ кардаем, ки нисбат ба пешин харчӣ селаи бештари иттилоъро копий ва ҳифз мекунанд, аммо мулоқоту сӯҳбатамон бо ҳам хеле кам шудааст.

Ҳоло вақтест зуд мехурию ба душворӣ ҳазм мекунӣ, вақти одамони бузург, вале дилҳои кӯчак, вақти фоидаи осон, аммо бархӯрди душвору сангин. Ҳоло вақти рушди даромадҳои оилавӣ ва ҳам рушди шумораи талоқҳост, вақти бунёди хонаҳои зебо ва  шикасти хонаводаҳо аст.

Ҳоло вақти масофаҳои кутоҳ, уребчаҳои суринпечони якдафъина, ахлоқи якборина, алоқаҳои як шабона аст. Ҳоло вақти вазни изофӣ ва ҳабҳоест, ки ба ҳама чиз қодиранд: моро ба ваҷҳ меоранд, моро ором мекунанд ва моро мекушанд. Вақти витринҳои пури мол ва хазинаҳои холӣ аст.

Вақтест, ки технологияҳо имкон медиҳанд, то ин нома бароятон дастрас шавад, ҳамзамон метавонед онро ба дигарон ирсол намоед ва ё онро бо як пахши «delete» маҳв намоед.

Дар ёд дошта бошед, барои онҳое, ки шуморо дӯст медоранд, бештар вақт ҷудо кунед, зеро онҳо бо Шумо абадӣ нестанд. Ёд доред ва шахси наздикатонро гарм ба оғӯш гиред, зеро ягона ганҷинаест, онро аз дил берун мекунед, ки як мирӣ арзиш надорад.

Ёд доред ва гӯед: «туро дуст медорам», аммо сароғоз онро эҳсос намоед. Бӯса ва оғӯш тамоми озурдагиҳоро ислоҳ мекунад, агар самимӣ бошад.   Ёд доред ва даст ба ҳам гиред, лаҳзаҳои ҳамдамиро қадр кунед, боре мешавад, ки ин инсон ҳамроҳи шумо нахоҳад буд.

Барои муҳаббат фурсат пайдо кунед, барои сӯҳбат низ ва барои имкони мулоқоти дилчасп низ фурсат ёбед. Зеро ҳаёт бо миқдори нафасҳои кашидаву хориҷшуда не, балки бо  лаҳзаҳое, ки нафасатон аз ҳаяҷон гулӯгир мекунад, шумор мешавад.

Ҷорҷ Денис Патрик Корлин (12 майи с. 1937 – 22 июни с. 2008) – ҳаҷвнигори амрикоӣ, актёр ва адиб, ҷоизаҳои “Грэмми” (чор маротиба) ва Марк Твенро сазовор шудааст. Муаллифи 5 китоб ва 20 албоми мусиқӣ мебошад, дар 16 филм нақш офаридааст.

На платформе MonsterInsights