Гузоришҳо,  Таҳлилӣ

Натиҷаи кори расонаҳо дар Осиёи Марказӣ: соли таҳқиқот, лоиҳаҳои видеоӣ ва умедҳо

Соли 2019 барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ  бо як қатор сабабҳо хотирмон буд: ВАО-и Қазоқистон бо транзити сиёсӣ ва ваъдаҳои ҳукумати “нав” рӯбарӯ шуданд; васоити ахбори оммаи Қирғизистонро барои муваффақиятҳояшон дар таҳқиқи схемаҳои коррупсионӣ зери фишор қарор доданд; рӯзноманигорон ва блогерҳои тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ равзанае пайдо карданд; ҳамкасбони узбек сабри мансабдоронро меозмоянд, ки ҳоло ба танқид одат накардаанд. «Хабарнигори нав» дар якҷоягӣ бо коршиносон соли гузаштаро ба хотир меорад ва кӯшиши фаҳмидани онро дорад , ки дар соли ҷорӣ ҷомеаро  чӣ интизор хоҳад буд.

Тамоюлҳои умумӣ

Авҷи  тадқиқот

Дар соли 2019, рӯзноманигорони тадқиқотгар якбора дар чанд кишвари минтақа фаъол шуданд. Дар Қирғизистон, ба гуфтаи коршиноси ВАО -Азамат Тинаев, дар ин самт як “пешрафти воқеӣ” рух додааст. Дар моҳи апрел, «Азаттык» бо забони қирғизӣ таҳқиқотеро нашр кард, ки дар мисоли тоҷири  маъруф  Ҷалил Атамбаев аз шаҳри Ӯш дар бораи далелҳои саркашӣ аз андоз нақл мекард. Дар посух соҳибкор муаллифи маводро ба додгоҳ кашид ва ҷуброни моддӣ дар ҳаҷми 50 миллион сом талаб кард.

Дертар зери фишори ҷомеа, қаҳрамони  тадқиқот т даъвояшро пас гирифт, вале полиси молиявӣ аз ин соҳибкори ноком андозҳои нопардохтшуда ва ҷаримаҳоро ба маблағи 40 миллион сом фош кард. Тинаев таъкид мекунад, ки ин ҳодиса “боварии дигар рӯзноманигорони тадқиқотгарро хеле тақвият дод” ва ба сифати  мисоли дигар ҳодисаи машҳур- таҳқиқоти «Говори ТВ»-   оид ба амалиёти наҷот додани дузди “қонунӣ” – Азиз Батукаев аз ҷониби намояндагони давлатро мисол меовард.

Даври нави фаъолгардии тадқиқотҳоро дар ҷумҳурӣ тирамоҳи соли равон гуруҳи Kloop.kg оғоз намуд, ки р он ба аудиторияи худ нақл кард, ки чигуна мақомоти Бишкек беш аз сеяки боғи Отатуркро ғайриқонунӣ ба дасти шахсони хусусӣ додаанд. Моҳи ноябр якчанд нашрияҳои ВАО-ӣ қирғизӣ эстафетаро ба даст гирифтанд, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони хориҷиашон натиҷаҳои тафтишоти фаромиллӣ оид ба нақшаҳои бузурги коррупсиониро дар гумруки кишвар ошкор карданд. Баъзе аз айбдоршанадаҳо талаб кардаанд, ки ба тартиби судӣ аз рӯзномнигорон ва нашрия 60 миллион сом  ситонда шавад. Хашми мардум  боиси сар задани ду ҳамоиш  ва ариза ба Прокуратураи генералӣ бо дархости оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати қаҳрамонони таҳқиқоти журналистӣ  гардид .

Дар Тоҷикистон ду тадқиқоти журналистӣ дар соли 2019 маъруфият пайдо карданд. Таҳқиқоти якум манфиатҳои ғаразноки хешованди президент, роҳбари Хадамоти алоқа дар назди ҳукуматро ошкор кард: шахси мансабдор дар коргоҳи худ якчанд нуқтаҳои фурӯши манзилро ташкил кард, ки дар Душанбе аз ҷониби ширкати хусусии писараш сохта мешаванд. Таҳқиқоти дуввум ба фаъолияти яке аз пешсафтарин холдингҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, монополист дар бисёр бахшҳои иқтисодиёт бахшида шудааст, ки   моли домоди Эмомалӣ Раҳмон мебошад. “Ҳарду таҳқиқот нишон доданд, ки рӯзноманигорони тоҷик зарфият доранд ва дар  зарурат метавонанд аз он истифода баранд”, -мегуяд Марат Мамадшоев, сардабири намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон (IWPR).

Обшавии яхҳои” қонунгузорӣ

13 декабр Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар он ба Агентии иттилоот ва ВАО супориш дод, ки масъалаи озод кардани журналистонеро таҳия кунанд, ки барои таҳқир ва тӯҳмат ҳасб шудаанд. Илова бар ин, бо супориши сарвари давлат,  ба рӯзноманигорон ва ходимони ҷамъиятӣ барои иштирок дар мурофиаҳои кушоди судӣ иҷозат дода мешавад, тартиби гирифтани литсензия барои телевизион ва радио содда карда мешавад ва кормандони ВАО аз амалҳои ғайриқонунии мансабдорон беҳтар ҳифз карда мешаванд. Ҳамин тавр, ба гуфти коршиносон, пас аз интиқоли қудрат, “Узбакистони нав” эҳё мешавад.

Аккорда

«Тақдири ислоҳоти эълонкардаи президенти нав ва сарнавишти озодии сухан бо ҳам алоқаманд ва аз якдигар вобастагӣ доранд. Бидуни озодии воқеии сухан ва ислоҳоти сиёсӣ, ислоҳоти банақшагирифташудаи иҷтимоию иқтисодӣ ғайриимкон аст ва бидуни ислоҳоти зарурии сиёсиву маъмурӣ ва иродаи сиёсӣ, озодии сухан дар кишвар ғайриимкон аст»,- мегӯяд дар бораи аҳмияти рӯйдодҳои бавуқӯъомада Карим Бахриев, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Иттифоқи журналистони Узбекистон.

20 декабри соли равон, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев низ  изҳор кард, ки вай тасмим гирифтааст, ки моддаи ҷиноӣ оид ба тӯҳматро ғайриҷиноӣэълом кунад ва фармон дод, ки онро ба Кодекси маъмурӣ интиқол диҳанд. “Ин бешубҳа яке аз бузургтарин дастовардҳо барои бисёре аз рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма, ТҒҲ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад”, – мегуяд ҳуқуқшиноси соҳаи расонаҳо Олга Диденко, ки он андешаи ҷомеаи касбиро ифода  мекунад. -Ҳамзамон, табиати популистии изҳоротро низ бояд фаҳмид, -мегӯяд Адил Ҷалилов, роҳбари Маркази байналмилалии журналистика- MediaNet.

Ба ақидаи ӯ, ваъда барои декриминализатсияи тӯҳмат, натиҷаи  бархӯрдест, ки дар кишвар байни президенти нахустин ва феълӣ дар назар аст. “Гумон аст, ки дар амалияи қонунгузорӣ чизе тағйир ёбад, зеро воситаҳои зиёди фишор ба мухолифандешӣ вуҷуд доранд, аммо дар ин ҷо чизи дигар муҳим аст. Назарабаев пешниҳод мекунад, ки ҷазо барои туҳмат сахтар карда шавад, аммо Токаев – баръакс. Ҳоло мо тақрибан воқеияти бисёрвекторӣ дорем, аммо аллакай дар дохили кишвар », – мегӯяд коршинос. Вай тахмин мезанад, ки тағйир ёфтани қудрат, новобаста аз он ки воқеӣ ҳам набошад, зеҳнан дар журналистикаи Қазоқистон бисёр чизҳоро иваз хоҳад кард.

Журналистикаи YouTube-ӣ

Дар соли гузашта, маъруфтарин видеохостинг мақоми платформаи мустақилро ҳифз намуд, ки дар он рӯзноманигорон ва блогнависони минтақа идеяҳои боҷуръатарини худро  амалӣ карданд. Масалан, дар Тоҷикистон нашри видео дар платформа қариб ба ҳукми суд табдил ёбад. Чор блогнавис гуфтугӯи худро бо кормандони тиҷорати шаҳвонӣ ба навор гирифта, дар YouTube гузоштанд, ки баъдан онҳоро бо ҷурми “ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ” айбдор карданд.

Ҳарчанд муаллифони видеоро дар натиҷа озод карданд, Марат Мамадшоев, сардабири намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон (IWPR) чунин мешуморад, ки ин ҳодиса «метавонад вазъи бе ин ҳам мураккаби озодии баёнро дар кишвар бадтар кунад». Бо вуҷуди он ки блогнависон мушкилоти муҳими иҷтимоиро ошкор карданд ва дар ҷои ҷамъиятӣ филмбардорӣ карданд, ҷомеаи журналистӣ тасмим гирифт, ки ба таъқиби ҳамкасбон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксуламал нишон надиҳад.

АП

Илова ба мурофиаҳои судӣ, мақомоти Тоҷикистон ба василаи масдуд кардан фишорро ба ВАО идома медиҳанд: ду сол аст, ки сомонаи нашрияи машҳури «Азия-Плюс» дар кишвар кор намекунад. Дар чунин шароит рӯ овардан  ба шабакаҳои иҷтимоӣ қадами аз ҳама мантиқист. «Ҳоло ВАО аллакай контенти худро барои шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия  мекунанд. Танҳо дар ин сол, расонаҳои маҳаллӣ воқеан қудрати YouTube -ро дарк карданд. Масалан, миқдори аудиторияи шабакаи «Азия-Плюс» то се маротиба афзуда ба 58,2 ҳазор  расид», – мегӯяд менеҷери расона Зебо Тоҷибоева.

Дар Қазоқистон соли 2019 низ вақти кашфи YouTube барои рӯзноманигорони маъруф ва расонасозон буд: Вадим Борейко лоиҳаи «ГиперБорей»-ро муаррифӣ кард, Гулнар Бажкенова подкасти “Ман шуморо шунидам” -ро дар арафаи интихоботи президентӣ муаррифӣ кард, Алишер Эликбоев ва Бейбит Алибеков Digistan-ро роҳандозӣ карданд. «Дурнамо ҳоло маълум нест, зеро то ҷое ман медонам, YouTube ба фаъолони (ютуберҳо) Қазоқистон имкон намедиҳад, ки пули зиёд ба даст оранд. Барои онҳо ин як бозори хурд аст. Аммо ба ҳар ҳол  бояд оғоз кард, зеро ин тамоюли ҷаҳонӣ аст»,- муттақоид аст Аскар Аукенов, сардабири Forbes Kazakhstan.

Вижагиҳо

Тоҷикистон:  обрӯрезӣ ва расонаҳои нав

Дар фасли баҳор маълум шуд, ки Хадамоти  тоҷикии «Радиои озодии Европа/ Радиои Озодӣ» тӯли солҳои дароз бо сохторҳои ҳукуматӣ ҳамкории зич доранд ва хизматчиёни давлатӣ ба раванди қабулаи қарорҳои нашрия  дахолат мекунанд. Ин ҷанҷол боиси аз кор рафтани роҳбарияти нашрия ва тағйир ёфтани контент, яъне боиси бештар интиқодӣ шудани он гардид. Мамадшоев вазъро мусбат арзёбӣ мекунад (  ин портали интернетӣ ба муҳити ВАО таъсррасон аст), аммо ба мушкилоте таваҷҷуҳ мекунад, ки бори дигар ба ин ҳодиса рушноӣ меандозад: акнун, рӯзноманигорони «Радиои Озодӣ», ҳамчун корманди расонаи хориҷӣ, барои гирифтани аккредитатсия дар ВКХ мушкилӣ доранд.

Limu

Боз як натиҷаи мусбати сол дар соҳаи ВАО-и тоҷик таъсиси расонаҳои нав шуд: масалан, агентии рекламавии «PurNur» нашрияи онлайнии Limu-ро боз кард. Тоҷибаева ин иқдомро амри маҷбурӣ маънидод мекунад:

«Ба куҷо бояд рекламадиҳанда муроҷиат кунад? Ба «Sputnik» ё «Радиои Озодӣ»  рафтан нашавад, Азия Плюс баста шудааст, аммо платформаҳо лозиманд. Дар ин робита вай пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2020 боз якчанд  расонаи нав пайдо мешаванд, ки муассисонашон  ширкатҳои бузурги тоҷик хоҳанд буд. Ҳамзамон, ғайр аз майдонҳои нав барои реклама, бозори ВАО-и тоҷик ба форматҳои нав ниёз дорад, ки рушдашон танҳо дар доираи васоити ахбори оммаи эҷодшуда имконпазир мегардад”,- илова намуд менеҷери саҳаи расонаҳо.

Қирғизистон: санҷиши меъёрҳои бехатарӣ

Ҳамла ба манзили шахсии собиқ президент Алмазбек Атамбаев моҳи августи соли 2019 на танҳо барои ҷомеаи Қирғизистон, балки барои журналистон низ як ҳодисаи бесобиқа буд. “Он як майдони бузург барои хабарнигорони гузоришгар гардид, ки сарфи назар аз тамоми таҷрибаи пешинаи худ дар бораи инъикоси ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодисаҳои экстрималӣ барои худ сабақи таёрии касбӣ, бехатарии шахсӣ ва техникӣ ҳангоми муноқишаҳои калон бо тирпарронӣ, таркиши норинҷакҳои садорушноидор, қатъи алоқаи телефониро омӯхтанд. ”, шарҳ медиҳад Тинаев бо таваҷҷӯҳ ба зарурати аз нав баррасӣ кардани стандартҳои маъмулии бехатарӣ.

Спутник

Спутник

Тавре маълум шуд,  ба муносибатҳои нави кибер амниятӣ расонаҳои Қирғизистон низ ниёз доранд, ки маъмултаринашон дар соли гузашта бори аввал ба DDos ҳамлаи густарда дучор омаданд. Мушкилот дар кори ҳафт сомонаро соҳибони онҳо пас аз бознашри як таҳқиқоти FactCheck.kg пайхас карданд. Манбаъи фактчекингӣ   ду соат пас аз нашри  маводи муштарак бо Bellingcat дар бораи сармояи Улкан Тургунова, ҳамсари собиқ ҷонишини сардори гумрук Раимбек Матраимов мавриди ҳамлаи хакерӣ қарор гирифта буд. Ҳамин тавр, дар арафаи Соли нав, нашрияҳои ҷумҳурӣ тавонистанд “қобилияти ҳимояи техникии худро аз киберҷиноятҳо” арзёбӣ кунанд ”,- хулоса кард Тинаев.

Узбекистон: исёни бюрократҳо

Соли сипаришуда барои ҷумҳурӣ аз нуқтаи назари муносибати мансабдорон ба васоити ахбори омма, ки пас аз ба сари қудрат омадани Мирзиёев тағйир ёфтааст, назаррас буд. Интиқоди журналистӣ кормандони баландрутбаи давлатиро водор мекунад, ки ба усулҳои хеле ноҷавонмардона ва аксар вақт ғайриқонунии фишор даст зананд. Масалан, муовини раиси ноҳияи Алмазори Тошканд ба хабарнигорони Kun.uz ҳамла кард ва гарчанде ки прокуратура аз кушодани парвандаи ҷиноӣ  худдорӣ кард, мансабдорро аз вазифааш маҳрум карданд. Дар моҳҳои ноябр-декабр аввал шаҳрдори Тошканд ва баъдан ҳокими вилояти Фарғона низ изҳороти таҳқиромез ва таҳдид нисбат ба аъзои ВАО ва блогнависон карданд.

Repost.uz

Repost.uz

“Дар тӯли биступанҷ сол ВАО танҳо қудратро ситоиш мекарданд ва мансабдорон зери садои ин ситоишҳо оромона зиндагӣ мекарданд. Аз соли 2017, ВАО, бахусус расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба танқид кардани вазъ дар кишвар  ва ошкор намудани амалҳои мансабдорони сатҳҳои гуногун шуруъ карданд. Ва фишор ба расонаҳо ва блогнависон, ки интизор мерафт,  оғоз ёфт», – фикри худро иброз мекунад Бахриев. Ҳамзамон, вай инчунин қайд менамояд, ки дар соли 2019, дар пасманзари ҷанҷолҳои ба вуқӯъ омада, ҷомеаи журналистони ҷумҳурӣ бори аввал дар таърихи истиқлолият якдилии худро нишон дод.

Қазоқистон: Ҳамбастагии гуруҳӣва даромади офлайнӣ

Бешубҳа дастоварди  муҳими соли 2019  иттиҳоди расонаҳо дар қиболи   таҳдид ба маҳдудияти бештар дар фаъолияти онҳо буд, қайд мекунад  Диденко. Намунаи аввалини мусбати чунин вазъ ҳолати баҳсталаби қоидаҳои аккредитатсияи рӯзноманигорон буд, ки Вазорати иттилоот ва рушди ҷамъиятӣ дар аввали сол мехост ҷорӣ кунад, аммо акнун маҷбуранд онҳоро такмил кунанд. Дуввумин кӯшиши нобарор барои “кобус дидан”-и васоити ахбори омма, муқаррароти Кодекси нав оид ба тандурустӣ буд, ки таблиғи маҳсулоти зарароварро дар ВАО, намоиши саҳнаҳои тамокукашӣ ва ғайраро манъ мекунад. Дар натиҷаи ҳамбастагии кормандони соҳа ва ҳимоя  тавассути ташкилотҳои соҳибкорӣ, аз Кодекс бандҳои шубҳанок хориҷ карда шуданд. “Ин бори дигар собит месозад, ки агар чизе ба мо дар муҳити бе ин ҳам ноозоди эҷодӣ  таҳдид кунад, мо муттаҳид мешавем ва якҷоя амал мекунем”,- хулоса мекунад ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО.

Vlast.kz

Vlast.kz

Ҳамзамон, ВАО-и Қазоқистон, дар баробари кам шудани фармоиши реклама дар бозор, роҳҳои самараноки монетизатсияро ҷустуҷӯ мекунад. Аукенов дар ин робита қайд мекунад, ки дар соли 2019 лоиҳаҳои оффлайнии васоити ахбори оммаи ватанӣ фаъолона афзоиш ёфтанд. “Ин самти ҷиддии тиҷоратӣ аст ва имконият барои ба даст овардани даромад мавҷуд аст. Воситаҳои ахбори омма инро дарк карданд ва бо ҳамин роҳ мераванд», -мегӯяд менеҷери ВАО. Ба гуфтаи вай, васоити ахбори омма аз паи онлайн-ретейл ҳаракат мекунанд, ки дар тамоми ҷаҳон дӯконҳои воқеиро боз мекунанд ва ба силсилаи супермаркетҳо сармоягузорӣ мекунанд.

 

Манбаъ:  newreporter.org

На платформе MonsterInsights