Фарёди дилҳо ё муроҷиат ба дӯсте, ки имрӯз бохтем.
Сад оҳу дареғ ровии ин маҳфили мо рафт, Ногуфта ҳазорон сухани меҳру вафо рафт... Шумо рафтед, ҷое рафтед, ки бозгашт надорад… Рафтед… моро ҷигархун кардеду рафтед… Ҳоло забон лол аст, ҳарфе намеёбем, ки ба ҷигарбандони азизатон гӯем, то андаке бошад ҳам, дардашонро сабуктар кунад. Аммо…