Мақолаҳо,  Меҳрнома

МАРДИ НАКӮНОМ НАМИРАД ҲАРГИЗ…

Зиндагии Обидҷон тӯл накашид, ӯ ҳамагӣ қариб 47 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ ҳар чӣ ёфт, бо арақи ҷабин ва дар сояи меҳнати ҳалолаш ёфт. Соҳибкор буд, ки худ як эҷодкорист ва ҳам хеле ҳунарманди мумтоз буд, беҳтарин ҳунараш ба арзи кас расидан буд. Дар зиндагии кӯтоҳи хеш аробаи чӣ қадарҳоро аз лой баровардааст ва онҳое, ки аз ӯ баҳраманд шудаанд, то ҳол ҳол аз эшон бо миннатдории самимӣ зикри хайр мекунанд. Ҳамаро бо мизони худ чен мекард, вале порсанги мизонаш бар пояи адлу инсоф буд. Пеш аз он, ки арғамчинро бибурад, хеле таҳаммул мекард ва агар ҷониби дигар ислоҳ нашавад, илоҷи дигар надошт… Ҳарчанд зардина буд, аммо ҳеҷ гоҳ ба аспи ҷаҳл савор намешуд, вале тақдир чунин буд, ки маргаш бо аспсаворӣ бастагӣ дошт… Ва ин марг дар як он асои фарзандону пайвандон, асои ҳамсинфон ва асои дӯстонро, ки доимо такягоҳи боэътимод буд, барои ҳамешагӣ шикаст… Муттако рафт…

Усмонов Обидҷон Ҳамидович 9 декабри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Падараш — Абдуҳамид Усмонов аз омӯзгорони шинохтаи шаҳр ва инсони хеле хоксор буданд. Маҳз қиблагоҳи бузургвораш меҳру муҳаббати донишу илмомӯзиро ба дили Обидҷон ҷойгир карданд. Модараш Отуной Усмонова кадбонуи хонадон ва Қаҳрамонмо-дари бемисле буданд, ки тарбияи 10 нафар фарзандони худро ба ӯҳда доштанд. Айёми тифлии Обидҷон мисли аксари бачагони ҳамон айёми шаҳри Хуҷанд дар бари домони модари биҳиштӣ ва сари китфи падари бузургвор, ки барояш ҳамешагӣ макони амну эътимод буд, дар канори рӯди Сайҳун ва оғӯши Ҷумчуқарал, ки бо муҳиту манзараю бӯи хушу дилкаши гулу алафу буттаю дарахтҳояш кишвари афсонавиро мемонд, гузаштааст… Хотираҳои гарму гуворо ва ширини айёми бачагиаш, баъдтар, вақте ки ба мактаб рафт, ба ташаккули шахсияти Обидҷон нақши муассир гузоштанд. Дар ин даргоҳи маърифат ӯ на фақат одобу дониш, балки дарси зиндагӣ низ омӯхта, яке аз беҳтарин хонандагони ин боргоҳи маърифат шуд ва дар ҳамин ҷо дӯстону рафиқони зиёд пайдо кард. Робитаи бо ҳамсабақони мактабиаш якумрӣ шуд ва ҳамсинфон дар тақдири ҳамдигар нақшу ҷойгоҳи хоса пайдо карданд.

“Обидҷон аз хурдӣ зирак буд ва ба дониш майлу рағбати зиёд дошт, дар байни дӯстону ҳамсабақон сифатҳои барҷастаи лидериашро нишон медод, — мегӯяд соҳибкори шинохтаи вилоят Мақсудҷон Бобоев, ки дар байни ҳамсабақу ҳамдарсони Обидҷон бо номи “Сардори синф” ёдовар мешавад.
“Обидҷон мактабро бо баҳои хубу аъло мехонд. Ӯ махсусан ба омӯзиши фанҳои дақиқ шавқи зиёд дошт ва таҳти роҳбарии муаллимон дар ин самт пайваста донишашро такмил медод. Ӯ аз иштирокчиёни фаъоли озмунҳои байнимактабӣ буд ва дар онҳо аксар вақт ғолибият насибаш мешуд. Узви фаъоли академияи хурди илмии назди Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) буд”, — суханашро идома дод М. Бобоев.

Мақсудҷон Бобоев, дӯсти наздик ва ҳамсинфи Обидҷон Усмонов

Обидҷон баъди анҷоми бомуваффақияти мактаби миёнаи рақами 5 шаҳри Хуҷанд, ки аз машҳуртарин мактабҳои маркази вилоят номбар мешавад, таҳсилро дар яке аз мактабҳои олии бонуфузи марказӣ идома медиҳад. Соли 1981 ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Краснодари Федератсияи Русия дохил шуда, онро соли 1986 бо ихтисоси муҳандис-технолог бомуваффақият хатм кардааст.

Каримҷон Тоҳиров, ҳамсабақи донишгоҳии Обидҷон Усмонов

“Ману Обидҷон ҳамкурс будем ва 5 сол дар як хобгоҳи донишҷӯён дар Краснодар ба сар бурдаем. Дар донишгоҳ Обидҷон миёни ҳамсабақон ҳамчун рафиқи шафиқу ҳамрозу ҳамдам обрӯи хос дошт. Чунин шуд, ки баъди хатми донишгоҳ ҳам ҳамсабақон аз ҳар канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо ӯ то охири умраш дар иртибот буданд, маслиҳат медоданду маслиҳат мегирифтанд, ҳамкорӣ ва тарҳҳои муштаракро амалӣ мекарданд”, — мегӯяд яке аз менеҷерони муваффақи соҳаи соҳибкорӣ Каримҷон Тоҳиров.

Солҳои донишҷӯӣ ҳам бо бардоштҳо ва хотираҳои рангину бой ба поён расиданд ва Обидҷон баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ соли 1986 боз ба Тоҷикистон баргашт ва фаъолияти меҳнатии худро дар пойтахт, дар комбинати равғанбарории шаҳри Душанбе ба ҳайси устои сех оғоз намуд. Маъмулан, вақте ки кадрҳои ҷавон ба кор меоянд, дучори баъзе мушкилоти равоншинохтӣ мешаванд. Ин албатта, пеш аз ҳама ба душвориҳои мутобиқшавӣ ба ҳаёти нави пас аз таҳсил, бахусус пайдо кардани ҷойгоҳ дар корхонаи тамоман нав ва ҳамкорони тамоман ношинос вобаста аст. Дар ин замина баъзеҳо ҳатто дониш ва малакаи худро нокифоя ҳисобида, як навъ ноустуворӣ эҳсос мекунанд. Аммо Обидҷон аз ин тоифа набуд. Ӯ ба дониши худ ва ба қобилияту малакаи кориаш эътимоди қавӣ дошт, аз ин рӯ корро бо боварии комил оғоз кард. Обидҷон дар зудтарин фурсат илмашро ба амал ёр гардонида, ба комёбиҳои хуби меҳнатӣ ноил шуд. Ин буд, ки Обидҷон дар байни ҳамкорон ва роҳбарияти корхона ҳамчун кадри ҷавони боистеъдод, чашмикордон ва ояндадор соҳибэҳтиром гардид.
Дар васфи чунин инсонҳо шоир чунин гуфтааст:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи кирдору гуфтор беҳтар бувад.
Дар ҳақиқат, дониши баланди технологӣ, малакаи истифодаи онҳо ва талошҳои кориии Обидҷон ба зудӣ ҳосил доданд. Бо дарназардошти ин омилҳо ва ҳам қобилияти баланди ташкилотчигию сарварии мутахассиси ҷавон роҳбарияти комбинат Обиҷон Усмоновро аввал директори заводи гидромаргарини ҳамин коргоҳ ва сипас соли 1990 сармуҳандиси комбинат таъин карданд.
Комбинати равғанбарории шаҳри Душанбе, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар фаъолият мебурданд, на фақат калонтарин коргоҳи коркарди равғани Тоҷикистон, балки яке аз бузургтарин чунин корхона дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Корхонаи мазкур дар замони Иттиҳоди Шуравӣ дорои технологияи нодири коркарди пурра ва мукаммали ашёи равғандиҳанда буд, ки дар симати роҳбарии техникии он муттахасиси ҷавон Обидҷон Усмонов низ ҷой дошт. Маҳз бо сарварии ин мутахассиси ҷавон дар коргоҳ бо иштироки коршиносон ва муттахассисони олмонӣ корҳои азнавтаҷҳизтоонии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияи муосири коркарду истеҳсоли маҳсулоти равғанӣ амалӣ гардид. Аммо ба фаъолияти самараноки ин коргоҳ бинобар ҳодисаҳои маълуми ҳузнунгези кишвар ноил шудан душвор гардид…
Соли 1993 бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба равғани дохилӣ, ки акнун бинобар пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва шикасти робитаҳои иқтисодӣ дар воридоти он ба кишвар мушкилиҳо пеш омада буд, тасмим гирифта шуд, ки дар шимоли Тоҷикистон корхонаи муҷаҳҳази равғанбарорӣ бунёд карда шавад. Дар ин кор Обидҷон Усмоновро, ки аллакай дар доираи коршиносону ҳамкасбон ҳамчун муттахассиси хеле варзида шинохта мешуд, ба зодгоҳаш даъват карданд. Ӯ ин таклифро бо хушнудӣ қабул кард, зеро бунёди корхонаи нав, ки аз сифр оғоз мешуд, ҷаззобияти худашро дошт ва Обидҷон ба ҳайси директори корхонаи сохташавандаи «Равған» ин масъулиятро ба ӯҳда гирифт. Вазифаи нав Обидҷонро водор мекард, ки ба фаъолияти гуногунҷабҳа машғул шавад. Азҷумла, дар ин замина ба ӯ зарур омад, ки пеш аз ҳама ба кори сохтмон даст занад ва дар таҳияи тарҳи коргоҳи навбунёд бо лоиҳакашону сохтмончиён ва бахусус бо мутахасисони Институти илмӣ — пажуҳишии умумирусиягии равғанҳо дар шаҳри Петербург ҳамкории зичро ба роҳ монад.
Мавсуф дар интихоб ва васлу танзими таҷҳизоти технологӣ бо дарназардошти талаботҳои муосир ба технологияи истеҳсоли равғани растанӣ шахсан роҳбарӣ ва иштирок мекард.

Яке аз соҳибкорони номии кишвар, Раиси кулли гуруҳи корхонаҳои ширкати “Барс” Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров ҳамсинфу ҳамсабақи хеш Обидҷон Усмоновро дорандаи беҳтарин хислатҳои корӣ ва касбӣ номид. Ба ақидаи ӯ аслан, роҳбари корхона бояд шахсияте бо навъи махсуси тафаккур бошад. Маҳз сифатҳои корӣ, шахсӣ ва касбии роҳбар, аз қабили мудирияти дурусти кормандон, ташкили равандҳои судманди корӣ барои ташаккули роҳҳои босамари рушди корхона мусоидат мекунанд.
«Обидҷон, хислатҳои аҷоиби корӣ дошт ва маҳз ҳамин сифатҳо ӯро ангуштнамои ҷомеа карда буданд. Ӯ аз қобилият ва маҳорати баланди тахлилӣ бархӯрдор буд, дар вазъиятхои душвор метавонист карори дуруст қабул кунад, хеле софдилу ҳалолкор буд ва захирахои дар ихтиёр доштаашро дуруст ва босамар истифода мекард. Шояд муҳимтарин чизи дигар ин бошад, ки ӯ қобилияти баланди банақшагирӣ ва ташкили стратегияи рушди коргоҳи худро хеле бомуваффақият анҷом медод», — мегӯяд Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров.

Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров, дӯсти наздик ва ҳамсинфи Обидҷон Усмонов

Тирамоҳи соли 1999 корхонаи равғанбарории ҶСП «Равған», ки бо таҷҳизотҳои замонавии ширкатҳои пешрафти давлатҳои Русия, Олмон, Туркия муҷаҳҳаз буд, ба фаъолият оғоз намуд. Ин коргоҳ аз дигар корхонаҳои равғанбарорӣ фарқ мекард. Маъмулан дар корхонаҳои истеҳсоли равғани кишвар аз ҳисоби коркарди чигити пахта маҳсулот истеҳсол мешуд. Аммо дар коргоҳи тозаташкилшуда навъҳои растаниҳои дигар низ ба сифати маҳсулоти хом барои истеҳсоли равған коркард мешуданд.
Обидҷон Усмонов тамоми имкониятҳоро, аз ҷумла робитаҳои худро бо ҳамдарсони донишгоҳиаш, ки дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ кор мекарданд, истифода намуд, то ки дар коргоҳаш коркарди дигар намуди ашёҳои равғандеҳ ба роҳ монда шаванд. Ин буд, ки бори авввал баъди ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳуриамон воридот ва коркарди офтобпараст, лӯбиё, инчунин маҳсулоти равғандеҳи маҳаллии анъанавии фаромӯшшуда ба мисли маҳсар, индов ва ғайра ба роҳ монда шуд ва ин як такони ҷиддӣ барои рушди соҳа гардид.
Ҳамзамон Обидҷон таҷрибаи бунёдкориашро сайқал дода, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳе аз дӯстонаш дар қисмати ҷануби кишвар низ корхонаи замонавии равғанбарории ҶСП «АТО» -ро сохта, мавриди истифода қарор доданд. Дар ин ҷо бори аввал дар ҷумҳурӣ сехи замонавии экстраксияи равған (бо услуи кимиёӣ кашидани равған аз кунҷора) васл карда шуд ва бомуваффақият ба кор даромад.
Тамоми фаъолияти меҳнатии минбаъдаи Обидҷон маҳз бо бунёдкорию ободкорӣ иртиботи қавӣ дорад. Саҳми ин шахси пухтакору дурандеш дар таъсису бунёди корхонаи истеҳсоли орди «Сахо», ширкати бисёрсоҳаи истеҳсолӣ-тиҷоратии «Зуҳал», корхонаи паррандапарварии «Зарнисор» хеле калон аст. Ин корхонаҳо – меваи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, дар ҳошияи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд ва ҳоло дар сектори иқтисодии вилоят ҷойгоҳи хосаи худро ишғол кардаанд. Яке аз тарҳҳои хеле наҷиби ӯ ташкили корхонаи бисёрсоҳаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон буд. Моҳи марти соли 2010 Обидҷон бо мақсади шиносоӣ ва тезонидани раванди ба фаъолият оғоз бахшидани ин корхонаи муштарак ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард. Аммо бо амри тақдир дар ҳамон ҷо ба таври фоҷиавӣ вафот кард…
Обидҷон соҳиби 4 фарзанд — 3 писар ва як духтар аст. Фарзанди калониаш Фирдавс давомдиҳандаи шоистаи кори падар буда, роҳбарии генералии ширкати бисёрсоҳавии «Зуҳал»-ро ба ӯҳда дорад, вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аст. Писари дуюмаш — Парвиз директори молиявии ширкати «Зухал», писари хурдӣ — Ҷаҳонгир донишҷӯи донишгоҳи Шарҷа мебошад.

Ғуфрон Файзиев, дӯст, ҳамсинф ва ҳамкори Обидҷон Усмонов

Яке аз хислатҳои неки Обидҷон ин меҳрубонию парастиши дӯстону наздиконаш буд. Агар ягон дӯсташ ба ягон проблема дучор шавад,  Обидҷон онро мушкилоти худ медонист ва ҳарчӣ аз дасташ меомад барои ислоҳи вазъият чора меандешид. Бино ба гуфтаи яке аз ҳамсинфону ҳамкорон ва ҳаммуаллифи мақолаи мазкур Ғуфрон Файзиев, соли 2004 Обидҷон нисбати падари бемораш кореро анҷом дод, ки касе чунин дастгириро дар умраш нисбати ӯ анҷом надодааст.
“Соли 2004 падарам ба бемории саратон гирифтор гашта, ҷарроҳӣ шуданд. Ҳоло он солҳо шароити мусоиди табобати ин беморӣ дар дохили ҷумҳурӣ чандон хуб набуд. Дору-вориии зарурӣ камёфт буд, ё агар пайдо кунед ҳам, хеле арзиши онҳо гарон буданд. Мут-тахассисони соҳа низ кам буданд… Мо ноилоҷ монда будем. Аммо Обидҷон инро фаҳ-мида, на танҳо худаш аз хориҷи кишвар дорувории заруриро харидорӣ намуд, балки аз Русия пизишки олидараҷаро оварда, табобати падарамро ба роҳ монд. Дар баробари ин як ҳуҷраи табобатгоҳро пурра таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонид, ки баъдан ин ҳуҷра ба истифодаи умум вогузор шуд. Ӯ то вопасин нафаси падар бо мо ва муттакои мо буд… Ин некии ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард”, — мегӯяд Ғуфрон Файзиев.

Чуноне зикраш рафт, Обидҷон дар оилае ба воя расидааст, ки онҳо 10 нафар бародарону хоҳарон буданд. Ин оила ҳамеша аҳл ва доимо дастгири ҳамдигар буданд. Бо вуҷуди он, ки Обидҷон аз фарзандони миёнагии хонадон буд, хурду калони оила – бародару хоҳарон ӯро аз бузургони хонавода эътироф мекарданд. “Ӯ дар қатораи хонадони мо локомотив буд,”- мегӯянд Маҳмудҷон Усмонов-бародари калонии Обидҷон. Воқеан ҳам Обидҷон бо бародарону хоҳаронаш бисёр меҳрубон ва барои ҷиянҳояш намунаи ибрат буд, маслиҳату дастгириашро ҳаргиз дареғ намедошт ва дар сарҷамъии авлод саҳми ӯ бузург буд. Ба тарбияи фарзандон низ аҳмияти ҷиддӣ медод, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарохдастӣ ба воя расанд ва барои ин дар оилааш муҳити созгореро муҳайё карда буд.
Обидҷон қадршинос ва нону намакшинос буд, ҳамеша ифтихор мекард, ки устодонаш собиқ Раиси иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикпишепром» Икром Қурбонов ва собиқ сарвари комбинати равғанбарории шаҳри Душанбе Абдулаҳай Воҳидов ба ташаккули шахсияти ӯ ва рушди касбиаш нақши барҷаста доранд, аз некиҳои эшон ёдовар мешуд ва аз ҳолу аҳволашон доимо ҳабар гирифта меистод.

Дӯстони Обидҷон ҳамеша аз як хислати хеле хубу неки ӯ ёдовар мешаванд. Аз рӯи гуфтаи онҳо Обидҷон як нирӯи қавие дошт ва ҳамаро сарҷамъ карда метавонист. Доимо ягон баҳонае барои ҳамоиши дӯстон пайдо карда, онҳоро ба ҳам меовард. Ӯ як марди яклухти саховатманду дасткушоде буд.
“Мо дӯстону ҳамсинфон чандин сол ба ду даста тақсим шуда, бо ҳам футбол бозӣ мекардем. Маълум, ки ин дастаҳо ба ҳам рақиб мешуданд ва дар ҷараёни бозӣ муносибатҳо низ муносибати рақибон буд. Глҳо тезу тунд.., Дар ниҳоят дастаи ғолиб меболид ва дастаи мағлуб менолид. Танҳо як нафаре аз мо, яъне Обидҷон на меболид ва на менолид. Ӯ боз ҳам рисолати худро бомуваффақият иҷро карда, ҳамаро гирди як пиёла чой ба ҳам меовард ва тамоми зангҳои рақибон дар суҳбати дӯстон шуста мешуданд… Ӯ адолдатпарвар буд.”, — ин аст, хотираи полковники мустафъӣ Шавкат Ахмедов, ки яке аз дӯстони наздики Обидҷон ба шумор меравад.

Шавкат Ахмедов, полковники мустафъӣ, дӯсти Обидҷон Усмонов

Мегӯянд ҳар як шахс дар вуҷуди худ беназир аст. Албатта, ҳар кадоми мо соҳиби афзалият ва камбудиҳо ҳастем. Аммо Обидҷон аз ҷумлаи онҳое буд, ки хислатҳои мусбат ва беҳтарини инсониаш хеле зиёд буданд. Ҳузури ӯ зиндагиро боз ҳам зеботару равшантар мекард… Аммо афсӯс, беш аз 13 сол мешавад, ки дигар ҷойи ӯ дар байни дӯстон холист. Вале кору пайкори ӯ, хотираи некаш ва амалҳои хайраш вирди забонҳост. Чунин афрод намемиранд, ва беҳуда нест, ки Шайх Саъдӣ фармудаанд:
Намирад, гар бимирад некноме,
Ки дар ёдаш бувад қоиммақоме
Чу дар маҷлис чароғе ҳаст, агар шамъ
Намирад, ҳамчунон равшан бувад ҷамъ

Илҳом Ҷамолиён
Ғуфрон Файзиев.

На платформе MonsterInsights